Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкили экспидицияи байналхалқии геологию геофизики "Помир"
Бо мақсади шинос намудани ҷамиятҳои илмӣ ва илмию тиҷоратии байналхалқӣ бо бойгариҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағгузории хориҷӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои наву аз ҷиҳати экологӣ тозаи бепартов, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили экспедицияи байналхалқии геологию геофизикии "Помир" ба маблағгузории он аз ҳисоби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва спонсорҳо ва барномаи экспедицияи мазкур барои солҳои 1994 - 1995 қабул карда шавад.
2. Ҳайати пешниҳодгардидаи кумитаи ташкилии фаъолияти экпедицияи байналхалқии геологию геофизикии "Помир" тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Автономии Бадахшони Кӯхӣ, кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод, кумитаи иҷроияи ш. Душанбе барои фаъолияти бомуваффақияти экспедицияи мазкур ҳамаҷониба кӯмак намоянд.
4. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1994 аз натиҷаи корҳои анҷомҳудаи давраи аввали фаъолияти экспедиция ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш диҳад.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 2 сентябри соли 1994 № 444
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об организации международной геолого-геофизической экспедиции "Памир"
В целях ознакомления международной научной и научно-коммерческой общественности с горнорудным потенциалом Республики Таджикистан, привлечения иностранных инвестиций, внедрения новых безотходных экологически чистых технологий,Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Одобрить предложение Академии наук Республики Таджикистан об организации международной геолого-геофизической экспедиции "Памир" с финансированием ее за счет собственных средств Академии и спонсоров, а такие программу этой экспедиции на 1994-1995 годы.
2. Утвердить прилагаемый состав организационного комитета по организации и осуществлению международной геолого-геофизической экспедиции "Памир".
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, Министерству безопасности Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и Министерству обороны Республики Таджикистан , исполкому Совета народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, Ленинабадскому облисполкому, Душанбинскому горисполкому оказать всемерное содействие в успешном обеспечении деятельности указанной экспедиции.
4. Академии наук Республики Таджикистан в декабре 1994 года представить Совету Министров Республики Таджикистан информацию о результатах первого этапа экспедиции.
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 2 сентября 1994 года № 444
г. Душанбе