Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1994, № 355 "Дар бораи иҷозат додани содироти 1000 тонна нахи пахта ба маркази тиҷоратии "Хатлон"-и ноҳияи Қумсангир"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи иҷозат додани содироти 1000 тонна нахи пахта ба маркази тиҷоратии "Хатлон"-и ноҳияи Қумсангир

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:

1. Ҷиҳати ҳисоббаробаркуни барои сӯзишворию равғанҳои молидании пеш аз мӯҳлат ба ноҳияи Қумснгир фиристода шуд ва воридоти минбаъдаи онҳо, ӯҳдадориҳои шартномавӣ дар назди концерни "Агрокон" (ш.Москва) ба маркази тиҷоратии "Хатлон"-и ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон содироти 1000 тонна нахи пахтаи ҳосили солҳои гузашта, ки ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳия тааллуқ дошта, ба баланси умумиҷумҳурии соли 1994 дохил нашудааст, аз рӯи лицензияи №00151 аз 4 марти соли 1994 аз ҷониби Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда ба адреси концерн иҷозат дода шавад.

Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиистон мӯҳлати лицензияи мазкурро то 1 сентябри соли 1994 дароз кунад.

2. Кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридоти мутақобилаи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ба ноҳияи Қумсангир назорат кунад.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Р. Мирзоев

аз 18 июли соли 1994 № 355

ш.Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О разрешении отгрузки 1000 тонн хлопка-волокна коммерческому центру "Хатлон" Кумсангирского района

Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Для расчета за опережающее и последующие поставки в Кумасангирский район горюче-смазочных материалов и выполнение договорных обязательств перед концерном "Агрокон" /г.Москва/ разрешить коммерческому центру "Хатлон" Кумсангирского района Хатлонской области отгрузить по лицензии, выданной Министерством внешних экономических связей Республики Таджикистан от 4 марта 1994 года № 00151 в адрес концерна 1000 тонн хлопка-волокна, принадлежащего хлопкосеющим хозяйствам района из урожая прошлых лет и не вошедшего в общереспубликанский баланс 1994 года.

Министерству внешних экономических связей Республики Таджикистан продлить срок указанной лицензии до 1 сентября 1994 года.

2. Таможенному комитету при Совете Министров Республики Таджикистан установить контроль за обратным ввозом в Кумсангирский район горюче-смазочных материалов.

Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от "18" июля 1994 года № 355

 г. Душанбе