Низомнома дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4 июли соли 2003, № 313

Санаи амалкуни: 09.08.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2016 № 178 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2003 № 313

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2007 № 466, аз 9.08.2014 № 538)

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд Комиссия номида мешавад) мақомоти доимоамалкунанда буда, дар Комиссия тарафи Тоҷикистонро намояндагӣ менамояд ва кори худро тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои миллӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

2. Қисми тоҷикистоиии Комиссия фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

ҳамоҳангсозии таҳияи комплексӣ ва бо вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссия мувофиқа намудани таклифҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафа дар соҳаи сохтан, истеҳсол ва истифодаи аслиҳаву техникаи ҳарбӣ барои баррасии Комиссия пешниҳод намудани онҳо;

фаъолияти вазорату, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои қарорҳо ва тавсияномаҳои Комиссия дар масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад.

II. Вазифаҳои қисми тоҷикистонии Комиссия

3. Қисми тоҷикистонии Комиссия:

а) таклифҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссияро баррасӣ менамояд, барои маърӯза ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баён менамоянд, оид ба масъалаҳои зерин таҳияи маводро ташкил мекунад;

ҳамохангсозии корҳо оид ба наздик намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи танзими масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ;

муайян намудани самтҳои асосӣ дар соҳаи коркард, истеҳсол, навсозӣ ва таъмири техникаи ҳарбӣ ва аслиҳа дар корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мувофиқа намудани сиёсати иқтисодӣ ва илмиву техиикии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи саноати мудофиа;

махсусгардонӣ ва мусоидат ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маснуоти такмилдиҳанда ва қисмҳои эҳтиётӣ;

стандартизатсия ва яксон намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, инчунин таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсоли онҳо;

таҳияи таклифу тавсияхо оид ба якҷоя гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

тарҳрезии муштарак ва ташкили истеҳсоли маснуоти алоҳидаи техникаи ҳарбӣ бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба нигоҳ доштан ва ннкишофи иқтидорҳои сафарбарӣ;

истифодаи комёбиҳои дар соҳаи истеҳсоли техникаи ҳарбӣ бадастомада дар истеҳсоли маҳсулоти таъиноти умумӣ;

таҳияи тавсияномаҳо оид ба танзими ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва масъалаҳои баҳсталаб барои тақвил ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ байни вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

б) таҳияи лоиҳаҳо ва амалӣ гаштани созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи саноати мудофиа ҳамоханг месозад;

в) бо вазоратҳои манфиатдор ва идораву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳалли масъалаҳои асосии ҳамкории ҳарбиву иқтисодӣ иштирок доранд, ҳамкорӣ менамояд;

г) муносибатҳои кориро бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ мемонад ва ривоҷ медиҳад.

III. Ҳуқуқҳои қисми тоҷикистонии Комиссия

4. Барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, қисми тоҷикистонии Комиссия ҳуқуқ дорад:

оид ба масьалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ дар соҳаи саноати мудофиавӣ таклифҳо таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташудаи алоқаманд, таклифҳо пешниҳод намояд;

аз рӯи аҳду паймон бо қисмҳои миллии Комиссия мақомоти кории (гурӯҳи корӣ) доимӣ ва муваққатии муштарак, ҳангоми зарурат бошад, гурӯҳҳои кории мақсадноки мутахассисонро ташкил намояд;

аз вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи таҳлилию зарурӣ ва иттилооти дигарро, ки ба салоҳияти он дохил аст, бо тартиби муқарраргаршуда ба даст орад;

бо иштироки коршиносони вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндаҳои доираҳои коршиносони тоҷик маҷлисҳо барпо намояд;

бо тартиби муқарраргардида ё бо мусоидати намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҳукуматӣ ё ғайриҳукуматии давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории дутарафа ва бисёртарафа бо фаъолияти Комиссия алоқаманд, муроҷиат намояд;

вазоратҳо, идираҳо ва намояндаҳои манфиатдори доираҳои коршиносони тоҷикро барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои созишномаҳо, қарорҳо ва тавсияномаҳои дахлдори ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷалб намояд;

аз намояндаҳои вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираҳои коршиносони тоҷик барои таҳияи масъалаҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ дар соҳаи саноати мудофиавӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, тартиби фаъолияташонро муайян намояд;

5. Масъалаҳое, ки гурӯҳҳои корӣ таҳия менамоянд, дар маҷлисҳои қисми тоҷикистонии Комиссия баррасӣ гардида, дар шакли протоколҳои ин маҷлисҳо ба расмият дароварда мешаванд.

6. Оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис ба тарзи оддӣ аз рӯи аксарияти овозҳои аъзои қисми тоҷикистонии Комиссия қарор қабул карда мешавад.

Қарорҳои қабулшударо Раиси қисми тоҷикистонии Комиссия (дар вақти ҳозир набуданаш-муовини Раис) имзо мекунад.

IV. Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссия ва ташкили кори он

7. Раис ва ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

8. Раиси қисми тоҷикистонии Комиссия:

ба маҷлисҳои қисми тоҷикистонии Комиссия роҳбарӣ мекунад;

корҳои қисми тоҷикистонии Комиссия, инчунин котиботи қисми тоҷикистонии Комиссияро ташкил менамояд;

ӯҳдадориҳоро дар байни аъзои қисми тоҷикистонии Комиссия тақсим намуда, масъулонро барои таҳияи масъалаҳое, ки аз супоришу вазифаҳои ба зиммаи қисми тоҷикистонии Комиссия гузошташуда мебароянд, таъин мекунад;

дар маҷлисҳои Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ, инчунин мақомот ва сохторҳое, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шудаанд, қисми тоҷикистонии Комиссияро намояндагӣ менамояд;

бо Ситоди оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ менамояд;

ҳар сол (на дертар аз феврал) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти қисми тоҷикистонии Комиссия бо таклифҳо роҷеъ ба инкишофи ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ, инчунин протоколҳои маҷлисҳо ҳисобот пешниҳод мекунад;

тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми тоҷикистонии Комиссия дигар вазифаҳоро иҷро мекунад.

9. Таъмини ташкиливу методии фаъолияти қисми тоҷикистонии Комиссия ва гурӯҳи кории онро котиботи қисми тоҷикистонии Комиссия амалӣ менамояд.

V. Ташкили фаъолияти қисми тоҷикистонии Комиссия

10. Маҷлиси қисми тоҷикистонии Комиссия тибқи нақшаи корӣ аз рӯи зарурат, лекин одатан соле на камтар аз 4 маротиба гузаронида мешавад.

11. Ба нақшаи корӣ масъалаҳое, ки қисми тоҷикистонии Комиссия ва гурӯҳҳои корӣ бояд баррасӣ намоянд, бо нишон додани тартиб ва мӯҳлати таҳия ва баррасии онҳо, номгӯй ва мӯҳлати пешниҳоди мавод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё котиботи Комиссия дохил карда мешаванд.

12. Қисми тоҷикистонии Комиссия ҳар сол натиҷаҳои фаълияташро баррасӣ намуда, маърӯзаро дар бораи ба корҳои иҷрошудаи соли сипаригашта тасдиқ менамояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2003 № 313

тасдиқ шудааст

Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз рӯи вазифа)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.08.2014 № 538)

Раиси Комиссия: - муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси - муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии

Комиссия: Тоҷикистон - сардори Раёсат оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

Аъзои Комиссия: - сардори шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини ҳуқуқии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Раёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовими сардори Раёсати буҷетҳои мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сармутахассиси Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори шӯъбаи тайёрии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2003 № 313

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2007с. № 466)

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд Комиссия номида мешавад) мақомоти доимоамалкунанда буда, дар Комиссия тарафи Тоҷикистонро намояндагӣ менамояд ва кори худро тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои миллӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

2. Қисми тоҷикистоиии Комиссия фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

ҳамоҳангсозии таҳияи комплексӣ ва бо вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссия мувофиқа намудани таклифҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафа дар соҳаи сохтан, истеҳсол ва истифодаи аслиҳаву техникаи ҳарбӣ барои баррасии Комиссия пешниҳод намудани онҳо;

фаъолияти вазорату, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои қарорҳо ва тавсияномаҳои Комиссия дар масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад.

II. Вазифаҳои қисми тоҷикистонии Комиссия

3. Қисми тоҷикистонии Комиссия:

а) таклифҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои миллии Комиссияро баррасӣ менамояд, барои маърӯза ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкории ҳарбию иқтисодии бисёртарафа ва дутарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баён менамоянд, оид ба масъалаҳои зерин таҳияи маводро ташкил мекунад;

ҳамохангсозии корҳо оид ба наздик намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи танзими масъалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ;

муайян намудани самтҳои асосӣ дар соҳаи коркард, истеҳсол, навсозӣ ва таъмири техникаи ҳарбӣ ва аслиҳа дар корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мувофиқа намудани сиёсати иқтисодӣ ва илмиву техиикии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи саноати мудофиа;

махсусгардонӣ ва мусоидат ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маснуоти такмилдиҳанда ва қисмҳои эҳтиётӣ;

стандартизатсия ва яксон намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, инчунин таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсоли онҳо;

таҳияи таклифу тавсияхо оид ба якҷоя гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

тарҳрезии муштарак ва ташкили истеҳсоли маснуоти алоҳидаи техникаи ҳарбӣ бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба нигоҳ доштан ва ннкишофи иқтидорҳои сафарбарӣ;

истифодаи комёбиҳои дар соҳаи истеҳсоли техникаи ҳарбӣ бадастомада дар истеҳсоли маҳсулоти таъиноти умумӣ;

таҳияи тавсияномаҳо оид ба танзими ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва масъалаҳои баҳсталаб барои тақвил ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ байни вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

б) таҳияи лоиҳаҳо ва амалӣ гаштани созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи саноати мудофиа ҳамоханг месозад;

в) бо вазоратҳои манфиатдор ва идораву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳалли масъалаҳои асосии ҳамкории ҳарбиву иқтисодӣ иштирок доранд, ҳамкорӣ менамояд;

г) муносибатҳои кориро бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ мемонад ва ривоҷ медиҳад.

III. Ҳуқуқҳои қисми тоҷикистонии Комиссия

4. Барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, қисми тоҷикистонии Комиссия ҳуқуқ дорад:

оид ба масьалаҳои ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ дар соҳаи саноати мудофиавӣ таклифҳо таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташудаи алоқаманд, таклифҳо пешниҳод намояд;

аз рӯи аҳду паймон бо қисмҳои миллии Комиссия мақомоти кории (гурӯҳи корӣ) доимӣ ва муваққатии муштарак, ҳангоми зарурат бошад, гурӯҳҳои кории мақсадноки мутахассисонро ташкил намояд;

аз вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи таҳлилию зарурӣ ва иттилооти дигарро, ки ба салоҳияти он дохил аст, бо тартиби муқарраргаршуда ба даст орад;

бо иштироки коршиносони вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндаҳои доираҳои коршиносони тоҷик маҷлисҳо барпо намояд;

бо тартиби муқарраргардида ё бо мусоидати намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҳукуматӣ ё ғайриҳукуматии давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории дутарафа ва бисёртарафа бо фаъолияти Комиссия алоқаманд, муроҷиат намояд;

вазоратҳо, идираҳо ва намояндаҳои манфиатдори доираҳои коршиносони тоҷикро барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои созишномаҳо, қарорҳо ва тавсияномаҳои дахлдори ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷалб намояд;

аз намояндаҳои вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираҳои коршиносони тоҷик барои таҳияи масъалаҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ дар соҳаи саноати мудофиавӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, тартиби фаъолияташонро муайян намояд;

5. Масъалаҳое, ки гурӯҳҳои корӣ таҳия менамоянд, дар маҷлисҳои қисми тоҷикистонии Комиссия баррасӣ гардида, дар шакли протоколҳои ин маҷлисҳо ба расмият дароварда мешаванд.

6. Оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи маҷлис ба тарзи оддӣ аз рӯи аксарияти овозҳои аъзои қисми тоҷикистонии Комиссия қарор қабул карда мешавад.

Қарорҳои қабулшударо Раиси қисми тоҷикистонии Комиссия (дар вақти ҳозир набуданаш-муовини Раис) имзо мекунад.

IV. Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссия ва ташкили кори он

7. Раис ва ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

8. Раиси қисми тоҷикистонии Комиссия:

ба маҷлисҳои қисми тоҷикистонии Комиссия роҳбарӣ мекунад;

корҳои қисми тоҷикистонии Комиссия, инчунин котиботи қисми тоҷикистонии Комиссияро ташкил менамояд;

ӯҳдадориҳоро дар байни аъзои қисми тоҷикистонии Комиссия тақсим намуда, масъулонро барои таҳияи масъалаҳое, ки аз супоришу вазифаҳои ба зиммаи қисми тоҷикистонии Комиссия гузошташуда мебароянд, таъин мекунад;

дар маҷлисҳои Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ, инчунин мақомот ва сохторҳое, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шудаанд, қисми тоҷикистонии Комиссияро намояндагӣ менамояд;

бо Ситоди оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ менамояд;

ҳар сол (на дертар аз феврал) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти қисми тоҷикистонии Комиссия бо таклифҳо роҷеъ ба инкишофи ҳамкории ҳарбию иқтисодӣ, инчунин протоколҳои маҷлисҳо ҳисобот пешниҳод мекунад;

тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми тоҷикистонии Комиссия дигар вазифаҳоро иҷро мекунад.

9. Таъмини ташкиливу методии фаъолияти қисми тоҷикистонии Комиссия ва гурӯҳи кории онро котиботи қисми тоҷикистонии Комиссия амалӣ менамояд.

V. Ташкили фаъолияти қисми тоҷикистонии Комиссия

10. Маҷлиси қисми тоҷикистонии Комиссия тибқи нақшаи корӣ аз рӯи зарурат, лекин одатан соле на камтар аз 4 маротиба гузаронида мешавад.

11. Ба нақшаи корӣ масъалаҳое, ки қисми тоҷикистонии Комиссия ва гурӯҳҳои корӣ бояд баррасӣ намоянд, бо нишон додани тартиб ва мӯҳлати таҳия ва баррасии онҳо, номгӯй ва мӯҳлати пешниҳоди мавод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё котиботи Комиссия дохил карда мешаванд.

12. Қисми тоҷикистонии Комиссия ҳар сол натиҷаҳои фаълияташро баррасӣ намуда, маърӯзаро дар бораи ба корҳои иҷрошудаи соли сипаригашта тасдиқ менамояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2003 № 313

тасдиқ шудааст

Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Раиси Комиссия: - муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонсардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Комиссия: - сармутахассиси Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

аъзои Комиссия: - сардори Идораи қувваҳо ва тайёрии аҳолии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Идораи аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Шӯъбаи рушди саноати мудофиаи электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сардори Шӯъбаи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Идораи робитаҳои байналхалқию ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Шӯъбаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини сардори Идораи оид ба назорати риояи талаботи қонунгузорӣ дар муҳити ҳифзи асрори давлатии Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Шӯъбаи ҳамкории бисёртарафа бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сардори Идораи назорати давлатӣ барои риоя намудани стандартҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди (Тоҷикстандарт) Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Завод Заря Востока".