Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Созишномаи кредитии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:
1. Созишномаи кредитии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5 мил. доллари ШМА кредит додани Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки 10 июни соли 1994 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикичтон контрактҳои кулли кредити мазкур тасдиқ гардида, ба он супурда шавад, ки дар бобати дар вақташ баргардонидани кредити мазкур ва фоизҳои он тамоми чораҳоро андеша ва мутобиқи аҳдномаи бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда бе хароҷоти иловагӣ баргардонидани кредити мазкурро таъмин кунад.
3. 85 фоизи маблағи кредит барои харидани таҷҳизоти тиббию ашъёи хоми истеҳсоли дору ва 15 фоизи он барои харидани доруворие, ки ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, истифода бурда шавад.
4. БДСТ "Тоҷиквнешэкономбонк" бонки ваколатдори хизматрасони Созишномаи мазкури кредитӣ муайян гардида, ба зиммаи он ҳалли масъалаҳои вобаста ба сари вақт баргардондани кредити мазкур ва фоизҳои он гузошта шавад.
5. Вазорати робитаи иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи кредити мазкур, дар вақташ баргардондани он ва фоизҳои истифодаи онро зери назорат гирад.
6. Вазорати Корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро аз хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани қойдаҳои эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
...