Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба қисми ҳарбии 45989 додани номи полковник Р. Ш. Раҷабов
Бо мақсади пос доштани хотираи муборизи ҳивзи сохти конституционӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Рамазон Шарифович Раҷабов, ки дар ташкили кувваҳои мусаллаҳ ва қувваҳои мудофиаи граждани саҳми бузурги шахсӣ гузошта, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қисми ҳарбии 45989 (баталиони алоҳидаи механиконидашудаи мудофияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) номи полковник Р.Ш. Раҷабов дода шавад.
2. Қисми ҳарбии 45989 минбаъд чунин номида шавад: "Баталиони алоҳидаи механиконидашудаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикстон ба номи полковник Р. Ш. Раҷабов".
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикстон А.Самадов
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикстон А.Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 6 сентябри соли 1994 № 451
ш. Душанбе
...