Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001, № 431 "Дар бораи Сирки давлатии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Сирки давлатии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори ташкилӣ, ҳифз ва инкишофи намудҳо ва жанрҳои шавқовари ҳунари мардумӣ, истифодаи васеи дастовардҳои санъати муосири сиркӣ, эҳёи мактаби сирки миллӣ ва мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Иттиҳодияи давлатии "Тоҷиксирк" минбаъд Сирки давлатии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар хусуси эҳёи санъати сирки тоҷик бо истифодаи анъанаҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас таҳия намояд;

- таълими мутахассисони санъати сиркро тавассути таъсиси студияи назди Сирки давлатии Тоҷикистон татбиқ намояд;

- таҳияи барномаи нави махсусро барои намоиш додан ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз ҳудуди он таъмин намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳое, ки барои Вазорати фарҳанг пешбинӣ мешаванд, аз рӯи имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ барои нигоҳдошти Сирки давлатии Тоҷикистон дар солҳои 2002-2004 дотасия пешбинӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э.Раҳмонов

аз 7 сентябри соли 2001 № 431

ш. Душанбе