Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 205
тасдиқ шудааст
Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008с. № 385, аз 30.03.2013 № 171)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур қоидаҳои озод намудан аз андозҳо ва (ё) додани дигар имтиёзҳои андозро ҳангоми фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд-намояндагиҳо), намояндагиҳои консулии давлатҳои хориҷи, ҳайати маъмурию техники ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдори муассисаҳои консули, инчунин намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он ва дигар кормандони ташкилотҳои байналмилали дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътибор пайдокардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба ташкилотҳои байналмилали мутобиқи шартномаҳои байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз тарафҳо дар онҳо баромад мекунад, муайян менамояд ().
2. Муқаррарот ва мафҳуми баъзе истилоҳот
а) Варақаҳои аккредитатсиони - ҳуҷҷати додаи Вазорати корҳои хориҷии мамлакати буду бош, ки шахсияти соҳиби варақаро тасдиқ менамояд ва мақоми дипломатии ҳайати намояндагии дипломати ва намояндагиҳои ба он баробаркардашударо, ки дар мамлакати буду бош аккредитатсия шудаанд, ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳо ва масуниятҳо дар қаламрави мамлакати буду бошро мувофиқи муқаррароти пешбининамудаи шартномаи байналмилали, Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломатии" тасдиқ мекунад.
Варақаҳои аккредитатсиони, ки аз тарафи идораи ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, ба 4 дараҷа: "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард тақсим мешаванд.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби ба сарони намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули, СММ, ҳангоми мавҷуд будани шиносномаи дипломати ё сабт дар шиноснома, ки мақоми дипломатии соҳиби он ва аъзои оилаҳои онҳо (сардор ё узви ҳайати намояндагии дипломати)- ро тасдиқ мекунад, дода мешавад.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги кабуд ба кормандони намояндагиҳои дипломати ва консули, роҳбар ва аъзои намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии байниҳукумати ҳангоми мавҷуд будани шиносномаи дипломати ё сабт дар шиноснома, ки мақоми дипломатии соҳиби он ва аъзои оилаҳои онҳо (узви ҳайати намояндагии дипломати)-ро тасдиқ мекунад, дода мешавад.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "SВ" ранги осмони ба кормандони маъмурию техники ва ҳайати хизматрасонии намояндагиҳои дипломати ва консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали (ғайрирезидентҳо), ки мақоми онҳо ба мақоми ҳайати маъмурию техникии Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломатии" муқаррарнамуда баробар карда шудааст ва аъзои оилаҳои онҳо (аъзои ҳайати намояндагии дипломати, ки хизматрасонии маъмурию техникии намояндагиро анҷом медиҳанд) дода мешавад.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "SP" ранги зард ба кормандони ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукумати, ки фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, дода мешавад.
б) Агенти дипломати - сардори намояндагии дипломати (сафир, фиристода, вакил) ё узви ҳайати дипломатии сафоратхона ё намояндаги. Агенти дипломати, мутобиқи моддаи 34 Муоҳидаи Вена № 1138 аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломати" аз ҳамаи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳои шахси ва амволи давлати, маҳалли озод карда мешавад, ба истиснои:
андозҳои ғайримустақим, ки одатан ба нархи мол ё хизматрасони ҳамроҳ карда мешаванд;
пардохтҳо ва андозҳо аз амволи шахси ва ғайриманқул, ки дар сарзамини давлати буду бош мавҷуданд, агар онҳоро барои мақсади намояндаги аз номи давлати аккредитатсия дода дар ихтиёр надошта бошад;
андоз аз мерос ва боҷ барои меросбари, ки давлати буду бош мерӯёнад, бо истиснои пешбинишудаи банди 4 моддаи 39 Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломати";
пардохтҳо ва андозҳо аз даромади шахси, ки манбаи он дар давлати буду бош қарор дорад ва андозҳо аз маблағгузори ба корхонаи тиҷорати дар давлати буду бош;
пардохтҳое, ки аз намудҳои мушаххаси хизматрасони, бақайдгири, боҷи суди, пардохтҳои ипотеки ва мӯҳрпули нисбати амволи ғайриманқул рӯёнида мешаванд, бо истиснои пешбинишудаи моддаи 23 Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломати".
Аз андозҳои ғайримустақим озод намудан ба ихтиёри мамлакати буду бош вогузор шудааст. Ҳангоми пешниҳоди чунин имтиёзҳо, пешбини карда мешавад, ки он бар усули мутақобила сурат гирад.
II. Муқаррароти махсус
3. Ҳамин Тартиб озод намудани намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шударо аз андози арзиши иловашуда дар ҷараёни хариди молҳо, пардохти иҷрои корҳо ва хизматрасони аз ҷониби онҳо, аз ҷумла хизматрасони вобаста ба иҷораи биноҳои хизмати ва зист барои истифодаи расмии намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали ё барои истифодаи шахсии ҳайати дипломати ё маъмурию техникии ин намояндагиҳо, аз ҷумла аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳ зиндаги доранд ва варақаҳои аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард дошта, бо роҳи ҷуброни маблағи андозҳои супоридашуда, ба шарте, ки баргардониданро шартномаҳои байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбини карда бошанд, таъмин менамояд.
4. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷи аз андоз озод карда мешаванд ва (ё) мавриди муқаррар намудани дигар имтиёзҳои андоз қарор мегиранд, агар қонунгузории давлати хориҷи чунин тартибро нисбати намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати дипломати ва маъмурию техникии ин намояндагиҳо (аз ҷумла аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳи онҳо зиндаги мекунанд) муайян карда бошад, ё агар чунин меъёр дар шартномаи (созишномаи) байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад.
5. Мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилали, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи намояндагиҳои давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали, инчунин кормандони онҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд:
- сарони намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, кормандони дипломати ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, ҳайати маъмурию техники ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломати ва консули, атташеҳои ҳарби ва аъзои оилаҳои таҳти таъминоти онҳо қарордошта;
- шахсони мансабдори ташкилотҳои байналмилалии байниҳукумати, инчунин кормандони намояндагиҳои давлатҳо дар назди ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод , қароргоҳ доранд;
- шахсони мансабдори ташкилотҳои ҳукуматии давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукумати, ки татбиқи лоиҳаҳоро якҷоя бо тарафи Тоҷикистон ё бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд ва бо барномаҳои иҷрои кӯмакҳои башардӯстона, иҷтимоию иқтисоди ва техники дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.
6. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали мутобиқи муқаррароти шартномаҳои (созишномаҳои) байналмилали, ки санадҳои таъсисии ин ташкилотҳо ба ҳисоб мераванд ва шартномаҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи шароитҳои буду боши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, амал мекунанд.
III. Тартиби пешниҳоди ҳисобҳо оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда
7. Баргардонидани маблагхои андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихои дипломати ва намояндагихои ба онхо баробаркардашуда ва ташкилотхои байналмилали, аз чумла ба аъзои хайати намояндагии онхо, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд, дар асоси пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) ва ҳисобҳо барои ҷуброни маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳамин намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда таҳия намудаанд ва нусхаи ҳуҷҷатҳо (ҳисобномаҳо-фактураи андоз, чекҳо, квитансия ва ғайра), ки ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда далолат мекунанд, ба амал бароварда мешавад.
Пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) ва ҳисобҳо тибқи шакли муқаррарнамудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда шуда, аз тарафи намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубодилаи ёддоштҳо (нотаҳо) ҷиҳати тасдиқи риояи усули мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо нисбати андоз аз арзиши иловашуда, пешниҳод мегарданд. Пас аз тасдиқ пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) бояд ба Идораи андози шаҳри Душанбе супурда шаванд ().
8. Намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилали, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки варақаҳои аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард доранд, як бор дар ҳар семоҳа ба Идораи андози шаҳри Душанбе ё мақоми андози маҳалли қайд ду нусха ариза (ёддошт)-ро дар таҳрири озод барои ҷуброни андоз аз буҷет ва пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) ва ҳисоби маблағи ҷуброншаванда аз буҷет бо ҳисоби ҳар моҳ дар алоҳидаги бо замима намудани ҳуҷҷатҳои аслии харид, ки пардохти молҳо, корҳо ва хизматрасониро тасдиқ мекунанд, пас аз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудани мавҷудияти усули мутақобила, пешниҳод мекунанд.
9. Ба сифати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда қабул карда мешаванд:
- ҳисоб ва супориши пардохти бо қайди бонк оид ба пардохт;
- шартномаҳои басташуда барои таҳвили молҳо, иҷрои кор ё хизматрасони бо намояндагиҳои дипломати, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, бо дарбаргирии номгӯи мол (кор, хизматрасониҳо)-и таҳвилшаванда, бо нишон додани арзиши онҳо ва санади иҷро шудани корҳо ва хизматрасониҳо;
- мактуби расмии намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда (бо имзои сардори намояндаги ё шахси ӯро ивазкунанда, бо мӯҳри тасдиқкунандаи ин намояндаги) бо нишон додани ном, суроғаи ташкилот ва ё насаб, ном, номи падар ва маҳалли зисти соҳибкори инфиродии молро (кор, хизматрасониҳоро) ба фурӯш бароварда, ки барои истифодаи расмии намояндагиҳои дипломати пешбини шудани ин молро (кор, хизматрасониҳоро) тасдиқ мекунад;
- ҳисобнома-фактураи андоз ва борхати таҳвили молҳо, кор ва хизматрасониҳо;
- чеки моли;
- чеки кассави бо мӯҳри муассисаи савдо (дар ин ҳол нусхаи чеки моли талаб карда намешавад);
- квитансия ба санади даромади кассави, бо қайди пардохти андоз аз арзиши иловашуда;
- дигар ҳуҷҷатҳои пулии ба таври лозими ба расмият даровардашуда;
- нусхаи варақаи аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард.
10. хориҷ карда шуд ()
11. Ҷуброни андоз аз арзиши иловашудаи маблағҳои барои мол, кор ва хизматрасониҳо пардохташудаи аз субъектҳои хоҷагидории ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз қайд нагузашта харида шудаанд, ба амал бароварда намешавад.
12. Пардохтномаҳои маҷмӯи (реестр) барои баргардондани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломати ва ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, барои тасдиқи усули мутақобила, ҳар семоҳа ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
13. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, бояд дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии саридораи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани рақами мушаххаси андозсупоранда (минбаъд - РМА) ва нишон додани рамзи ташкилоти хориҷи (минбаъд - РТХ) ва рамзи сабабҳои ба ҳисоб (қайди андозӣ) (минбаъд - PCҲ), бо мақсади кушодани суратҳисобҳо ва ҳисобҳои арзи дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ба амал баровардани баргардонидани маблағи андозҳои супоридашудаи ғайримустақим ва дигар андозҳо ва пардохтҳое, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд, ба қайд гузошта шаванд ().
14) Намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, вазифадоранд дар мақоми андоз, новобаста ба будан ё набудани шароитҳое, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадани ӯҳдадориҳоро оид ба пардохти андозҳо бо он вобаста мекунанд, дар мӯҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи оғози фаъолият ба қайд гузошта шаванд. Тартиби дар мақомоти андоз ба қайд гузоштан, аз қайд баровардан ва дигар ҳолатҳои вобаста ба рақами мушаххаси андозсупоранда бавуҷудомада тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан" дар мақомоти андоз ба танзим дароварда мешавад ().
15. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва ташкилотҳои хориҷи ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт дошта (аз ҷумла ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардаи онҳо), ки ба онҳо бо ҳуқуқи моликият, ё бо ҳуқуқи соҳиби (ё) истифодабари ва (ё) ихтиёрдори мансуб мебошанд, низ бояд ба ҳисоб гирифта шаванд. Бақайдгири дар маҳалли воқеъшавии амволи ғайриманқул сурат мегирад.
Бақайдгирии давлатии нақлиёти автомобили мувофиқи Қоидаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобили ва притсепҳои онҳо дар Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар суроғаи дар ҳуҷҷатҳои додаи ин вазоратҳо зикргардида, гузаронида мешавад.
16. Мувофиқи моддаи 56 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро иҷро мекунанд, вазифадоранд суратҳисобҳо ё дигар суратҳисобҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое кушоянд, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба онҳо дода шудани РМА-ро тасдиқ менамоянд () .
Тартиби дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредити кушодани суратҳисобҳо ё дигар ҳисобҳои намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилалиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ҳамин Тартиб муайян менамояд, тибқи он бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонки мегузаронанд, метавонанд суратҳисоб ва дигар ҳисобҳои намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шударо танҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аз тарафи мақомоти андоз додай РМА, РТХ ва PCҲ кушоянд.
Раками РТХ бояд бо рақами тартибии аккредитатсияи намояндаги дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад ва бо истифода аз роҳнамои "Рамзи ташкилоти хориҷи" ва "Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон" ташаккул ёфта бошад, масалан: давлати Эрон-IR-l, Россия-RU-2, ШMA-US-4.
17. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, вазифадоранд, ки на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули қарор дар бораи анҷоми фаъолият дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгири хабар диҳанд.
Бо мақсади аз қайди андози баровардан ба мақомоти андоз чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи аз қайд баровардан тибқи шакли 2006 ИМД мувофиқ ба замимаи 5-и ҳамин Тартиб;
- нусхаи қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти хориҷи (байналмилали) дар бораи шӯъбаи (намояндагии) ташкилоти хориҷи (байналмилали), ё дар ҳолатҳои дахлдор, нусхаи санади супоридани корҳо;
- декларатсия дар бораи даромадҳо ва ҳисобҳо (декларатсияҳо) аз рӯи андозҳо, ки дар санаи анҷоми фаъолияти ташкилоти хориҷи (байналмилали) таҳия шудааст;
- мактуб аз бонк (шӯъбаи бонк) дар бораи баста шудани ҳисобҳои ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали ва намояндагиҳои дипломати;
- Шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифтан.
Аз қайд баровардани ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали ва намояндагиҳои дипломати дар мақомоти андоз дар давоми чордаҳ рӯз пас аз додани ариза анҷом дода мешавад.
18. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ташкилотҳои хориҷи ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиётие доранд, ки мутаносибан ба шӯъба, ё намояндагиҳои ин ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб нестанд, дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи қатъи ҳуқуқи моликияти ин ташкилотҳо нисбат ба амволи дар боло зикргардида, ҳуқуқи соҳиби ва (ё) истифода ва (ё) ихтиёрдории амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ё аз лаҳзаи баровардани ин амвол аз қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба мақомоти андоз дар бораи аз қайд баровардан, ариза пешниҳод намоянд.
Бо мақсади аз қайд баровардан ба мақомоти андоз чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд:

- нусхаи ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, ки қатъи ҳуқуқи шаҳрвандии (граждании) ташкилоти хориҷии (байналмилалии) дар сархати аввали ҳамин банд зикргардидаро тасдиқ мекунад ё нусхаи декларатсияҳои бори гумруки, ки содироти воситаҳои нақлиёти ба ташкилотҳои хориҷи (байналмилали) мансуббударо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;

Аз қайд баровардани ташкилоти хориҷиро (байналмилалиро) мақомоти андоз дар давоми чордаҳ рӯз пас аз додани ариза анҷом медиҳад.
19. Аз ҳисоб баровардани ташкилоти хориҷи (байналмилали) ва намояндагии дипломати бо додани Мактуби ахбороти дар бораи аз қайд баровардан тибқи шакли 2203 ИМД мувофиқ ба замимаи 6-и ҳамин Тартиб анҷом меёбад.
20. хориҷ карда шуд ()
21. хориҷ карда шуд ()
22. хориҷ карда шуд ()
23. хориҷ карда шуд ()
24. хориҷ карда шуд ()
25. хориҷ карда шуд ()
26. хориҷ карда шуд ()
27. Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон тибқи роҳнамои " ВIС Directory" дар замимаи 7-и ҳамин Тартиб оварда шудааст.
IV. Тартиб ва мӯҳлати ҷуброн кардани андоз аз арзиши иловашуда
28. Раёсатҳои андоз дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва (ё) мақомоти андози ҳудудии он дар маҳалли бақайдгирии намояндагии дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар мӯҳлати 15 рӯз аз рӯзи ворид гардидани тасдиқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавҷудияти усули мутақобила, пардохтномаҳои маҷмӯи (реестр) ва ҳисоб аз аризадиҳанда, ҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо санҷида мебарояд. Дар ҳисобҳо натиҷаҳои санҷишро бо нишон додани маблағи андозе, ки бояд аз рӯи ҳамин ҳисоб баргардонида шавад, сабт менамояд ва пас як нусхаи ҳисобро бо замимаи ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда бармегардонад. Ҳисоби санҷидашуда дар мақомоти андоз нигоҳ дошта мешавад ва асоси ҷуброн кардани маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи мол ва хизматрасонии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидаи намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба ҳисоб меравад ().
29. Дар ҳолате, ки агар ягон ҳуҷҷати пешбининамудаи ҳамин Тартиб ба сабаби ба таври зарури ба расмият дароварда нашуданаш мақомоти андози минтақави қабул накунад, ё агар нисбати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда шубҳа ба миён омада бошад, инчунин дар ҳолати пурра пешниҳод нашудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, бояд аз ҷониби мақомоти андоз дар муддати панҷ рӯз аз рӯзи ворид шудани ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда оид ба мавҷуд набудани асос барои ҷуброни маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ба таври хатти хабар расонида шавад.
30. Мақомоти андози ҳудуди дар маҳали қайди аризадиҳанда дар мӯҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани ҳисоб ва ҳуҷҷатҳо аз аризадиҳанда қарор қабул мекунад ва дар панҷ нусха Хулоса оид ба баргардондани андоз аз арзиши иловашуда ва реестр таҳия менамояд, ки бо мактуби ҳамроҳикунанда ба Раёсатҳои андоз дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе фиристода мешаванд. Ҳисобҳоро пас аз ҷамъбасти хулосаҳои мақомоти андози ҳудуди бо маблағҳое, ки бояд ҷуброн шаванд, Раёсатҳои андоз дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ().
31. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воридоти умумии андоз аз арзиши иловашуда, дар давоми понздаҳ рӯз аз рӯзи гирифтани хулоса оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ва ҳуҷҷатҳо аз Раёсатҳои андоз дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе маблағҳои ҷуброни андоз аз арзиши иловашударо ба суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодаи намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали мегузаронад ().
32. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда мушаххасан ба намояндагии дипломати, муассисаҳои консули, ё намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда як маротиба дар се моҳ сурат мегирад.
33. Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳангоми ба мақомоти андоз ошкор гардидани он, ки маблағи муайяни андоз ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, саҳван баргардонида шудааст, мақомоти андоз метавонад баргардонидани чунин маблағҳоро бо тартиби барои ҷамъоварии андозҳо муқарраршуда, талаб намояд.
V. Асъори ҷуброн
4. Ҳисобҳои ҷуброн ба мақомоти андози ҳудудии маҳалли қайд бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, ҷуброни андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали низ бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Ҳангоми бо арзи хориҷи пардохтани молҳо, корҳо ва хизматрасони азнавҳисобкуни бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ба вуқӯъ омадани харид, қабули кор ва расонидани хизмат сурат мегирад.
VI. Ҷавобгарии шахсони мансабдор
35. Шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки ба Хулосаи вобаста ба баргардондани андоз аз арзиши иловашуда имзо гузоштаанд, барои дуруст будани хулосаи таҳияшуда ва сари вақт пешниҳод намудани он ҷавобгар мебошанд.
36. Шахсони мансабдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинадории маркази ва шӯъбаҳои минтақавии хазинадори барои сари вақт ба иҷро расонидани хулоса оид ба баргардондани андоз аз арзиши иловашудаи мақомоти андоз тибқи аризаи намояндагии дипломати, муассисаи консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали пурра ҷавобгар мебошанд.
37. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилали ё тамоман рафтани аъзои ҳайати дипломати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аризаро барои ҷуброн 30 рӯз пештар аз сафар пешниҳод кардан зарур аст.
38. Шахсони мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя гардидани принсипи мутақобилият ҳангоми ба намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ додани ҳуқуқи озод будан аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои андозӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, масъул мебошанд ().
* Замимаҳо оварда намешаванд.
* замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 Тартиби мазкур аз эътибор соқит карда шуданд ().
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 205
тасдиқ шудааст
Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
(қарор аз 1.08.2008с. № 385)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур қоидаҳои озод намудан аз андозҳо ва (ё) додани дигар имтиёзҳои андозро ҳангоми фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, намояндагиҳои консулии давлатҳои хориҷи, ҳайати маъмурию техники ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдори муассисаҳои консули, инчунин намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он ва дигар кормандони ташкилотҳои байналмилали дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътибор пайдокардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба ташкилотҳои байналмилали мутобиқи шартномаҳои байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз тарафҳо дар онҳо баромад мекунад, муайян менамояд.
2. Муқаррарот ва мафҳуми баъзе истилоҳот
а) Варақаҳои аккредитатсиони - ҳуҷҷати додаи Вазорати корҳои хориҷии мамлакати буду бош, ки шахсияти соҳиби варақаро тасдиқ менамояд ва мақоми дипломатии ҳайати намояндагии дипломати ва намояндагиҳои ба он баробаркардашударо, ки дар мамлакати буду бош аккредитатсия шудаанд, ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳо ва масуниятҳо дар қаламрави мамлакати буду бошро мувофиқи муқаррароти пешбининамудаи шартномаи байналмилали, Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломатии" тасдиқ мекунад.
Варақаҳои аккредитатсиони, ки аз тарафи идораи ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, ба 4 дараҷа: "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард тақсим мешаванд.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби ба сарони намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули, СММ, ҳангоми мавҷуд будани шиносномаи дипломати ё сабт дар шиноснома, ки мақоми дипломатии соҳиби он ва аъзои оилаҳои онҳо (сардор ё узви ҳайати намояндагии дипломати)- ро тасдиқ мекунад, дода мешавад.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги кабуд ба кормандони намояндагиҳои дипломати ва консули, роҳбар ва аъзои намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии байниҳукумати ҳангоми мавҷуд будани шиносномаи дипломати ё сабт дар шиноснома, ки мақоми дипломатии соҳиби он ва аъзои оилаҳои онҳо (узви ҳайати намояндагии дипломати)-ро тасдиқ мекунад, дода мешавад.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "SВ" ранги осмони ба кормандони маъмурию техники ва ҳайати хизматрасонии намояндагиҳои дипломати ва консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали (ғайрирезидентҳо), ки мақоми онҳо ба мақоми ҳайати маъмурию техникии Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломатии" муқаррарнамуда баробар карда шудааст ва аъзои оилаҳои онҳо (аъзои ҳайати намояндагии дипломати, ки хизматрасонии маъмурию техникии намояндагиро анҷом медиҳанд) дода мешавад.
Варақаи аккредитатсионии дараҷаи "SP" ранги зард ба кормандони ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукумати, ки фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, дода мешавад.
б) Агенти дипломати - сардори намояндагии дипломати (сафир, фиристода, вакил) ё узви ҳайати дипломатии сафоратхона ё намояндаги. Агенти дипломати, мутобиқи моддаи 34 Муоҳидаи Вена № 1138 аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломати" аз ҳамаи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳои шахси ва амволи давлати, маҳалли озод карда мешавад, ба истиснои:
андозҳои ғайримустақим, ки одатан ба нархи мол ё хизматрасони ҳамроҳ карда мешаванд;
пардохтҳо ва андозҳо аз амволи шахси ва ғайриманқул, ки дар сарзамини давлати буду бош мавҷуданд, агар онҳоро барои мақсади намояндаги аз номи давлати аккредитатсия дода дар ихтиёр надошта бошад;
андоз аз мерос ва боҷ барои меросбари, ки давлати буду бош мерӯёнад, бо истиснои пешбинишудаи банди 4 моддаи 39 Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломати";
пардохтҳо ва андозҳо аз даромади шахси, ки манбаи он дар давлати буду бош қарор дорад ва андозҳо аз маблағгузори ба корхонаи тиҷорати дар давлати буду бош;
пардохтҳое, ки аз намудҳои мушаххаси хизматрасони, бақайдгири, боҷи суди, пардохтҳои ипотеки ва мӯҳрпули нисбати амволи ғайриманқул рӯёнида мешаванд, бо истиснои пешбинишудаи моддаи 23 Муоҳидаи Вена аз 18 апрели соли 1961 "Дар бораи муносибатҳои дипломати".
Аз андозҳои ғайримустақим озод намудан ба ихтиёри мамлакати буду бош вогузор шудааст. Ҳангоми пешниҳоди чунин имтиёзҳо, пешбини карда мешавад, ки он бар усули мутақобила сурат гирад.
II. Муқаррароти махсус
3я1.я0 Ҳамин Тартиб озод намудани намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шударо аз андози арзиши иловашуда дар ҷараёни хариди молҳо, пардохти иҷрои корҳо ва хизматрасони аз ҷониби онҳо, аз ҷумла хизматрасони вобаста ба иҷораи биноҳои хизмати ва зист барои истифодаи расмии намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали ё барои истифодаи шахсии ҳайати дипломати ё маъмурию техникии ин намояндагиҳо, аз ҷумла аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳ зиндаги доранд ва варақаҳои аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард дошта, бо роҳи ҷуброни маблағи андозҳои супоридашуда, ба шарте, ки баргардониданро шартномаҳои байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбини карда бошанд, таъмин менамояд.
4. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷи аз андоз озод карда мешаванд ва (ё) мавриди муқаррар намудани дигар имтиёзҳои андоз қарор мегиранд, агар қонунгузории давлати хориҷи чунин тартибро нисбати намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати дипломати ва маъмурию техникии ин намояндагиҳо (аз ҷумла аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳи онҳо зиндаги мекунанд) муайян карда бошад, ё агар чунин меъёр дар шартномаи (созишномаи) байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад.
5. Мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилали, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи намояндагиҳои давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали, инчунин кормандони онҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд:
- сарони намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, кормандони дипломати ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, ҳайати маъмурию техники ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломати ва консули, атташеҳои ҳарби ва аъзои оилаҳои таҳти таъминоти онҳо қарордошта;
- шахсони мансабдори ташкилотҳои байналмилалии байниҳукумати, инчунин кормандони намояндагиҳои давлатҳо дар назди ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод , қароргоҳ доранд;
- шахсони мансабдори ташкилотҳои ҳукуматии давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукумати, ки татбиқи лоиҳаҳоро якҷоя бо тарафи Тоҷикистон ё бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд ва бо барномаҳои иҷрои кӯмакҳои башардӯстона, иҷтимоию иқтисоди ва техники дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.
6. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали мутобиқи муқаррароти шартномаҳои (созишномаҳои) байналмилали, ки санадҳои таъсисии ин ташкилотҳо ба ҳисоб мераванд ва шартномаҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи шароитҳои буду боши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, амал мекунанд.
III. Тартиби пешниҳоди ҳисобҳо оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда
7. Баргардонидани маблагхои андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихои дипломати ва намояндагихои ба онхо баробаркардашуда ва ташкилотхои байналмилали, аз чумла ба аъзои хайати намояндагии онхо, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд, дар асоси пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) ва ҳисобҳо барои ҷуброни маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳамин намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда таҳия намудаанд ва нусхаи ҳуҷҷатҳо (ҳисобномаҳо-фактураи андоз, чекҳо, квитансия ва ғайра), ки ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда далолат мекунанд, ба амал бароварда мешавад.
Пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) ва ҳисобҳо тибқи шакли муқаррарнамудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда шуда, аз тарафи намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубодилаи ёддоштҳо (нотаҳо) ҷиҳати тасдиқи риояи усули мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо нисбати андоз аз арзиши иловашуда, пешниҳод мегарданд. Пас аз тасдиқ пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) бояд ба Идораи андози шаҳри Душанбе супурда шаванд
8. Намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилали, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки варақаҳои аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард доранд, як бор дар ҳар семоҳа ба Идораи андози шаҳри Душанбе ё мақоми андози маҳалли қайд ду нусха ариза (ёддошт)-ро дар таҳрири озод барои ҷуброни андоз аз буҷет ва пардохтномаҳои маҷмӯи (реестрҳо) ва ҳисоби маблағи ҷуброншаванда аз буҷет бо ҳисоби ҳар моҳ дар алоҳидаги бо замима намудани ҳуҷҷатҳои аслии харид, ки пардохти молҳо, корҳо ва хизматрасониро тасдиқ мекунанд, пас аз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудани мавҷудияти усули мутақобила, пешниҳод мекунанд.
9. Ба сифати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда қабул карда мешаванд:
- ҳисоб ва супориши пардохти бо қайди бонк оид ба пардохт;
- шартномаҳои басташуда барои таҳвили молҳо, иҷрои кор ё хизматрасони бо намояндагиҳои дипломати, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, бо дарбаргирии номгӯи мол (кор, хизматрасониҳо)-и таҳвилшаванда, бо нишон додани арзиши онҳо ва санади иҷро шудани корҳо ва хизматрасониҳо;
- мактуби расмии намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда (бо имзои сардори намояндаги ё шахси ӯро ивазкунанда, бо мӯҳри тасдиқкунандаи ин намояндаги) бо нишон додани ном, суроғаи ташкилот ва ё насаб, ном, номи падар ва маҳалли зисти соҳибкори инфиродии молро (кор, хизматрасониҳоро) ба фурӯш бароварда, ки барои истифодаи расмии намояндагиҳои дипломати пешбини шудани ин молро (кор, хизматрасониҳоро) тасдиқ мекунад;
- ҳисобнома-фактураи андоз ва борхати таҳвили молҳо, кор ва хизматрасониҳо;
- чеки моли;
- чеки кассави бо мӯҳри муассисаи савдо (дар ин ҳол нусхаи чеки моли талаб карда намешавад);
- квитансия ба санади даромади кассави, бо қайди пардохти андоз аз арзиши иловашуда;
- дигар ҳуҷҷатҳои пулии ба таври лозими ба расмият даровардашуда;
- нусхаи варақаи аккредитатсионии дараҷаи "D" ранги гулоби, "D" ранги кабуд, "SВ" ранги осмони ва "SP" ранги зард.
10. Маблағҳое ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки пас аз пардохти онҳо мӯҳлати чормоҳа сипари нашудааст.
11. Ҷуброни андоз аз арзиши иловашудаи маблағҳои барои мол, кор ва хизматрасониҳо пардохташудаи аз субъектҳои хоҷагидории ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз қайд нагузашта харида шудаанд, ба амал бароварда намешавад.
12. Пардохтномаҳои маҷмӯи (реестр) барои баргардондани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломати ва ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, барои тасдиқи усули мутақобила, ҳар семоҳа ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
13. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, бояд дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии саридораи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани рақами мушаххаси андозсупоранда (минбаъд - РМА) ва нишон додани рамзи ташкилоти хориҷи (минбаъд - РТХ) ва рамзи сабабҳои баҳисобгири (минбаъд - PCҲ), бо мақсади кушодани суратҳисобҳо ва ҳисобҳои арзи дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ба амал баровардани баргардонидани маблағи андозҳои супоридашудаи ғайримустақим ва дигар андозҳо ва пардохтҳое, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд, ба қайд гузошта шаванд.
14. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, вазифадоранд дар мақоми андоз, новобаста ба будан ё набудани шароитҳое, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадани ӯҳдадориҳоро оид ба пардохти андозҳо бо он вобаста мекунанд, дар мӯҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи оғози фаъолият, ба қайд гузошта шаванд.
Ҳангоми ба қайд гузоштан ба мақоми андоз ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- ариза дар бораи ба қайд гузоштан тибқи шакли муқаррарнамудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замимаҳои 1 ва 2-и ҳамин Тартиб
- мактуби (нотаи) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дархости ба қайд гузоштан;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои қонуни гардонидашудаи таъсиси ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти ҳуқуқи пешбурди фаъолиятро дарбар гирифта, мақоми дахлдори намояндагиро тасдиқ мекунад ва дар асоси он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ба амал бароварда мешавад.
Ҳангоми ба қайд гузоштан мақоми андоз ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, тибқи шакли муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замимаҳои 3 ва 4-и ҳамин Тартиб, бо нишон додани РМА, РТХ ва PCҲ "Шаҳодатнома" медиҳад.
15. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва ташкилотҳои хориҷи ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт дошта (аз ҷумла ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардаи онҳо), ки ба онҳо бо ҳуқуқи моликият, ё бо ҳуқуқи соҳиби (ё) истифодабари ва (ё) ихтиёрдори мансуб мебошанд, низ бояд ба ҳисоб гирифта шаванд. Бақайдгири дар маҳалли воқеъшавии амволи ғайриманқул сурат мегирад.
Бақайдгирии давлатии нақлиёти автомобили мувофиқи Қоидаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобили ва притсепҳои онҳо дар Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар суроғаи дар ҳуҷҷатҳои додаи ин вазоратҳо зикргардида, гузаронида мешавад.
16. Мувофиқи моддаи 76 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро иҷро мекунанд, вазифадоранд суратҳисобҳо ё дигар суратҳисобҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое кушоянд, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба онҳо дода шудани РМА-ро тасдиқ менамоянд.
Тартиби дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредити кушодани суратҳисобҳо ё дигар ҳисобҳои намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилалиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ҳамин Тартиб муайян менамояд, тибқи он бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонки мегузаронанд, метавонанд суратҳисоб ва дигар ҳисобҳои намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шударо танҳо бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аз тарафи мақомоти андоз додай РМА, РТХ ва PCҲ кушоянд.
Раками РТХ бояд бо рақами тартибии аккредитатсияи намояндаги дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад ва бо истифода аз роҳнамои "Рамзи ташкилоти хориҷи" ва "Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон" ташаккул ёфта бошад, масалан: давлати Эрон-IR-l, Россия-RU-2, ШMA-US-4.
17. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, вазифадоранд, ки на дертар аз се рӯз аз рӯзи қабули қарор дар бораи анҷоми фаъолият дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгири хабар диҳанд.
Бо мақсади аз қайди андози баровардан ба мақомоти андоз чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи аз қайд баровардан тибқи шакли 2006 ИМД мувофиқ ба замимаи 5-и ҳамин Тартиб;
- нусхаи қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти хориҷи (байналмилали) дар бораи шӯъбаи (намояндагии) ташкилоти хориҷи (байналмилали), ё дар ҳолатҳои дахлдор, нусхаи санади супоридани корҳо;
- декларатсия дар бораи даромадҳо ва ҳисобҳо (декларатсияҳо) аз рӯи андозҳо, ки дар санаи анҷоми фаъолияти ташкилоти хориҷи (байналмилали) таҳия шудааст;
- мактуб аз бонк (шӯъбаи бонк) дар бораи баста шудани ҳисобҳои ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали ва намояндагиҳои дипломати;
- Шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифтан.
Аз қайд баровардани ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали ва намояндагиҳои дипломати дар мақомоти андоз дар давоми чордаҳ рӯз пас аз додани ариза анҷом дода мешавад.
18. Намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ташкилотҳои хориҷи ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиётие доранд, ки мутаносибан ба шӯъба, ё намояндагиҳои ин ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб нестанд, дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи қатъи ҳуқуқи моликияти ин ташкилотҳо нисбат ба амволи дар боло зикргардида, ҳуқуқи соҳиби ва (ё) истифода ва (ё) ихтиёрдории амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ё аз лаҳзаи баровардани ин амвол аз қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба мақомоти андоз дар бораи аз қайд баровардан, ариза пешниҳод намоянд.
Бо мақсади аз қайд баровардан ба мақомоти андоз чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи аз қайд баровардан тибқи шакли 2006 ИМД мувофиқ ба замимаи 5-и ҳамин Тартиб;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, ки қатъи ҳуқуқи шаҳрвандии (граждании) ташкилоти хориҷии (байналмилалии) дар сархати аввали ҳамин банд зикргардидаро тасдиқ мекунад ё нусхаи декларатсияҳои бори гумруки, ки содироти воситаҳои нақлиёти ба ташкилотҳои хориҷи (байналмилали) мансуббударо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;
- Шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифтан.
Аз қайд баровардани ташкилоти хориҷиро (байналмилалиро) мақомоти андоз дар давоми чордаҳ рӯз пас аз додани ариза анҷом медиҳад.
19. Аз ҳисоб баровардани ташкилоти хориҷи (байналмилали) ва намояндагии дипломати бо додани Мактуби ахбороти дар бораи аз қайд баровардан тибқи шакли 2203 ИМД мувофиқ ба замимаи 6-и ҳамин Тартиб анҷом меёбад.
20. РМА-и ба ташкилоти хориҷи (байналмилали) ва намояндагии дипломати додашуда тағйир дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои тағйироти сохтори рақами мушаххаси андозсупоранда.
21. Дар ҳолати барҳам додани ташкилоти хориҷи (байналмилали) ё шӯъбаи он (намояндагии ташкилоти байналмилали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ гардидани фаъолияти намояндагии дипломати, РМА-и ба онҳо додашуда беэътибор дониста мешавад.
22. РМА-и ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали, ки фаъолияти худро дар натиҷаи азнавсози қатъ кардаанд, беэътибор дониста мешаванд.
23. РМА, ки ба ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали ва намояндагиҳои дипломати дода шудаанд, бинобар сабаби тағйир ёфтани санадҳои меъёрии ҳуқуқи метавонанд беэътибор дониста шаванд.
24. Шаҳодатномаҳои мутобиқи ҳамин Тартиб ба ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали ва намояндагиҳои дипломати додашуда, дар ҳолатҳои тағйир додани маълумотҳои дар онҳо овардашуда беэътибор дониста мешаванд, аз ҷумла, агар РМА беэътибор дониста шуда бошад, инчунин дар ҳолати вайрон ё гум шудани онҳо, бояд ба мақомоти андози дахлдор баргардонида шаванд.
25. Маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатномаҳои беэътибор донисташуда дар нашрияҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда мешавад
26. Шаҳодатномаҳои додашуда ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 23 ва 24-и ҳамин Тартиб зикргардида, бемӯҳлат амал мекунанд.
27. Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон тибқи роҳнамои " ВIС Directory" дар замимаи 7-и ҳамин Тартиб оварда шудааст.
IV. Тартиб ва мӯҳлати ҷуброн кардани андоз аз арзиши иловашуда
28. Идораи андози шаҳри Душанбе ва (ё) мақомоти андози ҳудудии он дар маҳалли бақайдгирии намояндагии дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар мӯҳлати 15 рӯз аз рӯзи ворид гардидани тасдиқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавҷудияти усули мутақобила, пардохтномаҳои маҷмӯи (реестр) ва ҳисоб аз аризадиҳанда, ҳисобҳо ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо санҷида мебарояд. Дар ҳисобҳо натиҷаҳои санҷишро бо нишон додани маблағи андозе, ки бояд аз рӯи ҳамин ҳисоб баргардонида шавад, сабт менамояд ва пас як нусхаи ҳисобро бо замимаи ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда бармегардонад. Ҳисоби санҷидашуда дар мақомоти андоз нигоҳ дошта мешавад ва асоси ҷуброн кардани маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи мол ва хизматрасонии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидаи намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба ҳисоб меравад.
29. Дар ҳолате, ки агар ягон ҳуҷҷати пешбининамудаи ҳамин Тартиб ба сабаби ба таври зарури ба расмият дароварда нашуданаш мақомоти андози минтақави қабул накунад, ё агар нисбати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда шубҳа ба миён омада бошад, инчунин дар ҳолати пурра пешниҳод нашудани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, бояд аз ҷониби мақомоти андоз дар муддати панҷ рӯз аз рӯзи ворид шудани ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда оид ба мавҷуд набудани асос барои ҷуброни маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ба таври хатти хабар расонида шавад.
30. Мақомоти андози ҳудуди дар маҳали қайди аризадиҳанда дар мӯҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани ҳисоб ва ҳуҷҷатҳо аз аризадиҳанда қарор қабул мекунад ва дар панҷ нусха Хулоса оид ба баргардондани андоз аз арзиши иловашуда ва реестр таҳия менамояд, ки бо мактуби ҳамроҳикунанда ба Идораи андози шаҳри Душанбе фиристода мешаванд. Ҳисобҳоро пас аз ҷамъбасти хулосаҳои мақомоти андози ҳудуди бо маблағҳое, ки бояд ҷуброн шаванд, Идораи андози шаҳри Душанбе ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
31. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воридоти умумии андоз аз арзиши иловашуда, дар давоми понздаҳ рӯз аз рӯзи гирифтани хулоса оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ва ҳуҷҷатҳо аз Идораи андози шаҳри Душанбе маблағҳои ҷуброни андоз аз арзиши иловашударо ба суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодаи намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали мегузаронад.
32. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда мушаххасан ба намояндагии дипломати, муассисаҳои консули, ё намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда як маротиба дар се моҳ сурат мегирад.
33. Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳангоми ба мақомоти андоз ошкор гардидани он, ки маблағи муайяни андоз ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, саҳван баргардонида шудааст, мақомоти андоз метавонад баргардонидани чунин маблағҳоро бо тартиби барои ҷамъоварии андозҳо муқарраршуда, талаб намояд.
V. Асъори ҷуброн
4. Ҳисобҳои ҷуброн ба мақомоти андози ҳудудии маҳалли қайд бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, ҷуброни андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали низ бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Ҳангоми бо арзи хориҷи пардохтани молҳо, корҳо ва хизматрасони азнавҳисобкуни бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ба вуқӯъ омадани харид, қабули кор ва расонидани хизмат сурат мегирад.
VI. Ҷавобгарии шахсони мансабдор
35. Шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки ба Хулосаи вобаста ба баргардондани андоз аз арзиши иловашуда имзо гузоштаанд, барои дуруст будани хулосаи таҳияшуда ва сари вақт пешниҳод намудани он ҷавобгар мебошанд.
36. Шахсони мансабдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинадории маркази ва шӯъбаҳои минтақавии хазинадори барои сари вақт ба иҷро расонидани хулоса оид ба баргардондани андоз аз арзиши иловашудаи мақомоти андоз тибқи аризаи намояндагии дипломати, муассисаи консули ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилали пурра ҷавобгар мебошанд.
37. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти намояндагиҳои дипломати, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилали ё тамоман рафтани аъзои ҳайати дипломати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аризаро барои ҷуброн 30 рӯз пештар аз сафар пешниҳод кардан зарур аст.
38. Шахсони мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя гардидани принсипи мутақобилият ҳангоми ба намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ додани ҳуқуқи озод будан аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои андозӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, масъул мебошанд
* Замимаҳо оварда намешаванд.