Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи даровардани илова ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 1994 № 328
Бо мақсади васеъ намудани ҳуқуқи роҳбарони идораҳои биноҳои маъмурӣ /хизматӣ/, инчунин коркунони машғули хизматрасони мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ, ҳокимият, додгоҳҳо, мақомоти додситонӣ ва идораҳои давлатии нотариалии муқаррар намудани коэффициентҳои дараҷа ва тарифӣ, инчунин нигоҳ доштани маоши Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 14 июли соли 1994 № 328 "Дар бораи муқаррар намудани дараҷаю коэффициентҳои коркунони идораҳои биноҳои маъмурӣ /хизматӣ/, инчунин ба коркунони машғули хизматрасонии мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ, ҳокимият, додгоҳҳо, мақомотӣ додситонӣ ва идораҳои давлатии нотариалӣ дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифи" банди мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ба роҳбарони идораҳои биноҳои маъмурӣ /хизматӣ/, инчунин онҳое, ки бо хизматрасонии мақомоти ҳокимияти идораи давлатӣ, ҳокимият, додгоҳҳо, мақомоти додситонӣ ва идораҳои давлатии нотариалӣ машғуланд, иҷозат дода шавад, ки коэффициенти тарифиро вобаста ба ихтисосу маълумоташ дар ҳудуди як дараҷа зиёд ё кам кунад".
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 2 сентябри соли 1994 № 447
ш. Душанбе
...