Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Номгӯи масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2002 таҳия мешаванд
Бо дарназардошти пешниҳодоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои ҳуқуқ, тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила, экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бинобар зарурати такмили иловагӣ баррасии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Тартиби танзими фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббии идоравӣ ва марбут ба моликияти коммуналӣ тавассути бастани созишномаҳои дуҷониба, инчунин мӯҳлатҳои бастани чунин созишномаҳо дар системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ба Номгӯи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 607 тасдиқгардидаи масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2002 таҳия мешаванд, ворид карда шудааст, ба нимсолаи дуюми соли 2002 гузаронида шавад.
2. Ба инобат гирифта шавад, ки банди 21 Номгӯи зикршуда "Дар бораи тасдиқи Барномаи тадбирҳои фаврии идораи давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати муҳофизати саломатӣ" дар доираи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 94 тасдиқ гардидааст, баррасӣ карда шудааст.
3. Аз Номгӯи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 607 тасдиқгардидаи масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2002 таҳия мешаванд, бандҳои 25 ва 28 хориҷ карда шаванд.
4. Таваҷҷӯҳи Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои экологпя ва ҳолатҳои фавқулодда, тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба норасоиҳои ҷойдошта ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ва пешниҳодот дар давраи ташаккули номгӯи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда ҷалб карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон Э. Раҳмонов
аз 5 июни соли 2002 № 247
ш. Душанбе