Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи муваққатии тартиби хариди маҳсулот, мол ва ашъёи хом барои эҳтиёҷоти умумидавлатӣ дар соли 1995 (хариди давлатӣ)
Бо мақсади ба тартиб даровардани муносибати мутоқибилаи давлат ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи муваққатии тартиби хариди маҳсулот, мол ва ашъиёи хом барои эҳтиёҷоти умумидавлатӣ дар соли 1995 (хариди давлатӣ) тасдиқ карда шавад (Низомнома дар матни русӣ оварда шудааст).
2. Вазорати иқтисоду ояндабини Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи зикршударо ба маълумоти Вазорату идораҳо, концерну ассоцияцияҳо, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ расонад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати иқтисоду молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ оиди додани имтиёзоти андози фоида ба корхонаҳое, ки ӯҳдадориҳои харида давлатии маҳсулот, мол ва ашъёи хомро дар соли 1995 иҷро мекунанд, таклифҳоро таҳия ва ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Ҷонишини
Мудири Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
аз 3 октябри соли 1994 № 482
ш. Душанбе