Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2004-2006
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", фароҳам сохтани шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои истиқрори иҷтимоии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2004- 2006 тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" муқаррар карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташаккули буҷетҳои давлатӣ барои солҳои 2004-2006 ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хароҷотҳои барои Барномаи мазкур тасдиқшуда маблағҳои заруриро ҷиҳати татбиқи Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" пешбинӣ намояд.
4. Вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти хоҳимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" мусоидат намоянд.
5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барномаҳои маҳаллии ҷавононро таҳия ва амалӣ гардонида, маблағгузории онҳоро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июли соли 2003 № 294
ш. Душанбе