Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994, № 458 "Дар бораи дар шаҳри Душанбе бунъёд намудани ҳайкали ёдгорӣ ба Нурулло Ҳувайдуллоев"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи дар шаҳри Душанбе бунъёд намудани ҳайкали ёдгорӣ ба Нурулло Ҳувайдуллоев

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Пешниҳоди кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе дар бораи бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии "Ҳамдилон" -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳалокати аввалин Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, бунъёд намудани ҳайкали ёдгориро дастгирӣ менамояд, пазируфта шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки вазифаи фармоишдиҳандаи лоиҳа ва бунъёди ҳайкали ёдгории мазкурро Иттиҳодияи ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии "Ҳамдилон" ,и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда мегирад.

Лоиҳакашии ҳайкали ёдгории мазкур ба Кумитаи давлатии оид ба сохтумону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад.

Бунъёди ҳайкали ёдгорӣ ба Вазорати сохтумони Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад.

3. Маълумоти кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе, дар бораи он ки хароҷоти лоиҳакашӣ ва бунъёди ҳайкали ёдгории Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҳисоби маблағи спонсорон ва Иттиҳодияи ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии "Ҳамдилон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад, ба инобат гирифта шавад.

Мудири аввали

Раиси Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикситон                     Р. Ғафуров

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Р. Мирзоев

аз 7 сентябри соли 1994 № 458

ш. Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О сооружении в г. Душанбе мемориала Нурулло Хувайдуллаеву

Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Принять предложение Душанбинского горисполкома, поддержавшего инициативу Общественно-политического и культурного объединения "Хамдилон" Республики Таджикистан, о сооружении в г.Душанбе мемориала Нурулло Хувайдуллаеву-первому Генеральному прокурору Республики Таджикистан, на месте его гибели.

2. Установить, что функции заказчика по проектированию и сооружению указанного мемориала будут осуществляться Общественно-политическим и культурным объединением "Хамдилон" Республики Таджикистан.

Проектирование указанного мемориала поручить Государственному комитету Республики Таджикистан по делам строительства и архитектуры.

Сооружение мемориала поручить Министерству строительства Республики Таджикистан.

3. Принять к сведению сообщение Душанбинского горисполкома о том, что расходы на проектирование и сооружение мемориала Нурулло Хувайдуллаеву будут произведены за счет спонсоров, и Общественно-политического и культурного объединения "Хамдилон" Республики Таджикистан.

Первый зам. Председателя

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Гафуров

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от 7 сентября 1994 года № 458

г.Душанбе