Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994, № 455 "Дар бораи масъалаҳои иштироки ҷумҳурӣ дар бунъёд намудани комплекси иқтидорҳои заводи автомобилӣ дар ш. Елабуга"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои иштироки ҷумҳурӣ дар бунёд намудани комплекси иқтидорҳои заводи автомобилӣ дар ш. Елабуга

Бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Созишномаи "Дар бораи якҷоя бунъёд кардани комплекси иқтидорҳои заводи автомобилии ш. Елабуга", ки аз 28 апрели соли 1993 дар Шӯрои сардорони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо шудааст, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Созишномаи "Дар бораи якҷоя бунъёд кардани комплекси иқтидорҳои заводи автомобилии ш. Елабуга" Вазорати оид ба корҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шавад.

2. Пешниҳоди Вазорати оид ба корҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ваколатҳои барқарор намудани муносибатҳои хоҷагӣ бо Консорциуми байнидавлатии "Елазинвест" ба корхонаи муштараки "ХуҷандЗИЛ" -и Иттиҳодияи истеҳсолии "Востокредмет" ,и Вазорати оид ба корҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

3. Вазорати оид ба корҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консорциуми Байнидавлатии "Елаз - инвест" -ро аз қарори қабулшуда огоҳ созанд.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     А.Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Р. Мирзоев

аз 7 сентябри соли 1994 № 455

ш. Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах участия республики в создании комплекса мощностей автомобильного завода в г.Елабуге

В целях выполнения обязательств Республики Таджикистан по Соглашению "О совместном создании комплекса мощностей автомобильного завода в г.Елабуге" подписанному 28 апреля 1993 гона Советом глав правительств государств-участников Содружества Независимых Государств, Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить полномочным представителем Республики Таджикистан по Соглашению "О совместном создании комплекса мощностей автомобильного завода в г.Елабуга", Министерство по делам промышленности Республики Таджикистан.

2. Принять предложение Министерства по делам промышленности Республики Таджикистан о передаче полномочий по осуществлению хозяйственных отношений с Межгосударственным Консорциумом "Елаз-инвест" совместному предприятию "Худжанд-Зил" Производственного объединения "Востокредмет" Министерства по делам промышленности Республики Таджикистан.

3. Министерству по делам промышленности Республики Таджикистан о принятом решении уведомить Межгосударственный Консорциум "Елаз-инвест".

Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от 7 сентября 1994 года № 455

 г. Душанбе