Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 207 "Дар бораи тадбирҳои таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд"

Санаи амалкуни: 27.02.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд

(қарор аз 2.012.2008с. № 613, аз 27.02.2010с. № 104)

Бо мақсади таъмини саривақтии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ифтитоҳи марказҳои муваққати дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Новосибирск, Екатеринбург, Нижний Новгород, Астрахан ва Саратови Федератсияи Россия, шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳрҳои Остона ва Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чораҳои зарури андешида, онҳоро бо кормандони ботаҷриба ва масъули мақомоти корҳои дохили ва хориҷи таъмин намоянд.

2. Тарифи маблағҳо ҷиҳати таъмини шиносномаи хориҷии умумишаҳрванди ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд, дар ҳаҷми 50 доллари ШМА ва боҷи давлати дар ҳаҷми 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муайян карда шавад.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи хизматро барои таъмини шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди ва боҷи давлати бо асъори миллии кишвари қабулкунанда тибқи курси муайяншудаи рӯзи пешниҳоди ариза амали намояд (қарор аз 2.012.2008с. № 613).

4. Маблағҳои аз таъмини шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд, ба даст омада, ба таври зайл тақсим шаванд:

- 25 доллари ШМА ва боҷи давлати дар ҳаҷми 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети ҷумҳурияви ворид карда шавад (қарор аз 2.012.2008с. № 613);

- 25 доллари ШМА ба суратҳисоби махсус ташкилкардашудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби махсуси Шӯъбаи раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷи ва корҳои шиносномадиҳии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои пӯшонидани хароҷоти хариди бланки шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди ва корҳои шиносномадиҳи, пардохти хароҷоти сафарҳои хидматии кормандон, иҷораи утоқҳо, харидани таҷҳизоти махсус ва компютер, маводи дафтардори, алоқа ва ҳаққи хидматрасонии бонкҳо дар робита ба мубодила ва интиқоли асъор харҷ карда мешавад (қарор аз 27.02.2010с. № 104).

Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пардохти хароҷоти сафарҳои хидматии кормандони ба марказҳои муваққати дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия фиристодашударо то итмоми мӯҳлати кор дар марказҳои муваққати мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали созад. Пардохти хароҷоти зикргардида аз ҳисоби маблағҳое, ки барои омодасози ва таъминоти шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди ба суратҳисоби махсуси Шӯъбаи раводид ва ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷи ва корҳои шиносномадиҳии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, амали карда шавад.

5. Ба намояндагиҳои муваққатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия барои маблағситони иҷозат дода шавад:

- барои таъмини шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди бар ивази шиносномаҳои гумшуда дар ҳаҷми тарифи дукарата;

- барои ворид намудани тағйирот ба шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандии қаблан додашуда - 10 доллари ШМА;

- барои муайян намудани мансубият ба табаияти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 4 доллари ШМА.

Панҷоҳ фоизи маблағҳои мазкур ба буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷоҳ фоизи дигари он ба суратҳисоби махсуси Шӯъбаи раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷи ва корҳои шиносномадиҳии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

Боҷи давлати аз таъмини шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди бар ивази шиносномаҳои гумкардашуда ва ворид намудани тағйирот ба шиносномаи хориҷии қаблан додашуда дар ҳаҷми ду маоши ҳадди ақал ва барои муайян намудани мансубият ба табаияти Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар ҳаҷми чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида шуда, ба суратҳисоби махсус ташкилкардашудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад (қарор аз 2.012.2008с. № 613, аз 27.02.2010с. № 104).

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили фаъолияти марказҳои муваққатии намояндагон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амали расонад.

7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ситонидани маблағҳоро барои омодасози ва додани шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрванди ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, таҳия ва тасдиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 6 июни соли 2005 № 207

ш. Душанбе