ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)
Мутобиқи моддаи 27, 34 ва 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ" ва бо мақсади рушди объектҳои иттилоотонии мавҷуда ва бунёди объектҳои нави иттилоотонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотониро таъсис ва Низомномаи онро тасдиқ намояд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Дастурамали мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол, аз соли 2007 сар карда, ҷиҳати татбиқи чорабиниҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ, ки аз ҷониби Комиссияи байниидоравии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, дар сметаи хароҷоти нигоҳдории худ маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2005 № 508
ш. Душанбе