Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, № 482 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати иҷтимоӣ ва ба низом даровардани имтиёзу ҷубронпулиҳо ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1992 № 233 "Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дар натиҷаи фалокати Чернобил зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баъд аз калимаи "доранд" калимаҳои "(ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ)" илова карда шаванд.

2. Ба бандҳои 2 ва 4 қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993 № 312 "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои муссалаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд" мувофиқан пас аз калимаҳои "пешбинишуда" ва "шудаанд" калимаҳои "(ба истиснои имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ)" илова карда шаванд.

3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2004 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 25 октябри соли 2003 № 482

ш. Душанбе