Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи даровардани илова ба кори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 №487
Бо мақсади минбаъд ҳам баланд бардоштани аҳамияти ҳаваскунандаи музди меҳнат, муқаррар намудани дараҷаҳои асосноки пардохти музди меҳнат категорияи гуногуни кормандон вабаста ба мушкилии меҳнат ва ихтисоси кормандон, фароҳам овардани механизми нигоҳдории ин дараҷаҳо, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 8 қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 №487 "Дар бораи аз 1 октябри соли 1993 ҷори намудани ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнат" абзаци дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ба роҳбарони вазорату идораҳо ҳуқуқ дода шавад, ки дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат коэффиценти тарифии кормандро вобаста ба ихтисосу маълумот барои кормандони корхонаю ташкилот ва муассисаҳои тобеашон ба андозаи як дараҷа баланд бардоранд ё паст кунанд"
Муовини аввали
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Ғафуров
Муовини аввали
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Ғафуров
Мудири
Корҳои Шурои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
Мудири
Корҳои Шурои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 15 августи соли 1994 № 394
ш.Душанбе
...