Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 205 "Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд"

Санаи амалкуни: 30.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 74 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 385, аз 30.03.2013 № 171)

Мутобиқи моддаҳои 2 ва 193 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 171):

1. Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломати, консулгари ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима карда мешавад).

2. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008с. № 385).

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки номгӯи намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин тағйирот ба онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 171).

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷуброни саривақтии андоз аз арзиши иловашудаи пардохташуда ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, чораҳои дахлдор андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008с. № 385).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 6 июни соли 2005 № 205

ш. Душанбе