Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 203
тасдиқ шудааст
Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот
1. Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот (минбаъд - Қоидаҳо) шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоотро муқаррар ва тартиби таъмини онҳоро муайян мекунанд .
2. Шартҳои санҷиши воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳолати ҳифзи он, гузаронидани сертификатсияи ҳатмии воситаҳои техникии коркарди иттилоот, аттестатсияи объектҳои иттилоотони ва ҳайати кормандон бо додани сертификат ё шаҳодатнома ба онҳо, ташхиси асбобу дастгоҳ, ҳолат ё барномаҳои назоратиро дар бар мегиранд ва барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:
фароҳам сохтани шароити амнияти иттилоотӣ барои фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини ҳифзи техникии воситаҳои ҷамъоварӣ, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва барҳамдиҳии иттилоот ҷиҳати иштирок дар ҳамкории байналмилалӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра
инкишофи системаҳои ҳифзи техникии иттилооти технологи дар соҳаи мубодилаи ҳуҷҷатҳои электрони ва имзои электрони;
мусоидат ба истифодабарандагон ҷиҳати тибқи салоҳияти худ интихоби маҳсулоти коркарди техникии иттилоот ва ҳифзи он;
ҳимояи истифодабарандагон аз беинсофии истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда);
сертификатсияи системаҳои таъмини математики (барномаҳо) дар навъҳои мухталифи мошинаҳои ҳисоббароре, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад
назорати бехатарии маҳсулот барои муҳити зист, ҳаёт, саломати ва молу мулк;
тасдиқи нишондиҳандаҳои сифати маҳсулот ва мавҷуд набудани афконишоти фаръии электромагнитӣ, ки дар изҳороти истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда) баён шудааст
риояи шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот, ки дар қоидаҳои ягонаи байналмилали пешбини шудаанд, барои меъёрҳои воситаҳои техникии ватани ва воридотии коркарди иттилоот ва ҳифзи он, инчунин ҷавобгӯи талаботи бехатари вобаста ба таркиш
3. Ҳалли масъалаҳои вобаста бо тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоотро мақоми ваколатдор, ки дар Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилооти зикр шудааст, аттестатсияи объектҳои иттилоотони, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 № 404 тасдиқ шудааст Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳанд
4. Ҳамаи воситаҳои техникии ҷамъовари, коркард, нигоҳдори, захира, барҳам додани иттилоот бо мақсади ҳифзи он, аз ҷумла, биноҳо, иншоот, техникаи ташкили, шабакаҳои инженери, ашёи дохили ва маиши (минбаъд-воситаҳои техникии коркарди иттилоот), ки дар биноҳои коркарди иттилоот истифода бурда мешаванд, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертизаи мақоми ваколатдор мутобиқи стандартҳои муқарраршуда, шартҳои техники, меъёри Комиссияи давлати оид ба мавҷҳои радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла меъёрҳои байналмилали ва стандартҳои миллии дигар мамлакатҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, таҳти санҷиш қарор мегиранд. Ҳангоми натиҷаи мусбии санҷиш онҳо бо нишонаҳои мутобиқати намунаҳои муқарраршуда, ки Мақоми ваколатдор тасдиқ кардааст, хаммонанд карда мешаванд
5. Шахсе, ки ба иттилоотони муносибат дошта, воситаҳои алоқаи барқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, аз санҷиш гузашта, хангоми натиҷаи мусбат ба мутахассис гувоҳнома ва ҳангоми доштани маълумоти оли - сертификати мақоми ваколатдор дода мешавад
6. Талабот ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоотро Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қоидаҳо муқаррар мекунад. Аттестатсияи мутахассисон ҷиҳати фаъолият дар ҳамин соҳа бо иштироки кормандони Сарраёсати мазкур анҷом дода мешавад
7. Барои гузаронидани санҷиши воситаҳои техникии коркарди техникии иттилоот ва ҳолати ҳифзи он дархосткунанда ба мақоми ваколатдор дархост мефиристад. Мақоми ваколатдор метавонад аз дархосткунанда ҳуҷҷатҳои иловаги ё иттилооти барои қабули қарор заруриро талаб намояд .
8. Мақоми ваколатдор дархостро дар муддати 10 рӯз барраси намуда, сипам қарори тасдиқнамудаи худро бо дастури нақшаи санҷиш ба дархосткунанда ва "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза ирсол медорад. "Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертизаи (лаборатория) қарори тасдиқшударо ба муассисаи дорои аттестати аккредитасия барои гузаронидани озмоиши дархости воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он ё дар маҷмӯ ба объекте, ки дар он воситаҳои коркарди иттилоот ва ҳифзи он иҷозат дода шудааст, мефиристад
9. Лабораторияҳои озмоиши (марказҳои озмоиши), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дорои иҷозатнома мебошанд, дар асоси супориши мақоми ваколатдор озмоиши сертификатсиякунониро ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зайл мегузаронанд
талаботи техники ба воситаҳои техники сертификатсияшавандаи ҳифзи иттилоот оид ба амнияти иттилоот;
талабот ва методикаи озмоишҳои сертификатсиони (ҳангоми мавҷудияти талаботу методикаҳои намунави ва методикаҳои озмоишҳои сертификатсиони мавриди истифода қарор мегирад);
нақшаҳои ташкили ҳифзи иттилоот бо истифодаи воситаҳои техникии сертификатсияшаванда барои системаҳои комуникатсия, алоқаи соти, пейджери, алоқаи трекинги, қитъаи истифодаи системаҳои интиқол, таҷҳизоти системаҳои синхронизатсия, сигнализатсия, почтаи электрони, Интернет, имзои электронию рақами, биноҳо, ашёи дохили ва ғайра;
ҳуҷҷат дар хусуси пардохти хизматрасониҳо;
нақша - ҷадвал бо мӯҳлати мушаххаси баргузории озмоишҳо.
10. Нусхаи нақша - ҷадвал дар давоми 5 рӯзи баъди ба имзо расидани шартнома (қарордод) бо мақоми ваколатдор пешниҳод мешавад. Агар дар ҷараёни санҷиш муқаррар карда шавад, ки шарти зарурии амали сертификатсияшавандаи воситаи техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он гирифтани сигналҳо аз системаи алоқаи воқеъ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистои мебошад ё ин воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии он бо системае дохил шуда бошад, ки барои истифодаи мутақобили шабакаҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст, дар он сурат масъалаи давом додани сертификатсия бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ҳал карда мешавад. Дар давраи мувофиқа ҷараёни сертификатсия боз дошта мешавад
11. Дар шартномаҳои (қарордодҳои) гузаронидани озмоишҳо ҳатман бояд доир ба ном, таркиб ва миқдори биноҳо, таҷҳизот, ашёи дохили барои сертификатсия пешниҳодшаванда маълумот зикр карда шавад.
12. Ҳаҷм ва мӯҳтавои озмоишҳои сертификатсионии таҷҳизоти навсохти системаи амнияти иттилооти бо тағйирот ба қисмати дастгоҳ ва дар таъмини барномави воридгардида, бояд дар барнома ва методикаи озмоишҳо, ки бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, инъикос ёбанд
13. Вобаста ба нақшаи сертификатсия таҳлили ҳолати истеҳсолот ё сифат анҷом дода мешавад. Методикаи накшаҳоро Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад
14. Кори вобаста ба санҷиш ва баҳодиҳии системаи сифати корхонаҳои истеҳсолкунанда мумкин аст дар ҷараёни сертификатсияи воситаҳои коркарди иттилоот ва ҳифзи он ва дар ҷараёни иҷрои назорати нозиротии сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он анҷом дода шавад
15. Коршиносон оид ба системаи сифат, ки бо тартиби муқарраргардида муайян ва аз аттестатсия гузаштаанд, таҳлили ҳолати истеҳсол ё санҷишу баҳодиҳии системаи сифатро мутобиқи барномаи ҳифзи иттилоот гузаронида, аз методикаи санҷиши системаи сифати тасдиқкардаи мақоми ваколатдор истифода мебаранд. Санади вобаста ба натиҷаи кори коршиносони соҳаи сифат таҳиягардида ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад. Нусхаи санад ба лабораторияи озмоиши (Маркази озмоиши), ки барои озмоиши воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот ё дар доираи озмоишни назорати нозиротӣ озмоиш мегузаронад, ҷиҳати баҳисобгири дар хулосаи умумии натиҷаҳои корҳои доир ба сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он фиристода мешавад (тартиб додани Протоколи тадқиқоти коршиноси иҷозат дода мешавад)
16. Мақоми ваколатдор оид ба имконпазирии истифодаи сертификат мутобиқи системаи сифати корхонаи истеҳсолкунанда, ки тибқи дигар системаҳо сертификатсия дода шудаанд, инчунин бо шарти мутобиқи ҳамин Қоидаҳо гузаронида шудани санҷиш ва баҳодиҳи қарор қабул менамояд. Дар чунин ҳолат дар асоси сертификати системаи дигар бар ивазаш сертификати мутобиқат дода мешавад, ки дар таркиби худ дорои талаботи сифат ва амнияти иттилоот мебошад
17. Натиҷаҳои мусбии ҳолати таҳлили истеҳсол барои аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани қарор дар хусуси додани сертификати мутобиқат ба воситаи техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии он ё тамдиди мӯҳлати амали сертификат оид ба натиҷаҳои назорати нозиротӣ шарти зарури ба шумор меравад
18. Дар асоси натиҷаҳои озмоишҳои гузаронидаи сертификатсионии воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии он лабораторияи озмоиши (Маркази озмоиши) протоколҳои озмоиш, хулоса ё санади натиҷаи озмоиши сертификатсиониро таҳия ва ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд
19. Мақоми ваколатдор дар муддати на бештар аз 30 рӯз ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси карда, шартҳои истифодабарии воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии онро муайян менамояд ва дар хусуси додани (надодани) сертификати мутобиқат қарор қабул мекунад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 203
тасдиқ шудааст
Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот
1. Ҳамин Қоидаҳо ҷиҳати иҷрои моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ", "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ", "Дар бораи стандартизатсия", "Дар бораи иттилоотонӣ" ва дигар санадҳои қонунгузори ва меъёрии ҳуқуқии ҷумҳури, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия шуда, шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоотро муқаррар ва тартиби иҷрои онро муайян мекунад (минбаъд Қоидаҳо).
2. Шартҳои санҷиши воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳолати ҳифзи онҳо, гузаронидани сертификатсияи ҳатмии воситаҳои техникии коркарди иттилоот, аттестатсияи объектҳои иттилоотони ва шахсоне, ки ба онҳо сертификат ё шаҳодатнома дода шудааст, ташхиси асбобу дастгоҳ, ҳолат ё барномаҳои назорати, ки хангоми интиқоли маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад ва барои ноил шудан ба мақсадҳои зайл равона карда шудааст, дар бар мегирад:
фароҳам сохтани шароити амнияти иттилоотони барои фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини ҳифзи техникии воситаҳои ҷамъовари, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдори ва барҳамдиҳии иттилоот ҷиҳати иштироки дар ҳамкории байналмилали, иқтисоди, илми-техники ва ғайра;
инкишофи системаҳои ҳифзи техникии иттилооти технологи дар соҳаи мубодилаи ҳуҷҷатҳои электрони ва имзои электрони;
мусоидат ба истифодабарандагон ҷиҳати тибқи салоҳияти худ интихоби маҳсулоти коркарди техникии иттилоот ва ҳифзи он;
ҳимояи истифодабарандагон аз беинсофии истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда);
сертификатсияи системаҳои таъмини математики (барномаҳо) дар навъҳои мухталифи мошинаҳои ҳисоббароре, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад;
назорати бехатарии маҳсулот барои муҳити зист, ҳаёт, саломати ва молу мулк;
тасдиқи нишондиҳандаҳои сифати маҳсулот ва мавҷуд набудани афконишоти фаръии электромагнит, ки дар изҳороти истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда) баён шудааст;
риояи шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот, ки дар қоидаҳои ягонаи байналмилали пешбини шудааст, барои меъёрҳои воситаҳои техникии ватани ва воридотии коркарди иттилоот ва ҳифзи он, инчунин ҷавобгӯи талаботи бехатари вобаста ба таркиш.
3. Ҳалли масъалаҳои вобаста бо тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоотро Мақомоти ваколатдор, ки дар Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилооти зикр шудааст, аттестатсияи объектҳои иттилоотони, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 № 404 тасдиқ шудааст - Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳанд.
4. Ҳамаи воситаҳои техникии ҷамъовари, коркард, нигоҳдори, захира, барҳам додани иттилоот бо мақсади ҳифзи он, аз ҷумла, биноҳо, иншоот, техникаи ташкили, шабакаҳои инженери, ашёи дохили ва маиши (минбаъд-воситаҳои техникии коркарди иттилоот), ки дар биноҳои коркарди иттилоот истифода бурда мешаванд, аз ҷониби Маркази ҳифзи техникии иттилоот ва экспертизаи Мақоми ваколатдор мутобиқи стандартҳои муқарраршуда, шартҳои техники, меъёри Комиссияи давлати оид ба мавҷҳои радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла меъёрҳои байналмилали ва стандартҳои миллии дигар мамлакатҳое, ки дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, таҳти санҷиш қарор мегиранд. Ҳангоми натиҷаи мусбии санҷиш онҳо бо нишонаҳои мутобиқати намунаҳои муқарраршуда, ки Мақоми ваколатдор тасдиқ кардааст, хаммонанд карда мешаванд.
5. Шахсе, ки ба иттилоотони муносибат дошта, воситаҳои алоқаи барқиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, аз санҷиш гузашта, хангоми натиҷаи мусбат ба мутахассис гувоҳнома ва ҳангоми доштани маълумоти оли - сертификати Мақоми ваколатдор дода мешавад.
6. Талабот ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоотро Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қоидаҳо муқаррар мекунад. Аттестатсияи мутахассисон ҷиҳати фаъолият дар ҳамин соҳа бо иштироки кормандони Сарраёсати мазкур анҷом дода мешавад.
7. Барои гузаронидани санҷиши воситаҳои техникии коркарди техникии иттилоот ва ҳолати ҳифзи он дархосткунанда ба Мақоми ваколатдор дархост мефиристад. Мақоми ваколатдор метавонад аз дархосткунанда ҳуҷҷатҳои иловаги ё иттилооти барои қабули қарор заруриро талаб намояд.
8. Мақоми ваколатдор дархостро дар муддати 10 рӯз барраси намуда, сипам қарори тасдиқнамудаи худро бо дастури нақшаи санҷиш ба дархосткунанда ва Маркази ҳифзи техникии иттилоот ва экспертиза ирсол медорад. Маркази ҳифзи техникии иттилоот ва экспертиза (лаборатория) қарори тасдиқшударо ба муассисаи дорои аттестати аккредитасия барои гузаронидани озмоиши дархости воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он ё дар маҷмӯ ба объекте, ки дар он воситаҳои коркарди иттилоот ва ҳифзи он иҷозат дода шудааст, мефиристад.
9. Лабораторияҳои озмоиши (марказҳои озмоиши), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дорои литсензия мебошанд, дар асоси супориши Мақоми ваколатдор озмоиши сертификатсиякунониро ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зайл мегузаронанд:
талаботи техники ба воситаҳои техники сертификатсияшавандаи ҳифзи иттилоот оид ба амнияти иттилоот;
талабот ва методикаи озмоишҳои сертификатсиони (ҳангоми мавҷудияти талаботу методикаҳои намунави ва методикаҳои озмоишҳои сертификатсиони мавриди истифода қарор мегирад);
нақшаҳои ташкили ҳифзи иттилоот бо истифодаи воситаҳои техникии сертификатсияшаванда барои системаҳои комуникатсия, алоқаи соти, пейджери, алоқаи трекинги, қитъаи истифодаи системаҳои интиқол, таҷҳизоти системаҳои синхронизатсия, сигнализатсия, почтаи электрони, Интернет, имзои электронию рақами, биноҳо, ашёи дохили ва ғайра;
ҳуҷҷат дар хусуси пардохти хизматрасониҳо;
нақша - ҷадвал бо мӯҳлати мушаххаси баргузории озмоишҳо.
10. Нусхаи нақша - ҷадвал дар давоми 5 рӯзи баъди ба имзо расидани шартнома (қарордод) бо Мақоми ваколатдор пешниҳод мешавад. Агар дар ҷараёни санҷиш муқаррар карда шавад, ки шарти зарурии амали сертификатсияшавандаи воситаи техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он гирифтани сигналҳо аз системаи алоқаи воқеъ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистои мебошад ё ин воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии он бо системае дохил шуда бошад, ки барои истифодаи мутақобили шабакаҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст, дар он сурат масъалаи давом додани сертификатсия бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ҳал карда мешавад. Дар давраи мувофиқа ҷараёни сертификатсия боз дошта мешавад.
11. Дар шартномаҳои (қарордодҳои) гузаронидани озмоишҳо ҳатман бояд доир ба ном, таркиб ва миқдори биноҳо, таҷҳизот, ашёи дохили барои сертификатсия пешниҳодшаванда маълумот зикр карда шавад.
12. Ҳаҷм ва мӯҳтавои озмоишҳои сертификатсионии таҷҳизоти навсохти системаи амнияти иттилооти бо тағйирот ба қисмати дастгоҳ ва дар таъмини барномави воридгардида, бояд дар барнома ва методикаи озмоишҳо, ки бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, инъикос ёбанд.
13. Вобаста ба нақшаи сертификатсия таҳлили ҳолати истеҳсолот ё сифат анҷом дода мешавад. Методикаи накшаҳоро Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
14. Кори вобаста ба санҷиш ва баҳодиҳии системаи сифати корхонаҳои истеҳсолкунанда мумкин аст дар ҷараёни сертификатсияи воситаҳои коркарди иттилоот ва ҳифзи он ва дар ҷараёни иҷрои назорати инспексионии сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он анҷом дода шавад.
15. Коршиносон оид ба системаи сифат, ки бо тартиби муқарраргардида муайян ва аз аттестатсия гузаштаанд, таҳлили ҳолати истеҳсол ё санҷишу баҳодиҳии системаи сифатро мутобиқи барномаи ҳифзи иттилоот гузаронида, аз методикаи санҷиши системаи сифати тасдиқкардаи Мақоми ваколатдор истифода мебаранд. Акти вобаста ба натиҷаи кори коршиносони соҳаи сифат таҳиягардида ба Мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад. Нусхаи акт ба лабораторияи озмоиши (Маркази озмоиши), ки барои озмоиши воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот ё дар доираи озмоишни назорати инспексиони озмоиш мегузаронад, ҷиҳати баҳисобгири дар хулосаи умумии натиҷаҳои корҳои доир ба сертификатсияи воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи он фиристода мешавад (тартиб додани Протоколи тадқиқоти коршиноси иҷозат дода мешавад).
16. Мақоми ваколатдор оид ба имконпазирии истифодаи сертификат мутобиқи системаи сифати корхонаи истеҳсолкунанда, ки тибқи дигар системаҳои сертификатсия дода шудаанд, инчунин бо шарти мутобиқи ҳамин Қоидаҳо гузаронида шудани санҷиш ва баҳодиҳи қарор қабул менамояд. Дар чунин ҳолат дар асоси сертификати системаи дигар бар ивазаш сертификати мутобиқат дода мешавад, ки дар таркиби худ дорои талаботи сифат ва амнияти иттилоот мебошад.
17. Натиҷаҳои мусбии ҳолати таҳлили истеҳсол барои аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани қарор дар хусуси додани сертификати мутобиқат ба воситаи техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии он ё тамдиди мӯҳлати амали сертификат оид ба натиҷаҳои назорати инспексиони шарти зарури ба шумор меравад.
18. Дар асоси натиҷаҳои озмоишҳои гузаронидаи сертификатсионии воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии он лабораторияи озмоиши (Маркази озмоиши) протоколҳои озмоиш, хулоса ё акти натиҷаи озмоиши сертификатсиониро таҳия ва ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд.
19. Мақоми ваколатдор дар муддати на бештар аз 30 рӯз ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барраси карда, шартҳои истифодабарии воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва ҳифзи техникии онро муайян менамояд ва дар хусуси додани (надодани) сертификати мутобиқат қарор қабул мекунад.