Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи додани ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва меъморӣ дар соли 1994
Пешниҳоди Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абу Абдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва меъмориро баррасӣ намуда, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар соли 1994 ба таври илова ду ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва меъморӣ муқаррар карда шавад.
Ба шахсони зерин Ҷоизаҳои давлатии соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва меъморӣ дода шавад: Келдиев Гулназар, шоир - барои маҷмӯаи ашъори "Се кулчаи танӯрӣ";
Киромов Қудбиддин, шоир - барои маҷмӯаи ашъори "Нафаси озод" ва ашъори солҳои охири; Сафаров Ашӯр, шоир - барои маҷмӯаи ашъори "Арзи меҳр";
Шаҳидӣ Толибхон Зиёдуллоевич, оҳангсоз - барои мусиқии балети "Юсуф ва Зулайхо";
Шукуров Муҳаммад Шарифович, адабиётшинос - барои рисолоҳои "Забони мо ҳастии мо" ва "Мактаби одамият";
Худоиназаров Бахтиёр, режиссёри филмҳои бадеӣ - барои ба навор гирифтани филмҳои "Братан" ва "Қош ба қош".
2. Ба низомномаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва меъморӣ, ки бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 6 июли соли 1990 № 153 тағъирот дароварда, дар банди 2 (дар таҳрири қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1993 №436) калимаҳои "андозаи мукофотпулӣ - 100000 рубл ҳар кадом" бо калимаҳои "андозаи мукофотпулӣ300000 рубл ҳар кадом" иваз карда шавад.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Ҷонишини Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
аз 29 сентябри соли 1994 № 472
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О присуждении Государственных премий Республики Таджикистан имени Абу Абдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры 1994 года
Рассмотрев представление Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абу Абдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры, Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Установить на 1994 год дополнительно две Государственные премии Республики Таджикистан имени Абу Абдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры.
Присудить Государственные премии Республики Таджикистан имени Абу Абдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры 1994 года:
Келдиеву Гулназару, поэту - за сборник стихов "Се кулчаи танурй"
Киромову Кутбиддину, поэту - за сборник стихов " Нафаси озод" и стихи последних лет;
Сатарову Ашуру, поэту - за сборник стихов "Арзи мехр";
Шахиди Толибхону Зиёдуллоевичу, композитору - за музыку к балету "Юсуф и Зулайха" ;
Шукурову Мухаммеду Шзрийовичу, литературоведу - за труды " Забони мо хастии мо" и " Мактаби одамият" ;
Худоиназарову Бахтиёру, режиссеру художественных фильмов - за постановку фильмов " Братан" и "Куш ба куш".
2. Внести изменение в Положение о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абу Абдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры, утвержденное постановлением Совета Министров Таджикской ССР- от 6 июля 1990 № 153 заменив в пункте 2 ( в редакции постановления Совета Министров Республики Таджикистан от I сентября 1993г. № 436 ) слова "Размер премии - 100000 рублей каждая" словами "Размер премии -300000 рублей каждая ".
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов
Зам. Управляющего делами
Совета Министров Республики Таджикистан И. Базаров
от 29 сентября 1994 года №472
г.Душанбе