ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими сохтори мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.08.2003с. № 359)
Бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ва бо назардошти талаботи ҷумҳури ба кадрҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз соли хониши 2001-2002 cap карда қабули донишҷӯён бо ихтисоси 0211 - "Ҳуқуқшинос" танҳо дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аз рӯи ихтисоси 021104-Ҳуқуқи тиҷорат), Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Тоҷикистон, Донишкадаи андозу ҳуқуқи Тоҷикистон (фақат бо ихтисоси ҳуқуқшиноси андозу гумрук) иҷозат дода шавад ва мутобиқи ин ба ихтисоси мазкур дар дигар мактабҳои оли ва миёнаи махсус (коллеҷҳо, техникумҳо, омӯзишгоҳҳо) қабули донишҷӯён ва хонандагон манъ карда шавад
Тайёр кардани омӯзгорони асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба зиммаи донишгоҳҳои давлатии омӯзгории ҷумҳури гузошта шавад.
2. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруг ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи озоди шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомони, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум, Донишгоҳи гуманитарии муосири Россия-Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи технологи дар шаҳри Исфара ва дигар муассисаҳои таълими миёнаи махсус (коллеҷҳо, техникумҳо, омӯзишгоҳҳо) аз моҳи июли соли 2001 қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои соҳаи иқтисоди манъ карда шавад.
3. Ба ҳамаи донишҷӯёну хонандагоне, ки аз рӯи ихтисосҳои дар боло номбаршуда таҳсил доранд, имконияти ба итмом расонидани таҳсил дода шавад.
4. Қабули донишҷӯёну хонандагон ба коллеҷҳои дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода будаи Донишгоҳи давлатии кишоварзии Тоҷикистон, филиали дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, филиали дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум, Коллеҷи саноеи ороиши ва ҳунарҳои халқии шаҳри Истаравшан, Коллеҷи иқтисодии шаҳри Панҷакент ба сабаби муҳайё набудани пояи зарурии модди-техники илми-методи, омӯзгорони баландихтисосу соҳибунвон аз рӯи ихтисосҳои мавҷуда ва ба талаботи Стандарти давлатии маълумоти оли ва миёнаи касби ҷавобгӯ набуданашон манъ карда шуда, фаъолияти онҳо баъди хатми донишҷӯёну хонандагони мавҷуда (курсҳои 2-юм ва боло) қатъ карда шавад.
5. Мактаби олии таҷрибавии техникии шаҳри Исфара аз сохтори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осими бароварда шавад ва аз 1 сентябри соли 2001 дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба Коллеҷи технологии шаҳри Исфара табдил дода шавад.
6. Ба коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд, Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе, Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа, Коллеҷи кӯҳию металлургии шаҳри Чкаловск, Коллеҷи технологии шаҳри Исфара, Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар, Коллеҷи агросаноатии ноҳияи Мастчоҳ танҳо ҳуқуқи тайёр кардани мутахассисони хурд дода шавад.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои дар якҷояги бо вазоратҳои маориф, иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва мақоми мутахассиси хурд, бакалавр ва магистрро муайян кунанд ва то 1 октябри соли 2001 барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 июли соли 2001 № 342
ш. Душанбе