Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001, № 254 "Дар бораи ворид намудани илова ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба банди 5 Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.1999 № 441 тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як ҳафтаи баъди аз воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ гирифтани варақаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор барои бақайдгирии ҳарбӣ ва ё аз қайди ҳарбӣ баровардани воситаҳои нақлиёт маълумотҳоро дар бораи ба қайд гирифтан, ворид намудани тағйиротҳо дар маълумотҳои бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиётие, ки мутобиқи номгӯйи аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда барои ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои низомӣ ва мақомот, ҳамчунин ба сохторҳои махсуси дар давраи ҷанг таъсисшаванда бояд дода шаванд, муайян шудаанд, пешниҳод менамоянд."

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 11 июни соли 2001 № 254

ш. Душанбе