Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомнома ва ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Бо мақсади минбаъд инкишоф ва тақвият додани ҳамкории бисёртарафаи ҳарбию иқтисодӣ ва илмиву техникии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардида дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ карда шавад.
2. Ҳайати замимагардидаи қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иктисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули ҳамин қарор огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июли соли 2003 № 313
ш. Душанбе