Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба созмондиҳии маҷмӯи абонементи байникитобхонавии кишварҳои аъзои ИДМ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишномаи замимагардида оид ба созмондиҳии маҷмӯи абонементи байникитобхонавии кишварҳои аъзои ИДМ, ки 13 январи соли 1999 дар шаҳри Саратов ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор барои дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ созмон додани Маркази миллии абонементи байникитобхонавӣ (ММАБ) ИДМ чораҳои зарурӣ андешад.
З.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуздорандаро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки ҷиҳати эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 17 апрели 2001 № 181
ш. Душанбе
* Созишнома ба забони русӣ оварда шудааст