Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 июни соли 2002 № 245
тасдиқ шудааст
Тартиби воридот ва содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Ин Тартиб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" таҳия шуда, тартиби гирифтанн иҷозатномаи воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми доруворӣ (пайдоишашон минералӣ, растанигӣ, ҳайвонӣ ва кимёвӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2.Ин Тартиб ба фаъолияте, ки ба муомилоти маводи дорувории нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманд аст, дахл надорад.
3.Воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми доруворӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, ба ғайр аз мавриде, ки дар банди 4 ҳамин тартиб баён карда шудааст, манъ мебошад.
4.Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва вогирии (эпидемияи) бемориҳои сирояткунанда барои воридоти доруворӣ ва молҳои тиббии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, иҷозатномаи якдафъагӣ диҳад.
5.Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани миқдори маҳдуди доруворӣ, ки ҳаҷми онро Вазорати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, новобаста ба бақайдгирии давлатии онҳо, барои истифодаи шахсӣ бо мақсадҳои тиббӣ ва ғайритиҷоратӣ пешбинишуда, иҷозат дода мешавад:
-барои истифодаи шахсӣ ба шахсони воқеъие, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;
-ба кормандони ҳайати дипломатӣ ё намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
-барои муолиҷаи мусофирони воситаҳои нақлиёте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд:
-барои гузаронидани озмоишҳои пеш аз дармонгоҳӣ ва дармонгоҳӣ;
-барои ба қайд гирифтани доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-барои гузоштан дар намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва конференсияҳо бе ҳуқуқи фурӯш:
-шахсони воқеъӣ метавонанд барои истифодаи шахсӣ дорувориро ба миқдори зарурӣ бароранд.
6.Иҷозатномаи воридот ва содироти доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми дорувор дар асоси аризае, ки шакли онро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба расмият дароварда мешавад. Барои саҳеҳии маълумотҳои дар аризаи барои додани иҷозатнома нишондодашуда ташкилоти аризадиҳанда масъул мебошад.
7.Барои гирифтани иҷозатномаи содирот ва воридоти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми доруворӣ аризадиҳанда бояд нусхаи иҷозатномаро (литсензияро) оид ба фурӯши яклухт ё истеҳсоли саноатии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, иҷозатномаи фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ, шаҳодатномаи сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, шартнома ё қарордоди хариду фурӯш ва санадҳои молию борхатро пешниҳод кунад.
8.Аризадиҳанда метавонад мувофиқи тартиби муайяннамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи умумӣ (генералӣ) ё якдафъагиро ба расмият дарорад.
9.Иҷозатнома ба ҳар як намуди мол вобаста ба миқдори номгӯи мол, ки дар шартнома дохил шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Иҷозатномаи умумӣ ба аризадиҳанда ба мӯҳлати як соли тақвимӣ барои иҷрои корҳои содироту воридотии боррасонии маводи доруворӣ ба расмият дароварда мешавад. Амалиёти содиротию воридотӣ бо иҷозатномаи умумӣ (генералӣ) метавонад як ё якчанд маротиба сурат гирад. Иҷозатномаи якдафъагӣ ба аризадиҳанда ба мӯҳлати 3 моҳ барои амалиёти содироту воридотии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми доруворӣ барои ҳар як доду гирифти алоҳида дар мӯҳлати 20 рӯз ба расмият дароварда мешавад.
Бо хоҳиши асосноки аризадиҳанда мӯҳлати эътибори иҷозатнома мумкин аст дароз карда шавад. Дарозкунии мӯҳлати эътибори иҷозатнома баъди ҳисоботи кори анҷомдодашуда ва дар шакли хаттӣ тасдиқ карда мешавад.
10.Қарори додани иҷозатнома на дертар аз 25 рӯз пас аз вақти ворид шудани ариза қабул карда мешавад.
11.Расонидани молро фақат баъди ба расмият даровардани иҷозатномаи дахлдор ва мавҷуд будани шаҳодатномаи сифати маҳсулоти воридшаванда амалӣ гардонидан мумкин аст.
12.Асосҳо барои радкунӣ дар додани иҷозатнома инҳо шуда метавонанд:
-нодуруст тартиб додани ариза;
-маълумоти ғайрисаҳеҳ додан оид ба доду гирифт, нархҳои демпингӣ;
-надоштани иҷозатнома (литсензия)-и фурӯши яклухт ё истеҳсоли саноати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва шаҳодатномаи сифат.
Қарор дар бораи рад кардани додани иҷозатнома бояд асоснок карда шуда, ба таври хаттӣ ба аризадиҳанда фиристода шавад.
13.Ҳангоми вайрон кардани ин тартиб дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки қоидаҳои воридоту содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми дорувориро муайян мекунанд, инчунин ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки ба тандурустӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қарордодҳои байналмилалӣ бармеоянд зиён мерасонад, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаи додашударо муваққатан боз дорад. Баҳсҳое, ки вобаста бо ҳамин масъала пайдо мешаванд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.