Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июли соли 2002 №290
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ ТАШХИСИ ТИББИИ ҲАРБӢ
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ташхиси тиббии ҳарбӣ дар замони осоишта ва ҷанг дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ), мақомоти корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати пардохтҳо ва даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (СҚМҲҲ) бо мақсади муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-шаҳрвандон) аз рӯи вазъи саломатӣ, ҳамчунин муайян намудани сабаби алоқамандии маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳои шаҳрвандони бо адо намудани хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) аз тарафи онҳо ва хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (минбаъд-алоқамандии сабабии маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюъбшавӣ) ё беморӣ амҷом дода мешавад.
2. Барои гузаронидани ташхиси тиббии ҳарбӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияҳои тиббии ҳарбии штатӣ (минбаъд-КТҲ). Комиссияҳои ҳарбии парвозӣ (минбаъд-КҲП) бо озмоишгоҳҳои психофизиологӣ (мннбаъд-ОПФ) таъсис дода мешаванд.
Кормандони сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мувофиқа бо роҳбарони вазорату идораҳо ташхиси тиббии ҳарбиро дар Комиссияҳои тиббии ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.
3. Ба зиммаи КТҲ-ҳои штатӣ вогузор карда мешавад:
а) ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббии (минбаъд-муоина):
-шаҳрвандоне, ки ба тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват (дохил) мешаванд;
-шаҳрвандоне, ки ба СҚМҲҲ ба хизмат даъват (дохил) мешаванд;
-хизматчиёни ҳарбӣ;
-ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
-шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии маълумоти миёна (пурра) бо барномаи таълимии иловагӣ оид ба тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мард - литсейҳои ҳарбӣ дохил мешаванд;
-шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии маълумоти касбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ (минбаъд-муассисаҳои таҳсилоти ҳарбӣ) дохил мешаванд;
-шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии маълумоти касбии миёна ва олии ВКД ва дигар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (минбаъд - муассисаҳои таълимӣ) дохил мешаванд;
-шаҳрвандоне, ки дар литсейҳои ҳарбӣ таҳсил мекунанд;
-шаҳрвандоне, ки аз рӯи барномаи тайёр намудани афсарони эҳтиётӣ дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии маълумоти касбии олӣ таҳсил мекунанд;
-шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшунҳои дигар ва сохторҳои ҳарбӣ мебошанд;
-шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват мешаванд;
-шаҳрвандоне, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро адо мекунанд;
-шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд;
-шаҳрвандоне, ки дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат кардаанд;
-шаҳрвандоне, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро адо кардаанд;
-аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ (ба ғайр аз аъзои оилаи аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо, ки хизмати ҳарбиро бо даъват адо мекунанд);
-аъзои оилаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (СҚМҲҲ);
б) назорати ташкил, гузаронидан ва натиҷаҳои кори табобатию ташхисӣ дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар, ки дар онҳо мувофиқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дар муассисаҳои табобатию профилактикии системаи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ташхиси тиббӣ, табобат ва муоинаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторию роҳбарикунандаи СҚМҲҲ, инчунин дар муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ташхис (мушоҳида) ва табобати шаҳрвандон ҳангоми бори аввал ба қайди ҳарбӣ гузоштан ва ба хизмати ҳарбӣ даъват (дохил) шудан гузаронида мешавад:
в) муайян намудани алоқамандии сабабҳои маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторию роҳбарикунандаи СҚМҲҲ, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо карданд, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро дар СҚМҲҲ адо кардаанд, инчунин маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳое, ки боиси марги (ҳалокати) хизматчиёни ҳарбию шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи СҚМҲҲ гардиданд;
г) муайян намудани дараҷаи вазнинии маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳои хизматиёни ҳарбӣ, шахсони қаторию ҳайати роҳбарикунандаи СҚМҲҲ;
д) муайян намудани қобилияти хизмати ҳарбии шаҳрвандон аз рӯи вазъи саломатӣ дар СҚМҲҲ ва дар лаҳзаи рухсатшавии онҳо аз хизмати ҳарбӣ аз СҚМҲҲ:
е) таҳияи илмии масъалаҳои ташхиси тиббии ҳарбӣ;
ж) тайёрии духтурон - мутахассисон оид ба ташхиси тиббии ҳарбӣ дар заминаи муассисаҳои тиббии ҳарбӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
з) назорати аз рӯи асоснок додани ҳуҷҷатҳо дар бораи маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳои гирифторшудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторию роҳбарикунандаи СҚМҲҲ дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ва хизмат, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ба рухсатшавӣ ва ҳамчунин қарор дар бораи сабаби вафот (ҳалокат) вобаста ба анҷом додани фаъолияти хизматӣ овардааст.
4. Таҳти мафҳуми муоина-омӯхтан ва баҳодиҳии вазъи саломатӣ, рушди рӯҳӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон дар лаҳзаи муоина бо мақсади муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ будани онҳо, таҳсил (хизмат) оид ба ихтисоси ҳарбию бақайдгирӣ, хизмат дар СҚМҲҲ, ва ҳалли масъалаҳои дигаре, ки дар ҳамин Низомнома пешбинӣ шудаанд, бо пешниҳод намудани хулосаи хаттӣ фаҳмида мешавад.
Муоинаи ғоибона манъ аст, агар тартиби дигаре бо ҳамин Низомнома пешбинӣ нашуда бошад.
5. Тартиби таъсис, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои КТҲ (КҲП), тартиби татбиқи ҳамин Низомнома дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, СҚМҲҲ ва ҳамчунин тартиби барасмиятдарорӣ, баррасӣ ва тасдиқи хулосаҳои КТҲ (КҲП)-ро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар онҳо мутобиқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, муайян менамоянд.
6. Хулосаи КТҲ (КҲП) мутобиқи Рӯйхати бемориҳо ва ҷадвали талаботи иловагӣ ба вазъи саломатии шаҳрвандон (Замимаҳои №1,2) аз рӯи аксари овозҳои аъзоёни КТҲ (КҲП)-и дар маҷлис иштироккунанда бароварда мешавад.
Ҳайати парвозкунандаи авиатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати парвозкунандаи дар эҳтиётбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии оид ба тайёр намудани ҳайати парвозкунанда, шаҳрвандоне, ки ба ин муассисаҳои таълимии ҳарбӣ дохил мешаванд, тариқи КҲП-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Низомномаи муоинаи тиббии ҳайати парвозкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муоина мешаванд.
7. Хулоса ва қарори КТҲ (КҲП)-ҳои ғайриштатӣ бе тасдиқи КҲП-и штатӣ эътибор надорад.
Хулосаи КТҲ дар давоми сол аз лаҳзаи муоина эътибор дорад, агар тартиби дигаре дар ҳамин хулоса пешбинӣ нагардида бошад. Агар хулосаи КТҲ (КҲП) татбиқ нагардад ё дар вазъи саломатии шахси муоинашаванда тағйирот ба миён ояд, ки барои аз нав баррасӣ намудани хулосаи бароварда асос медиҳад, КТҲ (КҲП) муоинаи тиббии такрорӣ мегузаронад.
8. Барои гузаронидани муоинаи шаҳрвандоне, ки бори аввал ба қайди ҳарбӣ гузошта мешаванд, шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) даъват мешаванд, шаҳрвандоне, ки дар хизмати ҳарбӣ набуданд ва ба хизмати ҳарбӣ ба тартиби ихтиёрӣ дохил мешаванд, шаҳрвандоне, ки ба литсеи ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ дохил мешаванд, шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ мебошанд, бо қарори мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) бо пешниҳоди комиссари ҳарбии дахлдор духтурони мутахассис, ҳайати тиббии миёнаи муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустии ҶумҳурииТоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
9. Маблағгузории муоинаи тиббии шаҳрвандоне, ки ба иҷро гардидани ӯҳдадории ҳарбӣ вобаста мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад.
Музди миёнаи меҳнати духтурони мутахассис, ҳайати миёнаи тиббии муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандон даъват мешаванд, дар тамоми давраи иҷрои ин вазифаҳо нигоҳ дошта мешавад. Агар иштироки духтури мутахассис, ҳайати миёнаи тиббӣ дар муоина бо сафар намудан аз маҳалли истиқомати доимӣ алоқаманд бошад, пас хароҷоти сафари хизматӣ аз ҳисоби маблағҳои комиссариатҳои ҳарбии дахлдор аз рӯи меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда пардохта мешавад.
10. Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, оид ба тайёр намудани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботро ба вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд (дохил мешаванд) ва дар хизмати ҳарбӣ мебошанд, таҳия менамоянд.
Таҳти мафҳуми талаботҳо ба вазъи саломатии шаҳрвандон нишондиҳандаҳои тиббие, ки вазъи саломатӣ ва рушди ҷисмонии онҳоро тавсиф мекунанд ва дар асоси он категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани онҳо муайян карда мешавад, фаҳмида мешавад.
11. Тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи шахсоне, ки барои хизмат ба сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохил мешаванд, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аъзои оилаи онҳо ва шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд, аз тарафи вазорату идораҳои дахлдоре, ки дар онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, муайян карда мешавад.
II. Муоинаи шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ва даъват ба хизмати ҳарбӣ
12. Ташкили муоинаи шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ба зиммаи комиссияи ноҳиявӣ ё шаҳрии (бе тақсимоти ноҳиявӣ) ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ва ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ба комиссияи даъватии ноҳия, шаҳр (бе тақсимоти ноҳиявӣ) вогузор карда мешавад.
13. То гузаронидани муоинаи шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ҳар сол муоина (азназаргузаронии тиббӣ) ва ҳамчунин чорабиниҳои табобатию беҳдоштӣ ва эмкуниҳои профилактикӣ, ки аз тарафи идораҳою шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии ҳифзи сиҳати системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи вазорати номбурда гузаронида мешавад, анҷом дода мешавад. Маблағгузории гузаронидани чорабиниҳои табобатию беҳдоштии байни шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан аз ҳисоби маблағҳои иловагие, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ҷудо менамоянд, сурат мегирад.
14. Муассисаҳои тиббӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идорӣ дар мӯҳлати 10 рӯз мувофиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ нусхаи дафтарчаи амбулаторӣ ва таърихи бемориро бо нишондоди натиҷаҳои усулҳои иловагии таҳқиқот, ки вазъи саломатии шаҳрвандро ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ва даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сурати ошкор гардидани дигаргунӣ дар вазъи саломатӣ муайян мекунад, пешниҳод мекунанд.
15. Бо роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ шаҳрвандон то муоина, таҳқиқоти ҳатмии ташхисиро бо тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.
16. Муоинаи шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ва даъват ба хизмати ҳарбӣ аз тарафи духтурони мутахассис: ҷарроҳ, терапевт, невропатолог, психиатр, окулист, оториноларинголог, стоматолог ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз тарафи духтурони соҳаҳои дигар гузаронида мешавад.
Ҳайати шахсии духтурони мутахассис ва ҳайати миёнаи тиббӣ, ки бо роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, бо пешниҳоди комиссари ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз тарафи Раиси ноҳия (шаҳр) тасдиқ карда мешавад.
17. Духтур-мутахассис мувофиқи натиҷаҳои муоинаи шаҳрванд ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ё ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ дар бораи қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯ аз рӯи категорияҳои зерин хулоса пешниҳод мекунад:
"Қ"-қобили хизмати ҳарбӣ будан;
"ҚМҶ"-қобили хизмати ҳарбӣ будан бо маҳдудияти ҷузъӣ;
"ҚМ"-қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ будан (ғайри қобил будан ба хизмати ҳарбӣ дар замони осоишта, қобили хизмати ғайрисафӣ будан дар замони ҷанг);
"МҚН"-муваққатан қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ;
"ПҚН"-пурра қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ (бо хориҷ намудан аз қайди ҳарбӣ).
Барои шаҳрвандоне, ки қобили хизмати ҳарбӣ эътироф шудаанд ё бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ қобили хизмати ҳарбӣ мебошанд, мутобиқи Рӯйхати бемориҳо ва Ҷадвали талаботи иловагӣ оид ба вазъи саломатии шаҳрвандон нишондиҳандаи таъинот барои адои хизмати ҳарбӣ муайян карда мешавад.
18. Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ё комиссияи даъватӣ, дар ҳолати дар ҷояш ғайриимкон будани додани хулосаи тиббӣ дар бораи қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд метавонад ӯро ба муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муоинаи тиббии амбулаторӣ ё статсионарӣ, барои аниқ намудани ташхиси беморӣ ё барои табобат фиристонад. Баробари баохиррасии муоинаи тиббии (табобати) шаҳрванд санади таҳқиқоти вазъи саломатии ӯ бо шакли муайяннамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда тартиб дода мешавад.
Тартиби барасмиятдарории хулосаи духтур-мутахассисро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
19. Ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштан ё даъвати шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, дар ҳолате ки ин шаҳрванд ба муоинаи (табобати) давомдори тиббӣ (зиёда аз 3 моҳ) зарурат дорад, дар бораи ба мӯҳлати аз 6 то 12 моҳ муваққатан ба хизмати ҳарбӣ қобил набудани ӯ (дар замони ҷанг аз 3 то 12 моҳ) хулоса бароварда мешавад. Баъди ба охир расидани муоинаи (табобати) тиббӣ шаҳрванд аз муоинаи такрорӣ мегузарад ва дар ҳолати мувофиқатии вазъи саломатӣ метавонад ба хизмати ҳарбӣ даъват шавад.
Ҳангоми надоштани имконияти баохиррасонии муоинаи (табобати) тиббии шаҳрванд то анҷоми кори комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ё комиссияи даъватӣ (даъвати ҷорӣ ба хизмати ҳарбӣ) хулоса дар бораи муваққатан ба хизмати ҳарбӣ қобил набудани ӯ бароварда намешавад. Дар ин ҳолат духтур-мутахассис хулоса медиҳад, ки шаҳрванд ба муоинаи (табобати) тиббӣ эҳтиёҷ дорад ва мӯҳлати ба муоинаи такрорӣ ҳозир шуданро сабт менамояд.
Бо гузаштани мӯҳлати муваққатан ба хизмати ҳарбӣ қобил набудани шаҳрванд, дар бораи категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯ хулосаи қатъӣ бароварда мешавад.
20. Шаҳрванде, ки ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани ӯ ё даъват ба хизмати ҳарбӣ муваққатан ба хизмати ҳарбӣ қобил набудан дониста шудааст, дар ҳолати рад намудан ё саркашӣ намуданаш аз муоинаи (табобати) тиббӣ бояд баъди 6 моҳ аз муоинаи такрорӣ гузарад. Агар дар вақти муоинаи такрорӣ дар вазъи саломатии шаҳрванд бадшавӣ, ё ки аломатҳои аёнӣ маъюбшавӣ (ҷароҳат, контузия) ё бемориҳое, ки барои даъват ба хизмати ҳарбӣ монеа мешаванд, маълум нагарданд, он шаҳрванд қобили хизмати ҳарбӣ ё қобили хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ ҳисобида мешавад.
21.Роҳбарони мақомоти идораи тандурустӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ барои гузаронидани муоинаи (табобати) тиббии саривақтии шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои иловагие, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҷудо менамоянд, чораҳо меандешанд.
22. Шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, бевосита пеш аз ба маҳали хизмат фиристода шуданашон, бо мақсади истиснои ҳолатҳои патологӣ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Шаҳрвандоне, ки мӯҳлати таъхир гирифтаанд ё аз даъват ба хизмати ҳарбӣ бо вазъи саломатӣ озод карда шудаанд, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дар бораи розӣ набудани худ оид ба қарори нисбати онҳо баровардаи комиссияи даъватии вилоятӣ, ноҳияҳо, шаҳрҳо (бе тақсимоти ноҳиявӣ) дар бораи категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будан ариза навиштаанд, аз муоинаи тиббии санҷишӣ мегузаранд, ки он ба зиммаи Комиссияи марказии тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Ба азназаргузаронии тиббӣ ва муоинаи санҷишӣ ҳамон духтурони мутахассис, ки дар банди 16 ҳамин Низомнома нишон дода шудаанд, ҷалб карда мешаванд. Ҳайати шахсии духтурони мутахассис ва ҳайати миёнаи тиббӣ ба комиссияи назоратии тиббӣ бо фармони раисони ноҳияҳо тасдиқ карда мешаванд.
Агар дар вазъи саломатии шаҳрванд, ҳангоми назорати тиббӣ ё муоинаи санҷишӣ пеш аз фиристодан ба маҳалли хизмат тамоюле, ки категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯро тағйир медиҳад, ошкор гардад, Комиссияи марказии тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори комиссияи даъватии ноҳия, шаҳрро (бе тақсимоти ноҳиявӣ)-ро бекор карда, қарори худро мебарорад ва дар ин бора шаҳрванд ва комиссияи даъватиеро, ки қарори он бекор карда шудааст, хабар медиҳад.
23. Барои таъмини муттасилӣ дар муоинаи тиббии шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст (дохил шудааст), комиссариатҳои ҳарбии ноҳияю шаҳрҳо (бе тақсимоти ноҳиявӣ) ба қисми ҳарбӣ варақаи иловагиро ба дафтарчаи тиббии бемории амбулаторӣ (намунаи баҳисобгирии №025-1/у) мефиристанд. Дафтарчаи тиббиро духтурон-мутахассисон ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрванд, даъват ба хизмати ҳарбӣ ва муоинаи тиббӣ пеш аз фиристодан ба маҳалли хизмат пур мекунанд, ки бо нақши мӯҳри комиссариати ҳарбӣ тасдиқ карда мешавад ва ба дафтарчаи баҳисобгирию хизматӣ ширеш карда, бо он хамроҳ нигоҳ дошта мешавад.
24. Шаҳрвандон ҳангоми ба ҷои хизмат омадан то қабул намудани қасами ҳарбӣ аз ҷониби мутахассисони комиссияи тиббии ҳарбӣ бо мақсади истиснои ҳолатҳои даъвати шаҳрвандон, ки бинобар вазъи саломатӣ пурра қобили хизмати ҳарбӣ намебошанд, аниқ намудани категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани онҳо, нишондиҳандаҳои таъинот барои адои хизмати ҳарбӣ ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз муоинаи амиқи тиббӣ мегузаранд.
Ба муоинаи тиббӣ духтурони мутахассис: ҷарроҳ, терапевт, невропатолог, психиатр, окулист, оториноларинголог, дерматовенеролог ва ғайра ҷалб карда мешаванд. Татқиқотҳои озмоишӣ ва таҷҳизотӣ мувофиқи нишондодҳои гирифташуда анҷом дода мешавад.
Агар дар натиҷаи муоинаи шаҳрвандон тамоюлҳо дар вазъи саломатии онҳо ошкор шавад, ки барои даъват ба хизмати ҳарбӣ монеа мешаванд ё категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯро тағйир медиҳанд, аз тарафи духтур-мутахассис варақаи муоинаи тиббӣ ба расмият дароварда мешавад, ки ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ баргардонида мешаванд.
25. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо даъват адо мекунанд ва бо вазъи саломатиашон пурра ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, мумкин аст баъди муоинаи статсионарӣ ва ҳангоми зарурат бошад, баъди табобат аз тарафи КТҲ пурра ғайри қобили хизмати ҳарбӣ ё қобили хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ дониста шаванд. Муоинаи амбулаторӣ танҳо ҳангоми мавҷудияти камбудиҳои маълуми ҷисмонӣ (набудани чашм, ангуштони даст ё по, камбудии устухони косахонаи сар, захмҳои калон баъди маъюбӣ, каҷшавӣ, кӯтоҳ гардидани дасту по ва ғайраҳо) иҷозат дода мешавад.
26. Комиссияи марказии тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо, шаҳрҳо (бе тақсимоти ноҳиявӣ) ҳолатҳо ва сабабҳои даъвати беасоси шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо вазъи саломатӣ ба ҳисоб гирифта, якҷоя бо мақомоти идораи тандурустӣ омӯхтани сабабҳоро таъмин менамоянд ва барои беҳтар намудани сифати муоина ва таҳқиқоти шаҳрвандоне, ки бояд бо даъват хизмати ҳарбиро адо намоянд, чораҳо меандешанд.
III. Муоинаи шаҳрвандоне, ки ба тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дохил мешаванд.
27. Ташкили муоинаи шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо намекунанд ва ба хизмати ҳарбӣ ба тартиби ихтиёрӣ дохил мешаванд, ба зиммаи комиссияҳои тиббии ҳарбии штатӣ (мутобиқи банди 2 ҳамин Низомнома) вогузор карда мешавад. Шаҳрвандон то муоинаи тиббӣ таҳқиқоти ҳатмии ташхисиро бо тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.
28. Барои ҳамаи шаҳрвандони нав ба хизмати ҳарбӣ қабулшаванда то шурӯъ гардидани муоинаи тиббӣ аз муассисаҳои табобатию профилактикии ҷои истиқомат, кор, таҳсил ё хизмат нусхаҳои муфассали дафтарчаи тиббии бемории амбулаторӣ, маълумоти таҳқиқоти диспансерӣ ва мушоҳидаи тиббӣ, хулосаи духтурон ва ҳуҷҷатҳои тиббии дигар, ки вазъи саломатии онҳоро дар мӯҳлати на камтар аз се соли охир нишон медиҳанд, инчунин маълумот аз диспансерҳои психоневрологӣ (бо нишондодҳо аз диспансерҳои зидди бемории сил, пӯсту зӯҳравӣ ва дигар диспансерҳо), аз муассисаҳои наркологӣ ва муассисаҳои табобатии дигар, барои хизматчиёни ҳарбии собиқе, ки хизмати ҳарбиро бо даъват адо кардаанд, бошад, нишондодҳои ҳуҷҷатҳои тиббии қисмҳои ҳарбҷ талаб карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки нав ба хизмати ҳарбӣ қабул мешаванд ва онҳое, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд, ӯҳдадоранд, ки билети ҳарбиро пешниҳод мамоянд. Дар билети ҳарбӣ ба фаслҳои зерин аҳамият дода мешавад: хулосаҳои комиссияҳои ҳарбии тиббӣ, маълумот дар бораи маъюбию контузияҳо, иштирок дар ҷангҳо ва сабабҳои рухсатшавӣ аз хизмати ҳарбӣ.
29. Шаҳрвандони нав ба хизмати ҳарбӣ қабулшаванда, ки барои онҳо маълумотҳои духтурӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тиббие, ки бадшавин вазъи саломатии онҳо ё мавҷуд будани ин ё он касалиро дар онҳо нишон медиҳанд, пешниҳод шудаанд, аз муоинаи комиссияи тиббии ҳарбӣ озод намешаванд. Ҳангоми шубҳанок будани маълумотҳои воқеии мушоҳидаи динамикии шахси муоинашаванда, КТҲ то пешниҳод намудани (баровардани) хулосаи ташхис онҳоро аниқ менамояд.
Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, ҳангоми зарурат барои аниқ намудани ташхиси беморӣ метавонад ба муоинаи амбулаторӣ ё статсионарӣ ба муассисаи тиббии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ фиристода шавад.
30. Муоинаи шаҳрвандонеро, ки бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, духтурони мутахассис; ҷарроҳ, терапевт, невропатолог, психиатр, окулист, оториноларинголог, стоматолог, дерматовенеролог ва дар ҳолати зарурат духтурони ихтисосҳои дигар анҷом медиҳанд. Занонро ба тартиби ҳатмӣ геникологҳо муоина менамоянд.
31. Хулосаи категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрвандони ба тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда мутобиқи банди 18 ҳамин Низомнома бароварда мешавад.
КТҲ, ҳангоми зарурат, инчунин дар бораи қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд дар намудҳои мушаххаси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адои хизмати ҳарбӣ дар маҳалҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди иқлимӣ ва экологӣ ё берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса пешниҳод менамояд.
Ҳангоми дар вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки дар адои хизмати ҳарбӣ нестанд ва онҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дохил шудаанд, мавҷуд будани бемориҳое, ки мутобиқи Рӯйхати бемориҳо баҳодиҳии инфиродӣ пешбинӣ шудааст, КТҲ дар бораи қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ - "ҚМ" будани шаҳрвандро пешниҳод мекунад.
Ҳангоми аз муоина даст кашидани шаҳрванд, КТҲ хулосаи зерин мебарорад: "Муоинаро рад намуд". Дар ҳисоботи КТҲ лозим аст, ки шахсони номбаршуда ба категорияи пурра қобил набудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ дохил карда шаванд.
IV. Муоинаи шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, литсейҳои ҳарбӣ дохил мешаванд
32. Ташкили муоинаи шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, литсейҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, мутобиқи банди 3 ҳамин Низомнома бо ҷалб намудани комиссариатҳои ҳарбии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ (бе тақсимоти ноҳиявӣ) сурат мегирад.
Бо роҳхати комиссариатҳоӣ ҳарбӣ шаҳрвандон то муоинаи тиббӣ таҳқиқоти ташхисии ҳатмиро тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.
33. Барои шаҳрвандони ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва литсейҳои ҳарбӣ дохилшаванда дафтарчаи тиббии муоина, ки шаклу мазмуни онро Рӯйхати бемориҳо муайян мекунад, пур карда мешавад.
Шаҳрвандони ба муассисаҳои таълими ҳарбӣ ва литсейҳои ҳарбӣ дохилшаванда муоинаи тиббиро дар ду давра мегузаранд: пешакӣ дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо, шаҳрҳо (бе тақсимоти ноҳиявӣ) ва охирин-дар Комиссияи марказии тиббии ҳарбии (КМТҲ) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
34. Шаҳрванди ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, литсеи ҳарбӣ дохилшаванда барои аниқ намудани ташхиси беморӣ мумкин аст ба муоинаи тиббии амбулаторӣ ё статсионарӣ фиристода шавад.
Татқиқотҳои номбаршудаи ташхисӣ ва муоинаи тиббии шаҳрвандони ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ дохилшаванда дар муассисаҳои табобатию профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тиббии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ анҷом дода мешаванд.
35. Муоинаи тиббии шаҳрвандони ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, литсейҳои ҳарбӣ дохилшавандарро духтурони мутахассис: ҷарроҳ, терапевт, невропатолог, психиатр, окулист, оториноларинголог, стоматолог, дерматовенеролог ва дар ҳолати зарурат духтурони ихтисосҳои дигар анҷом медиҳанд.
V. Муоинаи хизматчиённ ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар кӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ
36. Хулосаи категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбӣ ба хизмати ҳарбиро КТҲ мутобиқи банди 18 ҳамин Низомнома мебарорад.
Ҳангоми дар хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳои муассисаҳои таълими ҳарбӣ, ба ғайр аз онҳое, ки дар курси охирин таҳсил мекунанд, мавҷуд будани бемориҳое, ки мувофиқи Рӯйхати бемориҳо баҳодиҳии инфиродии қобили хизмати ҳарбӣ буданро пешбинӣ менамояд, КТҲ дар бораи қобили хизмати ҳарбӣ буданро мувофиқи категорияи "ҚМҶ"-қобили хизмати ҳарбӣ будан бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ хулоса мебарорад.
Афсарон, прапоршикҳо ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии қобил ба хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳои ҷузъӣ ё қобили хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳо донисташуда, барои хизмат дар Бригадаи ҳуҷумкунандаи десантӣ (минбаъд-БХД), иншооти махсус (минбаъд-ИМ), агар дар рӯйхати бемориҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ғайриқобил дониста мешаванд.
37. Хулоса дар бораи он ки хизматчии ҳарбӣ ба рухсатии беморӣ ё озодшавӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (минбаъд озодшавӣ) эҳтиёҷ дорад, дар ҳолатҳое бароварда мешавад, ки агар дар Рӯйхати бемориҳо муваққатан қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шуда бошад.
Дар замони осоишта КТҲ дар бораи он хулоса мебарорад, ки хизматчии ҳарбӣ ба рухсатии беморӣ дар ҳолате зарурат дорад, ки бо баохиррасии он хизматчии ҳарбӣ метавонад ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ шурӯъ намояд ва он на кам аз як моҳ мебошад.
Дар замони ҷанг, дар ҳолате агар дар мӯҳлати баохиррасии он хизматчии ҳарбӣ метавонад ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ шурӯъ намояд аз 3 моҳ зиёд набошад. КТҲ дар бораи фиристодани хизматчии ҳарбӣ ба баталони (дастаи) шифоёфтагон хулоса мебарорад. Агар ин мӯҳлат аз се моҳ зиёд бошад, КТҲ дар бораи муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ будани хизматчии ҳарбӣ бо муоинаи такрорӣ баъди 6-12 моҳ хулоса мебарорад.
Дар ҳолате агар асосҳои қатъии имконияти барқарор нагардидани иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ бошад, хулосаи КТҲ дар бораи он ки хизматчии ҳарбӣ ба рухсатии беморӣ эҳтиёҷ дорад ё дар бораи муваққатан қобил набудани ӯ ба хизмати ҳарбӣ бароварда нашуда, масъалаи ба хизмати ҳарбӣ қобил будани ин хизматчии ҳарбӣ ҳал мегардад.
38. КТҲ мӯҳлати рухсати беморро вобаста ба хусусият ва вазнинии маъюбӣ (ярадор, контузия, маъюбшуда) ё беморӣ муқаррар менамояд.
Рухсатии беморӣ ба хизматчии ҳарбӣ аз 30 то 60 шабонарӯз дода мешавад.
Мӯҳлати рухсатии бемории гирифтаи хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо даъват адо мекунад, дар ҳолатҳои алоҳида мумкин аст ба мӯҳлати на бештар аз 60 шабонарӯз дароз карда шавад.
Ба хизматчии ҳарбӣ рухсатии беморӣ мумкин аст дароз карда шавад, аммо ҳар дафъа на бештар аз 30 шабонарӯз. Ҳамагӣ мӯҳлати муттасили дар табобат будан, аз ҷумла дар рухсатии беморӣ будан на бояд аз чаҳор моҳ зиёд бошад (барои беморони сил 12 моҳ). Ҳангоми зарурат мӯҳлати дар табобат будан мумкин аст мутобиқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дароз карда шавад. Бо анҷом ёфтани мӯҳлати ниҳоии дар табобат будан ва рухсатии беморӣ муоинаи хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро адокунанда барои ҳалли масъалаи ба хизмати ҳарбӣ қобил будани онҳо гузаронида мешавад.
Ба хизматчиёни ҳарбӣ-занон рухсатии хомиладорӣ ва таваллуд дар асоси хулосаи КТҲ ба мӯҳлати мукаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
39. Дар ҳолатҳои пешбининакардаи сархати 2 банди 39 ҳамин Низомнома КТҲ дар бораи он ки хизматчии ҳарбӣ ба озодшавӣ ба мӯҳлати аз 3 то 15 шабонарӯз зарурат дорад, хулоса мебарорад.
КТҲ метавонад хулосаи такрорӣ барорад, ки хизматчии ҳарбӣ ба озодкунӣ зарурат дорад, аммо мӯҳлати умумии озодшавӣ набояд аз 30 шабонарӯз зиёд бошад.
40. Ҳангоми аз хизмати ҳарби рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ, хулоса дар бораи он ки онҳо ба рухсатии беморӣ зарурат доранд, бароварда намешавад.
Агар хизматчии ҳарбӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шавад ва дар давраи барасмиятдарории рухсатшавӣ мувофиқи вазъи саломатӣ ӯҳдадории хизмати ҳарбиро адо карда натавонад, КТҲ дар баробари баровардани хулоса дар хусуси пурра қобил набудани ӯ ба хизмати ҳарбӣ, хулосаеро, ки ӯ дар мӯҳлати барасмиятдарории рухсатшави ба озодшавӣ, аммо на зиёда аз 30 шабонарӯз зарурат дорад, мебарорад.
41. Муоинаи хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро адо мекунанду дар давраи адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ маъюб (ярадор, контузия, маъюбшуда) ё бемор шудаанд, танҳо ҳангоми муайян гардидани натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ё беморӣ гузаронида мешавад.
Агар натиҷаи тиббию ташхисӣ муайян нашуда бошад, КТҲ метавонад дар бораи зарурат доштани ҳайати шахсони қаторӣ ва роҳбарикунанда ба озодшавӣ аз иҷрои ӯҳдадории хизматӣ ё рухсатии беморӣ хулоса барорад.
42. Муоинаи тиббӣ барои ҳалли масъалаи қобили хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ, иҷрои вазифаҳо дар шароити ҳолати фавқулодда ё ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) гирифтаанд ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дар хориҷа, дар давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ бурда мешуданд, дар давраи машғул будан бо фаъолияти разведкавӣ ва зиддиразведкавӣ дар хориҷа ё ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми изоъҳои мусаллаҳона бемор шудаанд, бо анҷом ёфтани табобати статсионарӣ гузаронида мешавад.
43. Муоинаи шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар давоми адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ маъюб (ярадор, контузия, маъюб) шудаанд, сарфи назар аз он ки қобили хизмати ҳарбӣ будани он тағйир меёбад ё намеёбад, гузаронида мешаванд, аммо шаҳрванде, ки дар давраи адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ бемор шудааст, танҳо дар он ҳолат аз муоина гузаронида мешавад, ки агар беморӣ категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯро тағйир диҳад ё ӯро ба ғайри қобили хизмати ҳарбӣ (аз ҷумла муваққатан) гузаронад.
44. КТҲ хулоса мебарорад, ки хизматчии ҳарбӣ, аъзои оилаи хизматчии ҳарбӣ барои давом додани табобат бо гузаронидан аз як муассисаи тиббӣ ба дигараш зарурат дорад ва ҳамчунин дар бораи он ки афсари аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан рухсатшуда бо вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ ва дорои 20 сол ва аз он бештари мӯҳлати умумии хизмати ҳарбӣ (бо ҳисоби имтиёзнок), ки ба табобати статсионарӣ зарурат дорад ва агар ин бо рафтан ба маҳалли табобат вобаста бошад, хулоса мебарорад.
45. Дар ҳолате, ки агар хизматчии ҳарбӣ ва аъзои оилаи хизматчии ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ бо расидан ба синни ниҳоии хизмати ҳарбӣ рухсатшуда бо вазъи саломатӣ ё вобаста бо чорабиниҳои ташкилию штатӣ ва дорои 20 сол ва аз он бештари мӯҳлати умумии хизмати ҳарбӣ (бо ҳисоби имтиёзнок) ҳангоми рафтан ба табобат ба муассисаҳои тиббии системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ё санаторию курортӣ ва ҳамчунин хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми ба рухсатии беморӣ ё ба маҳалли зист рафтан баъди ба эҳтиёт рухсат шудан (ба истеъфо рафтан) ба шахсони ҳамроҳикунанда эҳтиёҷ доранд. КТҲ дар бораи ба шахсони ҳамроҳикунанда зарурат доштан хулоса бароварда, миқдори ҳамроҳикунандагонро нишон медиҳад.
Вобаста аз вазъи саломатии шахси муоинашаванда, зарурати ӯ ба кӯмаки тиббӣ ва нигоҳубини беруна, КТҲ метавонад дар бораи сафари муоинашаванда ва шахсони ӯро ҳамроҳикунанда бо нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан (дар вагони пласкарт ё купе) хулоса барорад.
Нисбати беморе, ки аз дигарон ҷудо буданро талаб менамояд, КТҲ дар бораи зарурати рафтани ӯ ва шахсони ӯро ҳамроҳикунанда дар нақлиёти алоҳида дар купеи алоҳидаи сахти вагони купе хулоса мебарорад.
46. Муоинаи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи СҚМҲҲ-ро духтурони мутахассис:терапевт, ҷарроҳ, невропотолог, психиатр, окулист, оториноларинголог, стоматолог, дерматолог ва ҳангоми зарурат духтурони ихтисосҳои дигар мегузаронанд. Ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ҳангоми тағйири маҳалли хизмат, ба мӯҳлати дароз ба сафари хизматӣ рафтан ва ҳамчунин шахсоне, ки дар ҳисоби психиатрҳои дармонгоҳҳо бо роҳхати онҳо истодаанд, бояд муоинаи ҳатмии ташхиси рӯҳиро гузаранд.
47. Дар ҳолати дар ҷараёни муоинаи статсионарӣ ё табобат дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ва дар муассисаи тиббии идорӣ ошкор гардидани маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбӣ) ё бемориҳое, ки мувофиқи онҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати қаторию роҳбарикунандаи СҚМҲҲ пурра қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ дониста мешаванд, духтури табобаткунанда якҷоя бо сардори муассиса бо дастгоҳи кадрии дахлдор ҳангоми будани роҳхат барои муоина, онҳоро ба КТҲ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон ба КТҲ хуҷҷатҳои зарурии тиббӣ пешниҳод мешавад. Қарори фиристодан ба муоина дар дафтарчаи тиббии статсионарии бемор сабт гардида, бо имзои сардори муассисаи тиббӣ тасдиқ карда мешавад.
48. Агар шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо мекунад ё дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат мекунад, масъалаи муайян намудан ё аз нав баррасӣ намудани хулосаи КТҲ дар бораи категорияи қобили хизмати ҳарбӣ буданро дар лаҳзаи рухсат шудан аз СҚМҲҲ гузорад, комиссариати ҳарбӣ, дастгоҳи қадрии СҚМҲҲ-и маҳалли истиқомати ӯ ба КТҲ ариза, парвандаи шахсӣ ва барои нафақахӯрон бошад, парвандаи нафақавӣ, ҳуҷҷатҳои тиббӣ, ки дар дасти аризадиҳанда мавҷуд аст ё аз муассисаҳои тиббӣ гирифта шудааст, мефиристанд.
Агар дар натиҷаи омӯхтани ҳуҷҷатҳои гирифташуда муқаррар карда шавад, ки барои қонеъ намудани хоҳиши шаҳрванд асос ҳаст, бо мақсади муайян намудани категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будан дар лаҳзаи рухсат шудан аз хизмат ӯ аз муоина мегузарад.
VI. Муоинаи шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
49. Хизматчии ҳарбӣ ҳангоми рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ бо дохил намудани онҳо ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муоинаро дар КТҲ-ҳои штатӣ (сархати 1 банди 2 ҳамин Низомнома пешбинӣ менамояд) мегузаранд.
50. Ташкили муоинаи тиббии шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба зиммаи комиссариатҳои ҳарбии ноҳияю шаҳрҳо (бе тақсимоти ноҳиявӣ) вогузор карда мешавад.
Бо роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ шаҳрвандон то муоинаи тиббӣ таҳқиқоти ҳатмии ташхисиро бо тартиб ва ҳаҷми муқарраргардидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида мегузаранд.
Шаҳрванде, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои аниқ намудани ташхиси беморӣ ҳангоми зарурат мумкин аст ба муоинаи амбулаторӣ ё статсионарӣ дар муассисаҳои тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои табобатию профилактикии системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад.
51. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ қобили хизмати ҳарбӣ будан бо маҳдудиятҳо дониста шудаанд ва бо ин сабаб ба эҳтиёт гузаронида шудаанд, то расидан ба синни 27 солагӣ бояд як маротиба дар се сол аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Муоинаи афсароне, ки дар эҳтиёт мебошанду пештар қобили хизмати ҳарбӣ бо маҳдудиятҳо дониста шуда буданд, шаҳрвандони дар эҳтиётбудае, ки бо ихтисосҳои баҳисобгирии ҳарбии БҲД таҳсил мекунанд, шаҳрвандони дар эҳтиётбудае, ки ба вазифа таъин гардидаанду вазифаи ишғолкарда муоинаро талаб мекунад, дар 5 сол як маротиба гузаронида мешавад.
52. Шаҳрвандоне, ки ғайриқобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар ҳолатҳое, ки агар дар натиҷаи муоинаи онҳо дар муассисаҳои тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муассисаҳои табобатию профилактикии системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси бемории қаблан муайянгардидаи онҳо аз нав баррасӣ шудааст ё онҳо солим дониста шудаанд, метавонанд такроран аз муоина гузаранд.
VII. Муайян намудани сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбӣ) ва беморӣ
53. Ҳангоми муоинаи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсони қатори ва роҳбарикунандаи СҚМҲҲ, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, агар нисбати онҳо ташхис муқаррар шуда бошад. КТҲ алоқаи сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбӣ) ё бемориҳои гирифторшудаи ин шахсонро, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин шахсон таҳти тафтишот (суд) қарор дошта бошанд, муайян мекунад.
КТҲ аз рӯи ҳуҷҷатҳо сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбӣ) ё бемориҳои шаҳрвандонеро, ки хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизматро дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адо мекунанд, дар ҳолате ки шаҳрванд дар давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муоинаи КТҲ гузашта бошад ё дар табобат бошад, ё ки аз хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби беморӣ, бо вазъи саломатӣ рухсат шуда бошад, ё ки агар дар шаҳрванд оқибатҳои маълуми зарари дар давраи адои хизмати ҳарбӣ, (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифтааш бошаду бо ҳуҷҷат тасдиқ шуда бошанд, муайян менамояд. Хусусият ва мӯҳлати зарари маълуми ҷисмониро ташхиси тиббии судӣ муқаррар менамояд.
54. Хулосаи КТҲ дар бораи алоқаи сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳо бо тавсияҳои зерин бароварда мешавад:
а) "маъюбии ҳарбӣ":
-агар маъюбиро (ярадорӣ, контузия, маъюбшавиро) шахси муоинашаванда ҳангоми ҳифзи Ватан ё ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои дигари хизмати ҳарбӣ (ӯҳдадориҳои хизматӣ) дар давоми дар ҷабҳа будан, ҳамчунин ҳангоми ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар замони осоишта гирифта бошад;
-агар маъюбиро (ярадорӣ, контузия, маъюбшавиро) шахси муоинашаванда ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (ӯҳдадориҳои хизматӣ), ҳамчунин дар натиҷаи зараре, ки сабабаш таъсири моддаҳои радиоактивӣ, манбаъҳои нургирии ионӣ, манбаъҳои майдони электромагнитӣ, генераторҳои оптикии квантӣ ва қисматҳои сӯзишвории рокетӣ мебошанд;
-агар беморӣ дар шахси муоинашаванда дар давраи дар ҷабҳа буданаш ба вуҷуд ояд, ё ки агар ин беморӣ ба дараҷае расад, ки категорияи қобили хизмати ҳарбӣ буданро тағйир диҳад ё ба қобил набудани (аз ҷумла муваққатии) шахси муоинашаванда ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ орад, ҳамчунин ҳангоми бемории кӯҳнаи оҳиста инкишофёбанда дар ҳолате, агар ҳуҷҷатҳои тиббие бошад, ки имконияти саршавии бемориро ба давраи дар ҷабҳа будани шахси муоинашаванда нисбат диҳанд;
-агар беморӣ дар шахси муоинашаванда дар давраи хизмати ӯ дар хориҷа дар давлате, ки амалиётҳои ҷангӣ бурда мешуд ё дар давраи машғул будан ба фаъолияти разведкавӣ ва зиддиразведкавӣ дар хориҷа ба вуҷуд омада бошад ё дар давраи нишондодашуда ба дараҷае расида бошад, ки категорияи қобил буданро тағйир диҳад ё ба ғайриқобил будани шахси муоинашаванда ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ орад (аз ҷумла муваққатан), ҳамчунин ҳангоми бемории кӯҳнаи оҳиста инкишофёбанда дар ҳолате, ки агар ҳуҷҷатҳои тиббие бошанд, ки имконияти саршавии бемориро дар давраи адои хизмати шахси муоинашаванда дар хориҷа дар давлате, ки амалиётҳои ҷангӣ бурда мешуданд ё будани ӯ дар корҳои кашфӣ ва зиддикашфӣ дар хориҷа нисбат диҳанд;
-агар маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳо дар давраи будани шахси муоинашаванда дар ҳайати артиши амалкунанда дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар роҳи оҳани Хитою Шарқи соли 1929, дар вақти ҷанги шӯравию фин ва Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1939-1940, дар давраи амалиётҳои ҷангӣ дар Белоруссия ва Украинаи Ғарбӣ соли 1939, дар ҷангҳои кӯли Ҳасан соли 1938 ва дар дарёи Халхин-Гол соли 1939, дар вақти ҷанг бо Япония соли 1945, ҳамчунин дар амалиётҳои ҷангӣ оид ба барҳамдиҳии пинҳонкории миллӣ (бандитизм) дар қаламрави ҶШС Украина, ҶШС Белоруссия, ҶШС Латвия, ҶШС Литва ва ҶШС Эстония дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри 1951 (ҳангоми мавҷуд будани шаҳодатномаи иштирокчии ҷанг), ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалистӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва давлатҳои дигар ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми низоъҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо шарти ҳисобкунии имтиёзноки собиқаи корӣ барои таъини нафақа аз рӯи як моҳи хизмат баробари 3 моҳ), ҳангоми асир афтидан (агар асирафтӣ ихтиёрӣ набошад ва хизматчии ҳарбии дар асирӣ буда бар зидди Ватан ҷиноят содир накарда бошад) гирифта шуда бошад ва ҳамчунин беморие, ки то воқеаҳои зикршуда дар давраи иштирок дар онҳо ба вуҷуд омада бошад ва ба дараҷаи вазниние расида бошад, ки категорияи қобили хизмати ҳарбӣ буданро тағйир диҳад ё ба хизмати ғайриқобили ҳарбӣ (аз ҷумла муваққатан), хизмат дар мақомоти Кумитаи бехатарии давлатии ИҶШС-Вазорати бехатарии давлатии ИҶШС ва Комиссариати Халқии Корҳои Дохилии ИҶШС-Вазорати корҳои дохилии ИҶШС оварда расонад, ҳамчунин ҳангоми бемории кӯхнаи сустинкишофёбанда дар ҳолати будани ҳуҷҷати тиббие, ки бемориро ба давраи иштирок дар воқеаҳои зикргардида нисбат диҳанд;
б) "бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ гирифташуда":
-агар беморӣ дар давраи аз тарафи шахси муоинашаванда ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ (адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ), адои хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба вуҷуд омада бошад, ҳамчунин агар беморӣ то даъват ба хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ, хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дараҷаи вазнине расида бошад, ки категорияи қобил буданро тағйир диҳад ё ба қобил (аз ҷумла мувақкатӣ) набудани шахси муоинашаванда ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ орад;
-агар беморӣ дар давраи адои хизмати ҳарбии (ҷамъомадҳои ҳарбии) муоинашаванда дар қисмҳои ҳарбие, ки ба ҳайати артиши амалкунанда ё хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқе, ки ба ҳайати артиши амалкунанда дохил намешаванд, ё ки то рафтани ӯ ба хориҷа, ба давлате, ки амалиётҳои ҷангӣ бурда мешуданд ва хизмат дар ин давлати ба бемории ҷойдошта ва категорияи қобили хизмати ҳарбӣ будан ё хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибор намедода пайдо шуда бошад;
-агар маъюбиро (ярадорӣ, контузия, маъюбшавиро) шахси муоинашаванда дар натиҷаи ҳолати нохуши бо иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (ӯҳдадориҳои хизматӣ) новобаста гирад;
-агар маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбӣ) дар давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифта шуда бошаду дар лаҳзаи муоина ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳолатҳои гирифтани маъюбӣ (ярадорӣ, контузия маъюбшавӣ) мавҷуд набошанд;
в)"бемории ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбии (ӯҳдадориҳои хизматии) вобаста ба садамаи НБА Чернобил гирифташуда":
-агар беморӣ дар давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳангоми иҷрои корҳо оид ба рафъ намудани оқибатҳои садамаи НБА-и Чернобил гирифта шуда бошад;
г)"бемориҳои умумӣ"
-агар маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ), ё беморӣ дар муоинашаванда то даъват шудани ӯ ба хизмати ҳарбӣ (ҷамъомади ҳарбӣ), дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар давраи хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба вуҷуд омада бошад ва ба дараҷае нарасида бошад, ки категорияи қобил буданро тағйир диҳад ё қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи (аз ҷумла муваққатан) муоинашаванда орад.
55. КТҲ хулосаи сабабҳои маъюбиро (ярадорӣ, контузия, маъюбшавиро) мутобиқи маълумотномаи ҳолатҳои гирифтани маъюбӣ додаи командири қисми ҳарбӣ, роҳбари сохтори қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқе, ки шаҳрванд дар он хизматро (ҷамъомади ҳарбиро) дар вақти гирифтани маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) адо менамуд, мебарорад. Дар маълумотнома ҳолатҳои гирифтани маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ҳамчунин алоқа доштан ё надоштани маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ба иҷрои хизмати ҳарбӣ (ӯҳдадориҳои хизматӣ) нишон дода мешавад. Шакли маълумотномаро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо қонунгузории амалкунанда хизмати ҳарбиро пешбинӣ мекунад, муайян мекунанд.
56. Ҳангоми муоинаи шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизматро дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адо мекунанд ва дар давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) гирифтаанду дар бораи ҳолатҳои гирифтани ин маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) маълумотнома надоранд, КТҲ метавонад дар бораи сабаби маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) дар асоси дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳолатҳои гирифтани маъюбиро (ярадорӣ, контузия, маъюбшавиро) инъикос мекунанд, хулоса барорад.
Нишондоди шоҳидон дар бораи ҳолатҳои гирифтани ярадорӣ ё маъюбшавии шаҳрвандро КТҲ метавонад танҳо ҳангоми дар ӯ мавҷуд будани ҷароҳатҳои маълуми ҷисмонӣ қабул намояд ва бо шарте, ки нишондодро ду ё зиёда шоҳидони ҳамроҳи муоинашаванда хизмати ҳарбӣ (ҷамъомади ҳарбӣ), хизматро дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адокунанда тасдиқ намоянд. Далели ҳамроҳ бо муоинашаванда адо намудани хизмати ҳарбӣ (ҷамъомади ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шоҳидонро командири қисми ҳарбӣ, роҳбари сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқе, ки дар он муоинашаванда хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), хизмат дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро адо намудааст ё комиссари маҳалли истиқомати шоҳидон тасдиқ мекунанд.
57. Алоқаи сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ё бемориҳои шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбӣ (ҷамъомади ҳарбӣ), хизматро дар сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адо мекунанд, мувофиқи муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, шӯъбаҳои нафақаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, аз тарафи КТҲ-и штатӣ (мувофиқи сархати 1 банди 2 ин Низомнома) муайян карда мешавад (аз нав баррасӣ карда мешавад).
Тартиби аз тарафи КТҲ муайян намудани (аз нав баррасӣ намудани) сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) ва бемориро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату идораҳое, ки дар онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" хизмати ҳарбиро пешбинӣ менамояд, муқаррар менамоянд.
58. Шаҳрванде, ки бо хулосаи КТҲ дар бораи сабаби беморӣ бо иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои садама дар НБА-и Чернобил норозӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо хоҳиш ба Шӯрои байниидоравии ташхиси ҷумҳуриявӣ оид ба муқаррар намудани сабаби беморӣ ва сар шудани маъюбӣ дар натиҷаи фалокати Чернобил муроҷиат намояд.
59. КТҲ метавонад дар бораи сабабҳои оқибатҳои маъюбии косахонаи сар ҳангоми дар ҷабҳа будан, иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ (ӯҳдадориҳои хизматӣ) дар асоси сабти ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ (хизматӣ) ки дар онҳо нишондодҳо оид ба ярадоршавии сар, гардан ё дар бораи ҳамзамон гирифтани ҷароҳатҳои бисёри пораи тири (ду ва ё аз он бештар) ҳаҷми гуногундошта ифода шудаанд, хулоса барорад.
60. Ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои бойгониро дар бораи рафтан ба табобат дар муассисаҳои тиббии системаи тандурустӣ, муассисаҳои тиббии идорӣ, тиббии ҳарбӣй будан, дар асорат будан, дар бораи адои хизмати ҳарбӣ, (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), дар бораи иштирок дар амалиётҳои ҷангиро дастгоҳҳои кадрии сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ анҷом медиҳанд.
61. Алоқаи сабабҳои маъюбӣ (ярадорӣ, контузия,маъюбшавӣ) ё бемориҳое, ки ба вафоти (ҳалокати) шахсони ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ меорад, КТҲ-и ВКД, РКД-и назди мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) бо муроҷиати сардорони мақомоти корҳои дохилӣ (командирони қисмҳои ҳарбӣ), дастгоҳи кадрии корҳои дохилӣ (кӯшунҳои дохила), комиссари ҳарбӣ ва ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян мекунанд.
62. Дар ҳолати вафоти (ҳалокати) хизматчии ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда аз бемории дар давраи адои хизмати ҳарбӣ гирифташуда, дар ҳолате ки вафот дар давраи табобат дар муассисаи тиббии системаи тандурустӣ ё муассисаҳои тиббии идорию ҳарбӣ ба амал омада бошад, хулосаи сабаби бемориро КТҲ дар таҳрири "ба беморӣ дар давраи хизмати ҳарбӣ гирифтор шудааст" мебарорад.
63. КМТҲ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандеро, ки хизмати ҳарбиро адо мекунад, баррасӣ намуда, дар ҳар як ҳолати мушаххас метавонад: дар бораи сабаби маъюбӣ ва беморӣ хулосаи КТҲ-ро барорад (аз нав дида барояд); аз рӯи моҳияти масъалаи гузошташуда маслиҳат диҳад; маводи иловагии маълумотӣ талаб намояд; таҳқиқоти тиббӣ, муоинаи шаҳрвандонеро, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд, гузаронад; ҳуҷҷатҳоро мутобиқи мансубияташон фиристад.
64. Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", "Дар бораи қӯшунҳои дохилӣ" КТҲ-и штатӣ бо мақсади муайян намудани дараҷаи вазнинии маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) муоинаи шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, шаҳрвандонеро, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро мегузаранду дар давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) маъюбии (ярадорӣ, контузия, маъюбшавии) вазнин ё сабук гирифтаанд, мегузаронад.
65. Маълумотнома дар бораи вазнинии маъюбиро мумкин аст КТҲ на дертар аз 3 сол аз рӯзи гирифтани маъюбӣ (ярадорӣ, контузия, маъюбшавӣ) бо нишон додани мӯҳлати табобат дар ҳамаи муассисаҳои тиббие, ки он ҷо бемор табобат гирифтааст, диҳад.
VIII. Муоинаи шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд
66. Ташкили муоинаи шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, ба зиммаи КТҲ-и штатӣ гузошта мешавад.
Шаҳрвандон бо роҳхати дастгоҳҳои кадрӣ то муоинаи тиббӣ таҳқиқоти ташхисии ҳатмиро бо тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд. Гузаштани муоинаи ташхиси рӯҳӣ хатмӣ мебошад.
То саршавии муоинаи тиббӣ КТҲ маълумотҳоро оиди дар қайди диспансерӣ истодан аз диспансерҳои (утоқҳои) назорати бемориҳои рӯҳӣ, наркологӣ, зидди касалиҳои сил, диспансерҳои касалиҳои пӯст ва венерологӣ (кабинет), нусхаи дафтарчаи тиббии бемории амбулаториро (дафтарчаи тиббиро) аз муассисаҳои беҳдоштию табобатии маҳалли зист, кор, таҳсил ё хизмат, нусхаи таърихи беморӣ, маълумотҳои муоинаи диспансерӣ ва назорати тиббӣ, хулосаи духтурон ва дигар ҳуҷҷатҳои тиббиро, ки вазъи саломатии онҳоро на камтар аз панҷ соли охир муайян мекунанд, барои хизматчиёни собиқ, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекарда бошад, мувофиқи нишондодҳои нусхаи ҳуҷҷатҳои тиббии қисмҳои ҳарбӣ ҳамчунин маълумотҳоро дар бораи бемориҳои сироятӣ ва паразитии аз сар гузаронида дар 12 моҳи охир ва дар бораи қабул накардани дорувориҳои тиббӣ ва маводи дигар талаб менамояд.
67. Шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои таълимии маълумоти миёнаю олии касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли таҳсили рӯзона дохил мешаванд, аз ҷумла ҳайати қаторӣ, роҳбарикунанда ва хизматчиёни ҳарбӣ муоинаи тиббиро дар ду давра мегузаранд:
- пешакӣ - дар КМТҲ-и РКД, охирин- дар КМТҲ-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муоинаи пешакӣ на пештар аз 6 моҳ то оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ, охирин - пеш аз оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ гузаронида мешаванд.
Шахсони ҳайати қаторию роҳбарикунанда, ки ба муассисаҳои таълимии маълумоти миёнаю олии касбии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли таҳсили ғоибона дохил мешаванд, муоинаи тиббиро дар КТҲ-и маҳалли адои хизмати онҳо мегузаранд. Муоинаи охирин бо онҳо гузаронида намешавад.