Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи истифода ва тадбирҳои пардохти кредитҳо ба маблағи 34 миллион доллари ШМА, ки ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" барои хариди озуқаворӣ гирифтааст
Бо мақсади иҷрои Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои бо маҳсулоти ниёзи аввал ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии ҷумҳурӣ" Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор меунанд:
1. Пешниҳоди Ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" дар хусуси барои харидани ғаллаи хӯрокӣ, қанд ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ ҷалб карадани инвестицияҳои фирмаи "Ричко Роттердам Б. В." ,и Голландия ва фирмаи "Каргилл Интернешнл СА" ,и Швейцария ба маблағи 17 миллион долларии ШМА аз ҳар кадом маъқул дониста шавад.
2. Барои дар муҳлатҳои мӯқарраршуда пардохтани кредитҳои мазкур Вазорати иқтисоду ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тақсими захираҳои нахи пахта ҳосили соли 1994 ба ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" ҷуда кардани 27,0 ҳазор тонна нахи пахтаро пешбинӣ намояд.
3. Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" барои дар солҳои 1994-1994 содир намудани нахи пахта мувофиқи тартиби муқарраргардида лицензияи генералӣ диҳад.
4. Саридораи саноати пахтатозакунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён" иҷозатнома диҳад ва таҳвили мунтаззами нахи пахтаро таъмин намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи инвестицияҳои мазкур ва пардохти сари вақти онҳо, шӯъбаи комплекси агросаноатии Мудиряти Корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба таҳвили сари вақти нахи пахта назорат кунанд.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 19 августи соли 1994 № 415
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об использовании и мерах по погашению кредитов в сумме 34 миллионов долларов США, привлеченных Государственным акционерным обществом "Сомониен" для закупки продовольствия
Во исполнение Постановления Верховного Совета Республики Таджикистан "О мерах по насыщению внутреннего потребительского рынка продуктами первой необходимости", Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Одобрить предложение Государственного акционерного общества "Сомониен" о привлечении инвестиций голландской фирмы "Ричко Роттердам Б. В." и швейцарской фирмы "Каргил Интернешнл СА" по 17 миллионов долларов США от каждой для приобретения продовольственного зерна, сахара и других продуктов питания.
2. Для погашения указанных кредитов в установленные сроки Министерству экономики и прогнозирования Республики Таджикистан при распределении ресурсов хлопкового волокна урожая 1994 года предусмотреть выделение 27,0 тысяч тонн хлопкового волокна Государственному акционерному обществу "Сомониен".
3. Министерству внешних экономических связей Республики Таджикистан выдавать в установленном порядке Государственному акционерному обществу "Сомониен" генеральную лицензию на вывоз хлопкового волокна в 1994-1995гг.
4. Главхлопкопрому Республики Таджикистан выдать наряды и обеспечить ритмичную отгрузку хлопкового волокна по заявкам Государственного акционерного общества "Сомониен".
5. Министерству финансов Республики Таджикистан установить контроль за использованием указанных инвестиций и их своевременным погашением, а отделу агропромышленного комплекса Управления делами Совета Министров Республики Таджикистан за своевременной отгрузкой хлопкового волокна.
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 19 августа 1994 года № 415
г.Душанбе