ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 479
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 479 "Дар бораи масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) ба Низомномаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 479 тасдиқ шудааст:
дар банди 4 баъд аз калимаҳои "аз ташкили омодаги, омӯзиши аҳоли" калимаҳои "таҳлили ҳаматарафа ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табий ва техногенидошта" илова карда шаванд;
дар банди 5 сархатҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- қабул, таҳлили ҳаматарафа, нигоҳдории боэътимод, интиқол ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табий ва техногенидошта бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамони иттилооти (кайҳони, системаҳои иттилоотии географи ва ғайра)";
- ташкили ҳамкории ҳамоҳангсозишудаи муфид бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқоти ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ташкилотҳои байналмилали дар соҳаи ҷамъовари, таҳлил, нигоҳдори, мубодила ва истифодаи иттилоот";
дар банди 6 сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад;
"- дар ҳамкори бо мақомоти давлати ва ташкилотҳои дахлдор, оид ба муайянкунии самтҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи мониторинг, пешгӯи, пешгири, кам карданя ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда пешниҳодҳо таҳия месозад, дар ин соҳа корҳои илми ва лоиҳави гузаронида, ба татбиқ ва амали шудани онҳо мусоидат менамояд";
б) ба сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 № 479 тасдиқ шудааст, сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Маркази иттилоотию таҳлили".
2. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати шахсии Маркази иттилоотию таҳлилиро дар доираи шумораи штати ва маблағҳои буҷавии аз рӯи сметаи хароҷотҳо барои соли 2005 муқарраршуда муайян намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 сентябри соли 2005 № 346
ш. Душанбе