Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001, № 275 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, № 479"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 611 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, № 479

Бо мақсади такмил додани сохтори дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба низом даровардани сохти идоравӣ дар мақомоти мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, № 479 "Масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикисгон" тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

дар банди 2 калимаи "генералҳо-3" ба калимаи "генералҳо-5" иваз карда шавад;

дар банди 3 калимаи "4 (чор)" ба калимаи "5 (панҷ)" иваз карда шавад.

2. Ба Низомнома:

дар банди 3, баъди калимаҳои "Хоҷагии аграрӣ-истеҳсолии "Наҷот" калимаҳои "корхонаи интишорӣ", баъди калимаҳои "қисмҳои ҳарбӣ" калимаҳои "ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, ш. Роғун, ш. Норак", ки дар асоси принципҳои ҳисобу китоби пурраи хоҷагидорӣ амал мекунанд, илова карда шавад;

ба банди 6 сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:

"ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, ш.Рогун ва ш.Норак вазифаҳои роҳбарии воҳидҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ ва истихроҷи газро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба анҷом додани чорабиниҳои махсус, барои фаъолияти устувори корхонаҳои истихроҷи куҳӣ дар вазъияти фавқулодда мувофиқи шартномаҳо анҷом медиҳанд".

3. Ба нақшаи идоракунии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд, ш. Норак, ш. Рогун".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 12 июни соли 2001 № 275

ш. Душанбе