Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 1994, № 381 "Дар бораи ташаббуси ташкилоту корхонаҳои ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Масчоҳ дар мавриди сохтмони хатти нави роҳи оҳан то Панҷакент"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ташаббуси ташкилоту корхонаҳои ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ Ва Масчоҳ дар мавриди сохтмони хатти нави роҳи оҳан то Панҷакент

Бо мақсади тараққӣ додани инфраструктураи истеҳсолӣ, фароҳам сохтани шароит барои ба хоҷагии халқ ҷалб намудани маъдан ва ашъёи хоми водии Зарафшон, сохтмони комплекси саноати кӯҳкории Зарафшон, итиҳодҳои нави истеҳсоли барқ, ҷалби неруҳои озоди қувваи корӣ ба соҳаи истеҳсолоти моддӣ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ташаббуси ташкилоту корхонаҳои ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Масчоҳ дар мавриди иштироки онҳо дар сохтумони хатти нави роҳи оҳан то ш. Панҷакент маъкул дониста шавад.

2. Вазорати иқтисоду ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати оид ба корҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , кумитаи давлати оид ба идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна, кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод, кумитаи иҷроияи ш.Панҷакент ва дигар вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ масъаларо баррасӣ ва то 15 сентябри соли 1994 таклифҳои аниқкардашудаи худро доир ба амалӣ намудани ташаббуси мазкур бо назардошти нуқтаҳои зайл ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд ташкил додани маъмурияти сохтмон, ҷамъияти саҳомӣ оид ба ҷалби инвестиция ва қарзҳои бонкӣ бо муайян сохтани саҳми давлат дар фонди ибтидоӣ на камтар аз 51 фоиз, корхонаҳои муштарак бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ҷудо намудани квота ва лицензияҳои зарурӣ, ҷиҳати содироти он маҳсулоте, ки ба ихтиёри ташкилоту корхонаҳои ташаббускори сохтумони роҳи оҳан гузошта мешавад ва дигар масъалаҳо.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Р. Мирзоев

аз 9 августи соли 1994 № 381

ш. Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об инициативе предприятий и организаций Пенджикентского, Айнинского и Матчинского районов по строительству новой железнодорожной линии к Пенджикенту

В целях развития производственной инфраструктуры и создания условий для вовлечения в народное хозяйство республики минерально-сырьевых богатств Зеравшанской долины, строительства Зеравшанского горно-промышленного комплекса, новых энергогенерирующих мощностей, привлечения свободных трудовых ресурсов в сферу материального производства Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить инициативу предприятий и организаций Пенджикентского, Айнинского и Матчинского районов об их участии в строительстве новой железнодорожной линии к г. Пенджикенту.

2. Министерству экономики и прогнозирования Республики Таджикистан с участием Министерства по делам транспорта Республики Таджикистан, Министерства внешних экономических связей Республики Таджикистан, Министерства финансов Республики Таджикистан, Государственного комитета по управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Государственного комитета по делам строительства и архитектуры Республики Таджикистан, Душанбинского отделения Среднеазиатской железной дороги, Ленинабадского облисполкома, Пенджикентского горисполкома и других заинтересованных министерств и ведомств республики рассмотреть и внести в Правительство республики до 15 сентября 1994 г. конкретные предложения по реализации данной инициативы, имея ввиду: создание дирекции по строительству, акционерного общества по привлечению инвестиций и банковских кредитов с определением доли государства в уставном фонде не менее 51 процента, совместных предприятий с целью привлечения иностранных инвесторов, выделение необходимых квот и лицензий на вывоз той продукции, которая остается в распоряжении предприятий и организаций, проявивших инициативу в строительстве железнодорожной линии, и другие вопросы.

Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от 9 августа 1994 года № 381

г. Душанбе