Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Москва
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 сентябри соли 2001 Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Москва таъсис дода шавад.
2. Рӯйхати штатӣ ва бароварди (сметаи) замимагардидаи хароҷоти нигоҳдории Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия тасдиқ карда шавад,
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷотро барои нигоҳдории Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия барои 4 моҳи соли 2001 аз ҳисоби маблағҳое, ки барои фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, ҷудо намуда, ҳамчунин хароҷотҳои дахлдорро барои нигоҳдории онҳо дар соли 2002 ва солҳои минбаъда пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 13 сентябри соли 2001 № 440
ш. Душанбе