Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи дар ихтиёри Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон мондани 50 фоизи тамокуи ферментацияшудаи ҳосили соли 1994
Бо мақсади мӯътадил гардондани кори корхонаҳои озуқавории истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниёзи аввал (равған, собун, намак), ҷиҳати қисман тағйир додани қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. 50 фоизи тамокуи ферментацияшудаи ҳосили соли 1994 дар ихтиёри Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад:
2. Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали лицензияҳои пештар барои таҳвили тамокуи ферментацияшудаи ҳосили соли 1994 додашударо бекор куна два ба кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистондар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ҳаҷми на зиёда аз 50 фоизиистеҳсоли воқеии тамокуи ферментацияшудаиҳосили соли 1994 лицензия диҳад.
3. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ иҷрои ҳатмии банди 1 -ми қарорро таъмин кунанд.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Самадов
Ҷонишини Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Бозоров
аз 3 октябри соли 1994 № 481
ш. Душанбе