Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003, № 517 "Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010с. № 632 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади расонидани кӯмаки моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2004 ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки моддии яквақтаина ва додани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми зерин муайян карда шавад:

300 сомонӣ ба ҳар як шахси фавтида;

100 сомонӣ ба сардори оила ва 50 сомонӣ ба ҳар як аъзои оила;

300 сомонӣ ба ҳар оила барои таъмири манзили истиқоматӣ, ки қисман вайрон шудааст;

1000 сомонӣ ба ҳар оила барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ки пурра вайрон шудааст;

1500 сомонӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати 5 сол ба ҳар оила

2. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории хароҷотҳои вобаста ба расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида бо пешниҳоди Комиссияи давлатии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби фонди хароҷотҳои пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ:

- дар мавриди рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо сабабҳои офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, фаромадани тармаю ярч, сел ва ғайра) тибқи тартиби муқарраргардида, рӯйхати шахсони дар натиҷаи офати табиӣ ҳалокшуда ва оилаҳои зарардида (бо нишон додани ҳайати оила), талафоти моддиву молии ҳар як оила, ташкилоту идораҳо ва хоҷагиҳои дигари дар тобеияташон бударо ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон псшниҳод намоянд;

- оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда сари вақт ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда иттилоот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2003 № 517

ш. Душанбе