Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июли соли 2003 № 294
тасдиқ шудааст
Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2004-2006
Пешгуфтор
Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2004-2006 давоми барномаҳои "Ҷавонони Тоҷикистон", ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998, № 400 (барои солҳои 1999-2000) ва аз 30 декабри соли 2000, № 518 (барои солҳои 2001-2003) тасдиқ шудааст, инчунин идомаи чорабиниҳои барномавӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки ба фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷиҳати ташаккули шахсият, дастгирии ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Дар давоми татбиқи барномаҳои қаблии "Ҷавонони Тоҷикистон" аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонони назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳалии он асосан тавассути маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ заминаи ташкилӣ ва молиявии сиёсати давлатии ҷавонон гузошта шуда, механизмҳои аввалини татбиқи он таҳия гардиданд.
Дар соҳаи таъмини меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", ки аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 марти соли 1992 қабул гардидааст, амал мекунад. Ғайр аз ин дар давоми солҳои 1997-2003 зиёда аз 20 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки масъалаҳои сиёсати ҷавононро ба танзим меоранд.
Ҳамзамон дар шароити ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии идомаёбандаи ҷомеа, имкониятҳои баробар надоштани шаҳрвандони ҷавон ба гирифтани маълумот, кори мувофиқ, манзил, хизматрасонин тиббӣ, иҷтимоӣ, маишӣ ва ғайра афзоиши тамоюли манфӣ байни ҷавонон ба мушоҳида мерасад:
- бефаъолиятии иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон ба назар мерасад, арзишҳои маънавӣ ва тамоюли иҷтимоӣ рахна меёбанд, ки он боиси паст гардидани таъсири моҳияти ҷамъиятии сиёсати давлатии ҷавонон мегардад. Дар маҷмӯъ танҳо қариб 5% ҷавонони ҷумҳурӣ ба ҳаракати муташаккилонаи ҷавонон шомиланд;
- вазъи саломатии ҷавонон бад мегардад. Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон танҳо қариб 40 фоизи хатмкунандагони мактабҳоро комилан солим шумурдан мумкин аст ва 30-35 фоизи дигарашон бошад дар ташаккули ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, нуксҳо доранд;
- сатҳи баланди рафтори давиантӣ, хусусан ҷинояткорию қонуншиканӣ ва нашъамандӣ байни ҷавонон давом дорад. Дар тӯли солҳои 1991-2000 зиёда аз нисфи ҷиноятҳои ошкоргардидаро ҷавонон содир намуда, ҳамзамон қариб нисфи ҷиноятҳои содирнамудаи ҷавонон аз қониби шахсони синну соли 18-24 -сола сурат гирифтааст. Нашъақаллобӣ ва нашъамандӣ миёни ҷавонон паҳн мегардад: қариб 70 фоизи нашъамандонро ҷавонони то 30сола ташкил медиҳанд.
- дараҷаи баланди бекорӣ дар байни ҷааонон нигоҳ дошта мешавад, ки ба сатҳи камбизоатии оилаҳои ҷавон таъсир мерасонад. Ҳиссаи ҷавонони расман бекор эътирофгардида дар байни чунин бекорон дар давоми солҳои 1999-2000 ботадриҷ аз 24,0% то 65,5% зиёд гардид.
Маълум аст, ки тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳадафи асосии идеологияи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Зиёда аз ин, дар шароити бӯҳрони иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки боиси афзоиши дилсардии ҷавонон аз бунёди прогрессивии ҷомеа ва рафтори девиантии ӯ мегардад, масъалаҳои дар ҷавонон баланд бардоштан ва таҳкими ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан ба қатори проблемаҳои тақдирсози давлатӣ дохил мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини инкишофи фаъолият ҳамоҳангсозии байнисоҳавии сохторҳои ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва тайёрии тодаъватии насли ҷавон, ҳамчуннн таъмини дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар ин самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 № 29 Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, барои солҳои 2002-2005 қабул гардид. Ҳамзамон муҳимияти кор дар соҳаи ташаккули гражданӣ, тарбияи ватанпарастӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон, инчунин заминаи сусти маблағгузории барномаи давлатии ватанпарастӣ дастгирии самтғои муайяни соҳаи мазкури муҳими сиёсати давлатии ҷавононро тақозо мекунад.
Бешубҳа, иттиҳодияҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон бунёди сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд, ки фаъолияти ҳаётан муҳими онро таъмин мекунанд. Онҳо яке аз институтҳои муҳимтарини ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқшавии насли наврас, инчунин эҷодиёти иҷтимоии онро ташаккул медиҳанд. Ин иттиходияҳо ҷиҳати барқарорсозии робита ва гуфтушунид байни ҷавонон ва давлат манбаъҳои асосӣ ва муайянкунанда, ҳамкороии асосии давлат дар татбиқи сиёсати ҷавонон, лабораторияи иҷтимоии ташаккули маънавӣ, мактаби инкишофи мутаносиби ҷавонон мебошанд.
Бинобар ин, дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон масъалаи ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон яке аз самтҳои аввалиндараҷаи ин сиёсат ба шумор меравад. Яке аз унсурҳои асосии ин ҳамкорӣ дастгирии фаъолияти ин иттиҳодияҳо аз ҷониби давлат мебошад.
Махсусан дар вазъи кунунии ин соҳа дар Тоҷикистон, ҳангоми мавҷуд набудани иттиҳодияи комили оммавии ҷавонон, ҳамоҳангсозӣ ва заминаи методологии фаъолияти иттиҳодияҳои маҳдуди амалкунандаи наврасону ҷавонон, ин масъала боз ҳам муҳимтар мегардад.
Бӯҳрони умумии иқтисодӣ дар кишвар проблемаи фавқулодаю мубрами шуғли ҷавононро ба миён овард, ки дар байни тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ яке аз проблемаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бисёр паҳлӯҳои рафтори номатлубу хавфноки ҷавонон аз ҳалли самараноки ин проблема вобастагии калон дорад. Яке аз сабабҳои душвории ҳалли ин проблема пеш аз ҳама таназзули ниҳоят хатарноки истеҳсолот, афзоиши номутаносиби тсъдодӣ ва сохторӣ байни талабот 6а меҳнат ва пешниҳодоти он мебошад. Ҳатто дар байни бекорони расман эътирофгардида вазни қиёсии нисбатан баланд ба ҷавонон рост меояд (65,5%).
Масъалаи таъмини оилаҳои ҷавон ба манзил низ, махсусан дар шароити шаҳр, ниҳоят шиддатнок мебошад.
Ин ҳолат тақозо менамояд, ки сохторҳои ҳукуматӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон ҳар чи зудтар чораҳои мушаххас андешанд.
Баъдан, бӯҳрони умумӣ дар ҷамъият тақозо менамояд, ки нисбат ба ҷавонони боистеъдод, бо мақсади нигаҳдошт ва таҳкими нерӯи эҷодии ҷомеа диққати махсус дода шавад. Маҳз ҷавонони боистеъдод бо кашф ва истифодаи бозёфтҳои нави илму техника, дониш, малака, қобилияти созандагии худ метавонанд рушди ҳамаҷониба ва босуръати ҷамъиятиро таъмин намоянд. Махсусан, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ талаботи ҷамъият ба истеъдоду қувваи ҷавонон меафзояд.
Президенти ҷумҳурӣ Э.Ш. Раҳмонов ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони боистеъдоди кишвар (16 майи соли 1998) зикр намуда буд: "Пешрафти имрӯзаи ҷамъият беш аз пеш ба илму маданият, ба қувваи бунёдкори эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад. Зарурати имрӯзаи таърихӣ талаб менамояд, то ин ки байни наврасону ҷавонон истеъдоҳоро пайдо намоем, шароит барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо муҳайё намоем ва қувваи созандаи онҳоро барои фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона созем".
Инро ба инобат гирифта ва бо дарназардошти он, ки дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ системаи маориф бахши ниҳоят таъсирпазири ҷомеа мебошад, тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 26 феврали соли 1998 № 949 аз 1 апрели соли 1998 оғоз намуда, 100 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон таъсис дода шуд. Ғайр аз ин бо мақсади баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва хавасмандсозии фаъолияти эҷодии олимони ҷавон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998, № 967 аз соли 1998 оғоз намуда, ба олимони ҷавон барои дастовардҳои шоистаи илмию техникӣ Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд. Дар айни замон дар заминаи ин ташаббуси Президенти кишвар ва дастгирии сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон, роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва субъектҳои хоҷагидории кишвар барои хонандагону донишҷӯён қариб 1500 стипендияҳои махсус таъсис дода шудаанд,
Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки механизми дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар сатҳи ташаккул қарор дорад ва дастгирию инкишофи минбаъдаро тақозо менамояд.
Ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон барои рушди устувори ҳамкории байни давлатҳо ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи демократия, сулҳ ва арзишҳои умумибашарӣ аҳамияти калон дорад. Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ оид ба ташкилу татбиқи сиёсати ҷавонон, ки ба шароити кишвар мутобиқ гардонида шудааст, бечунучаро ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Илова бар ин дар шароити кунунии иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳамкориҳо байни мақомоти давлатии кор бо ҷавонон барои ҳалли проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи тахассусии ҳайати кадрии сиёсати давлатии ҷавонон, инкишофи фароғату саёҳати ҷавонон метавонад нақши калон бозад.
Айни замон ҷараёни пайвастани ҷавонони Тоҷикистон бо ҳаракати ҷаҳонии ҷавонон дар зинаи аввал қарор дорад ва танҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сурат мегирад. Ҳамкориҳои байналмилалиро Кумитаи кор бо ҷавонон асосан дар доираи Клуби роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони ИДМ, ки соли 1997 таъсис ёфтааст, анҷом медиҳад.
Зикр кардан зарур аст, ки то имрӯз ягон созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон баста нашудааст ва созишомаҳои байналмилалии баимзорасидаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Клуби роҳбарони сохторҳои давлатии ИДМ аз сабаби суст будани заминаи молиявӣ самаранок татбиқ намегарданд.
Маълум аст, ки самаранокии татбиқи ҳар як сиёсати ҷиддӣ ба хусусиятҳои теъдодӣ ва сифатии ҳайати кадрии он вобастагии калон дорад. Ин вазъият дар марҳилаи аввали ташаккул ва татбиқи сиёсат махсусан муҳим аст. Ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон воқеан 5 сол пеш оғоз ёфт. Таҳлили сифатии ҳайати кадрии мақомоти идораи давлатии кор бо ҷавонони кишвар нишон медиҳад, ки он ба талаботи марҳилаи муосири татбиқи сиёсати ҷавонон пурра ҷавобгӯ нест. Илова ба ин омӯзиши омилҳои муайянкунанда ҷараёни ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар шароити аз нав барқарорсозии кори давлатӣ бо ҷавонон баъди 6 соли (1991-1997) танафус яке аз омилҳои асосӣ - ин аз таъсиси заминаҳои илмӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва методии самтҳои умдаи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон иборат мебошад. Ин омилҳои муҳими татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳоло таҳким ва инкишофи худро тақозо менамояд.
Таҳлили вазъи кунунии сиёсати давлатии ҷавонон, натиҷаҳои дар ҷараёни татбиқи барномаҳои қаблии "Ҷавонони Тоҷикистон" ба даст омада, инчунин қабули Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2002-2005 имкон доданд, ки 7 самтҳои зерини афзалиятноки Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои се соли минбаъда муайян карда шаванд:
- муҳайё сохтани шароитҳо барои ташаккули шаҳрвандӣ, тарбияи ватанпарастӣ ва маънавию ахлоқии ҷавонон;
- дастгирии ташаббуси ҷамъиятии ҷавонон;
- ташаккул ва рушди хадамоти иҷтимоии барои ҷавонон хайрхоҳ ва инкишофи намудҳои оммавии варзишу туризми наврасон ва ҷавонон;
- мусоидат ба дастгирии иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандони ҷавон;
- дастгирии ҷавонони лаёқатманд;
- интегратсияи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамкории байналмилалии ҷавонон;
- таъмини меъёрию ҳуқуқӣ, илмӣ, иттилоотӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон.
Заминаи қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии қабул ва татбиқи Барнома
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 515 "Дар бораи масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2003 пешниҳод мешаванд".
Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Барнома
Ҳадафҳои асосии Барнома аз мусоидат ба ташаккул ва рушди шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилӣ барои амалӣ намуданн имкониятҳои ҷавонон, тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва инкишофи ҷисмонии онҳо иборат мебошад.
Барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ зарур аст, ки масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:

- мусоидат ба фароҳам овардани шароит ба ҷавонон дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ;
- ташаккул ва инкишофи механизмҳои дастгирии фаъолияти иттиходияҳои ҷамъиятии ҷавонону наврасон;
- дар насли наврас ташаккул додани мавқеи фаъоли зиндагӣ, ҷиҳати омодагӣ барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат ва фаъолияти давлатӣ;
- ташаккули тарзи ҳайёти солими насли ҷавон, рушди системаи хадамоти иҷтимоӣ ва клубҳо барои наврасону ҷавонон;
- дастгирӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди намудҳои оммавии варзиш ва туризми наврасону ҷавонон;
- пешгирии беназоратӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон;
- пешгирии нашъамандӣ ва бемориҳои сирояткунанда, тарғиби тарзи солими ҳаёт дар байни наврасону ҷавонон;
- дастгирии барномаҳои ба мутобиқшавии иҷтимоӣ мусоидаткунанда ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат, шуғл ва касбомӯзии ҷавонон, дастгирии соҳибкории ҷавонон;
- рушд ва дастгирии системаи ҷумҳуриявии таъминоти иттилоотии ҷавонон дар заминаи робитаҳои анъанавӣ, технологияи ҳозиразамон ва шабакаҳои компютерӣ;
- беҳтар намудани вазъи демографии ҷомеа, таҳкими институти оилаи ҷавон;
- мусоидат ба инкишофи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, татбиқи нерӯи илмию техникӣ ва эҷодии онҳо, рушди механизмҳои дастгирии ҷавонони лаёқатманд;
- васеъ намудани фазои меъёрию ҳуқуқӣ ва рушди механизмҳое, ки ба интегратсияи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамкории байналмилалии ҷавонон мусоидат менамояд;
- таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон. Системаи чорабиниҳои барномавӣ
Ҳамин Барнома аз 7 зербарномаҳое иборат аст, ки дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон чорабиниҳои асосиро фаро мегиранд.
1. Ватандӯстии ҷавонон
Чорабиниҳои асосӣ:
- гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ ва таҳияи маводи методӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастӣ ва маънавию ахлоқии ҷавонон;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар байни ҷавонон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва санадҳои таьрихӣ:
- дастгирӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаву барномаҳо, усулҳои пешқадами замонавии тарбияи ватанпарастии ҷавонон, инчунин, дар соҳаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
- инкишофи усулҳои гуногуни тарбияи шаҳрвандӣ ва ватанпарастӣ дар лагерҳои истироҳатии тобистона барои кӯдакон ва наврасон;
- дастгирӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳо ва усулҳои муосири дар соҳаи омодасозии тодаъватии ҷавонон;
- дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷавонон, ки ба таъмир, барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меьморӣ, минтақаҳои экологӣ, маҷмӯҳои мемориалӣ ва ёдгориҳои шарафи ҷангӣ ва меҳна ӣ равона гардидаанд.
2. Ташаббуси ҷавонон
Чорабиниҳои асосӣ:
- ташаккули заминаи меъёрию ҳуқуқии дастгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии наврасон ва ҷавонон;
- дастгирии ташкилӣ, моддию техникӣ ва молиявии фаъолият, лоиҳаю барномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунандаи наврасон ва ҷавонон;
- дастгирии таъсиси иттиҳодияҳои нави ҷамъиятии кӯдакоиу ҷавонон;
- мусоидат ба ташаккули шабакаи мииллии иттиҳодияҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ.
3. Саломатии ҷавонон
Чорабиниҳои асосӣ:
- таъсиси заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва механизми ҳамоҳангсозии хадамоти иҷтимоии барои ҷавонон хайрхоҳ;
- таҳкими асосҳои меъёрӣ, методологӣ ва моддию техникии марказҳои амалкунандаи ҷавонон ва васеъ намудани шабакаҳои онҳо;
- дастгирӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳо ва механизми дастгирии рушди намудҳои оммавии варзиш ва туризми наврасон ва ҷавонон;
- ташаккул ва таҳкими асосҳои итгилоотию таҳлилии рафтори девиантии ҷавонон;
- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба пешгирии беназоратӣ, ҷинояткорӣ, танфурӯшӣ, нашъамандӣ, ВИЧ/СПИД ва бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда байни ҷавонон;
- дастгирии ташаббуси аз нигоҳи ҷамъиятӣ муфиди наврасон ва ҷавонон дар соҳаи дахолатҳои пешгирикунанда дар асоси принсипи "ҳамсол ба ҳамсол";
- ҷамъбаст ва дар амал ҷорӣ намудани таҷрибаи босамар оид ба пешгирии рафтори номатлуби иҷтимоии наврасон ва ҷавонони аз гурӯҳи иҷтимоии таҳти хатар қарордошта;
- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба таъсиси паноҳгоҳ ва меҳмонхонаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасони бепаноҳ;
- дастгирӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба барқарорсозии рӯҳию педагогӣ ва тиббии кӯдакон ва наврасон, мутобиқсозии иҷтимоии ноболиғони дорои рафтори номатлуб;
- дастгирии системаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ оид ба таъмини иттилоотии ҷавонон дар заминаи робитаҳои анъанавӣ, технологияи муосир ва шабакаи компютерӣ;
- дар якҷоягӣ бо воситаҳои ахбори умум таъсиси барномаҳои маърифатӣ, инкишофи, таълимӣ ва тарбиявие, ки ҷараёни ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқшавии ҷавононро сабук менамоянд.
4. Мустақилияти иқтисодии ҷавонон
Чорабиниҳои асосӣ:
- мусоидат ба барномаҳо оид ба гирифтани маълумоти касбии ҷавонон ва пайвастани онҳо ба коллективи меҳнатӣ;
- таъмини дастгирии молиявии чорабиниҳо оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонон, қабл аз ҳама барои шахсони синнашон то 18 сола;
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои дарозмуддат оид ба таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбӣ, онд ба дастгирии фаъолияти меҳнатии давомнок ва комили онҳо;
- фароҳам сохтани шароитҳо барои мутобиқшавии ҷавонон ба коллективҳои меҳнатӣ, аз ҷумла таҳия ва андешидани тадбирҳо оид ба ҷудо намудани квотаҳои ҷойҳои корӣ барои ҷавонон, ташкили таҷрибаомӯзии ҷавонон;
- ҷалби ҷавонон дар соҳаҳои истеҳсолие, ки татбиқи технологияи нисбатан пешқадам сурат мегирад ва маданияти баланди истеҳсолот ва ташкили меҳнат дастгирӣ мегардад;
- татбиқи барномаҳои махсуси бо ҷои кор таъмин намудани ҷавононе, ки маҳз ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд ва дар ҷустуҷӯи кор мушкилӣ мекашанд (ноболиғон, маъюбон, наврасони ятим, наврасони бепарастор);
- таъсис ва дастгирии ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки дар самти мусоидат ба шуғл, касбинтихобкунӣ, тайёрӣ ва бозомӯзии касбии ҷавонон- марказҳои шуғли муваққатӣ ва мавсимии ҷавонон, биржаҳои меҳнати ҷавонон, отрядҳои меҳнатии студентон ва иттиҳодияҳои ҷавонон фаъолият мебаранд;
- ташаккули механизмҳои давлатии дастгирии соҳибкории ҷавонон;
- ташкили корҳои маърифатӣ бо шаҳрвандони ҷавон оид ба масъалаҳои танзими оила, саломатии репродуктивӣ, модарии бехатар, тарбия ва инкишофи солими кӯдакон, ташкили истироҳати оилавӣ ва фароғати кӯдакон;
- ташаккули системаи хадамоти иҷтимоӣ бо мақсади тавсеаи доираи хизматрасонии таълимӣ, тиббию иҷтимоӣ, иҷтимоию ҳуқуқӣ, рӯҳию педагогӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва дигар навъи хизматрасониҳо ба оилаҳои ҷавон барои таъмини ҳифзи саломатӣ, маълумот, тарбия ва инкишофи кӯдакон;
- такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои дастгирии оилаҳои ҷавон дар сохтмон ва гирифтанн манзил (оид ба додани субсидия, кредитҳои мақсадноки имтиёзнок, оид ба амалӣ намудани механизмҳои иҷораи манзилҳои давлатӣ ва ғайра), беҳтар намудани шароитҳои манзилӣ барои оилаҳои ҷавони камбизоат.
5. Ҷавонони боистеъдод
Чорабиниҳои асосӣ:
- таҳияи Барномаи давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонони лаёқатманд;
- таҳия ва татбиқи нақшаи амалиёти байнибахшӣ дар соҳаи дастгирии истеъдодҳои ҷавон байни хонандагон ва донишҷӯён;
- дастгирии барнома ва лоиҳаҳо оид ба таҷрибаомӯзии истеҳсолии хориҷии донишҷӯён;
- эҳё ва дастгирии ҳаракати навоварон ва ратсионализаторон байни ҷавонон ва пешқадамони истеҳсолот;
- ташаккул ва татбиқи механизмҳои тарбияи барандагони стипендияҳои президентӣ;
- дастгирии эҷодиёти истеъдодҳои наврас ва ҷавон дар соҳаи фарҳанг ва санъат.
6. Ҳамкории байналмилалии ҷавонон
Чорабиниҳои асосӣ:
- таҳияи лоиҳаи қарордодҳои дутарафа ва бисёртарафаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар соҳаи татбиқи сиёсати ҷавонон;
- таъмини иштироки намояндагони ҷавонон ва мақомоти идораи давлатии кор бо ҷавонони мамлакат дар форумҳо ва чорабиниҳои гуногуни байналмилалии корӣ, эҷодӣ ва фарҳангии ҷавонон;
- дастгирӣ ва рушди мубодилаи байналмилалии ҷавонон, ки ба принсипи афзалияти арзишҳои умумибашарӣ, гуманизм ва демократия такя мекунад;
- рушди ҳамкории ҳаматарафа бо кишварҳои ИДМ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
- ташкили мубодилаи байналмилалии ҷавонон бо мақсади мубодилаи мутақобилаи иттилоот оид ба проблемаҳои ҷавонон, аз ҷумла бекорӣ, нашъмандӣ, ҷинояткорӣ, гирифтани кафолати иҷтимоӣ ва ҳифзи табиат.
7. Кадрҳо
Чорабнниҳои асосӣ:
- дастгирии тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон;
- ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҷавонон ва сиёсати ҷавонон;
- таҳияи маводи методӣ оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;
- ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон;
- ҷамъбаст, дастгирӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами амалӣ сохтани сиёсати ҷавонон дар сатҳи маҳаллӣ. Таъмини молиявии Барнома
Ҳаҷми умумии маблағгузории Барнома барои солҳои 2004-2006 2952,3 ҳазор сомонро ташкил медиҳад, аз ҷумла 805,0 ҳазор сомонӣ - аз буҷети ҷумҳуриявии Барнома ва 2147,3 ҳазор сомонӣ - аз буҷетҳои дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ. Тақсимоти ин маблағ вобаста ба зербарномаҳо ва манбаъҳои буҷетӣ дар ҷадвали зер оварда шудааст (1 -буҷети ҷумҳуриявии Барнома, 2 - дигар манбаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ):
+------Р--Р-----Т--------+--------------+---------------+------------ҷ
| Зербарномаҳо | 2004 | 2005 | 2006 |
| +------+-------+------+--------+------+-----+
| | 1 | 2 | 1 | 2 | 1 | 2 |
+------------------------+------+-------+------+--------+------+-----+
|1 Ватандӯстии ҷавонон |11,8 | 87,9 | 29,7 | 143,3 | 14,7 |120,5|
+---------Р-----Р--------+------+-------+------+--------+------+-----+
|2 Ташаббуси ҷавонон |8,8 | 25,9 | 9,0 | 29,6 | 13,5 |35,0 |
+-------------Р----------+------+-------+------+--------+------+-----+
|3 Саломатии ҷавонон |76,9 | 183,1 | 90,6 | 280,5 | 113,2|283,8|

|4 Мустақилияти |41,2 | 128,9 | 35,8 | 167,2 | 56,3 |193,5|
| иқтисодии ҷавонон | | | | | | |
+---Т---------Р----------+------+-------+------+--------+------+-----+
|5 Ҷавонони боистеъдод |37,6 | 77,7 | 47,7 | 97,6 | 48,4 |98,1 |
+---Т--------------------+------+-------+------+--------+------+-----+
|6 Ҳамкории байнал- |28,3 | 32,8 | 30,0 | 39,0 | 31,8 |46,0 |
| милалии ҷавонон | | | | | | |
+-------Т---Р------------+------+-------+------+--------+------+-----+
|7 Кадрҳо |35,4 | 26,7 | 22,2 | 15,2 | 22,1 |31,0 |

| Ҳамагӣ: |240,0 | 563,0 | 265,0| 776,4 |300,0 |807,9|
+---Р----Р---------------+------+-------+------+--------+------+-----+ Ташкили назорат ва механизми татбиқи Барнома
Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати корҳоро оид ба татбиқи Барнома амалӣ менамояд, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқ намудани чорабиниҳои Барнома, бо дарназардошти вазъияти иҷтимоию иқтисодии мавҷуда пешниҳод манзур медорад, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.
Идораи ҷараёни татбиқи Барнома аз ҷониби Комиссияи махсуси Барнома, ки онро Коллегияи Кумита таъсис медиҳад ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, сурат мегирад,
Татбиқи чорабиниҳои мушаххаси Барнома дар асоси озмуни лоиҳаю барномаҳои дахлдор ва пешниҳодоти сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон бо қарори Коллегияи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Арзёбии самаранокии татбиқи Барнома
Самаранокии татбиқи Барнома аз рӯи нишондиҳандаҳои муайнкунандаи сифати ҳаёти ҷавонон ва интегратсияи иҷтимоии онҳо бо ҷомеа арзёбӣ карда мешавад.
Татбиқи чорабиниҳои Барнома имконият медиҳад:
- шароити ташаккулёбии мавқеи шаҳрвандию ватанпарстии ҷавонон ва ҳисси эҳтироми онҳо ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ беҳтар карда шавад;
- заминаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва методологии тарбияи ватанпарастӣ ва маънавию ахлоқии ҷавонон таҳким ёбад;
- системаи робитаи артиш ва ҷавонон инкишоф ёбад;
- механизмҳои дастгирии давлатии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии наврасон ва ҷавонон ташаккул ёбад;
- теъдоди иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунандаи наврасон ва ҷавонон зиёд;
- фаъолнокии иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон, мавқеъи ҳаётии онҳо, омодагии ҷавонон барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар баланд бардошта шавад;
- унсурҳои нахустини хадамоти иҷтимоии барои ҷавонон хайрхоҳ ташаккул ёбанд ва шабакаи марказҳои ҷавонон васеъ гардад;
- намудҳои оммавии варзиш ва туризми наврасон ва ҷавонон инкишоф ёбад;
- сатҳи беназоратӣ, ҷинояткорӣ, танфурӯшӣ байни ҷавонон паст гардад;
- ба фароҳам овардани шароитщо барои барқарорсозии рӯҳию педагогӣ ва тиббии кӯдакон ва наврасон, мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғоне, ки рафтори номатлуби иҷтимоӣ доранд, мусоидат карда шавад;
- сатҳи нашъамандӣ байни ҷавонон паст гардад;
- маърифатнокии наврасон оид ба масъалаҳои саломатии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда баланд гардад;
- ба иштироки худи ҷавонон дар ҷараёни таҳия ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои пешгирикунанда мусоидат карда шавад;
- сатҳи даромади ҷавонон ва оилаҳои ҷавон баланд гардад, шароити иҷтимоию маишии онҳо беҳтар карда шавад;
- ба паст шудани сатҳи бекорӣ байни ҷавонон, зиёд гаштани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат мусоидат карда шавад;
- ба омӯзиш ва дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон мусоидат намуда, фаъолнокии кории онҳо баланд бардошта шавад;
- ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва танзими оила омода гарданд;
- асосҳои меъёрию ҳуқуқии дастгирии давлатӣ ва ҷамъиятии ҷавонони боистеъдод таъсис дода шавад;
- унсурҳои асосии механизми байнибахшии дастгирии давлатии истеъдодҳои наврас ва ҷавон ташаккул ёбад;
- усулҳои нави дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва навоварони истеҳсолот таҳия ва амалӣ гарданд;
- маҳзани иттилоот ва сохторҳои ташкилӣ барои кор бо ҷавонони лаёқатманд ташаккул ёбанд;
- фазои ҳуқуқию меъёрии байнидавлатӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон ташаккул ва тавсеа ёбад;
- сатҳи самаранокии татбиқи созишномаҳои байналмилалии байнибахшӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон баланд бардошта шавад;
- заминаҳои илмӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва методии сиёсати давлатии ҷавонон таҳким ёбад;
- системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон оид ба кор бо ҷавонон инкишоф ёбад;
- унсурҳои ибтидоии системаи таъмтни иттилоотии сиёсати ҷавонон таъсис дода шавад.
Иҷрокунандагон:
Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисгон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тсчикистон, Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк", Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо).
*Ҷадвал оварда намешавад