ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 385, аз 30.03.2013 № 171)
Мутобиқи моддаҳои 2 ва 193 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломати, консулгари ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима карда мешавад).
2. хориҷ карда шуд
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки номгӯи намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин тағйирот ба онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷуброни саривақтии андоз аз арзиши иловашудаи пардохташуда ба намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, чораҳои дахлдор андешанд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 июни соли 2005 № 205
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
(қарор аз 1.08.2008с. № 385)
Мутобиқи моддаҳои 2 ва 238 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломати, консулгари ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима карда мешавад).
2. хориҷ карда шуд
3. Шаклҳои варақаҳои "Аризаи дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифтани ташкилотҳои байналмилали ва ташкилотҳои хориҷи (Шакли 2002М)", "Аризаи дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифтани намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (Шакли 2003Д)", намунаҳои "Шаҳодатномаи дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифтани намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (Шакли 2401ИМД)", "Шаҳодатномаи дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифтани ташкилотҳои хориҷи ва байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (Шакли 2402ИМ)", "Аризаи аз қайд дар мақомоти андоз баровардани намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (Шакли 2006ИМД)", шакли варақаи "Мактуби ахбороти оид ба аз к,айди мақомоти андоз баровардани намояндагиҳои дипломати ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилали, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (Шакли 2203ИМД)", ки ба Тартиби мазкур замима гардидаанд (замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6) тасдиқ карда шаванд.
Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон мувофиқи "Таснифоти мамлакатҳои ҷаҳон" тибқи роҳнамои "BIC Directoryoқy", ки ба Тартиби мазкур замима шудааст (замимаи 7), тасдиқ карда шавад.