Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994, № 412 "Дар бораи тасдиқ намудани Созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баимзорасида"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баимзорасида

Шӯрои Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1 Созишномаҳои зерине, ки сарони Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 апрели соли 1994 дар Москав ба имзо расонидаанд, тасдиқ карда шаванд "Дар бораи ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила дар корҳои гумрук", "Дар бораи ҳамкории умури гумрукӣ дар масъалаҳои боздоштан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангии баровардашаванда ва дохилшаванда" "Дар бораи эътирофи мутақобилаи имтиёзу кафолатҳо барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дагир, оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида", "Дар борои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашони муҳоҷир", "Дар бораи мусоидат барои таъсис ва инкишофи иттиҳодияҳои байнанмиллалии истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, кредитию молиявӣ, суғурта ва омехта" "Дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатнома барои реэкспорт"

2 Вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳо Созишномаҳои мазкурро дастури амал қарор дода, онҳоро бечуну чаро иҷро намоянд.

3 Созишномаҳои зерине, ки сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил 15 апрели соли 1994 дар Москав ба имзо расонидаанд, маъқул дониста, ба муҳокимаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд: "Дар бораи ҳамкори дар соҳаи тайёрии мобилизационии иқтисодиёт", "Дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод" ва "Дар бораи бо ҳуқуқи узви иттиҳод ба Иттиҳоди Иқтисоди пайвастани Украина", инчунин лоиҳаи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ратификацияи Созишномаҳо "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёрии мобилизационии иқтисодиёт", "Дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод" ва "Дар бораи бо ҳуқуқи узви иттҳод ба Иттиҳоди иқтисоди пайвастани Украина".

4 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба депозитарияи ин созишномаҳо дар хусуси расмиёти дохилидавлатиро иҷро кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад.

Муовини аввали

Раиси Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Р. Ғафуров

Мудири

корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Р. Мирзоев

аз 19 августи соли 1994 № 412

ш. Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении соглашений, заключенных в рамках Содружества Независимых Государств

Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить следующие соглашения подписанные главами правительств стран-членов Содружества Независимых Государств 15 апреля 1994 года в Москве "О сотрудничестве и взаимопомощи в таможенных делах", "О сотрудничестве таможенных служб по вопросам задержания и возврата вывозимых и ввозимых культурных ценностей", "О взаимном признании льгот и гарантий для участников и инвалидов Великой Отечественной войны, участников боевых действий на территории других, государств, семей погибших военнослужащих", "О сотрудничестве в области трудовой миграции и социальной защиты трудящихся-мигрантов", "О содействии в создании и развитии производственных, коммерческих и кредитно-финансовых, страховых и смешанных транснациональных объединений" , "О реэкспорте товаров и порядке выдачи разрешения на реэкспорт".

2. Министерствам, ведомствам, организациям, предприятиям принять указанные Соглашения к неуклонному руководству и исполнению.

3. Одобрить следующие соглашения подписанные Главами государств стран-членов Содружества Независимых Государств 15 апреля 1994 года в Москве: "О сотрудничестве в области мобилизационной подготовки экономики", "О создании зоны свободной торговли" и "О присоединении Украины в Экономическому Союзу на правах ассоциированного члена" и проект постановления Верховного Совета Республики Таджикистан "О ратификации Соглашений "О сотрудничеств" в области мобилизационной подготовки экономики", "О создании зоны свободной торговли" и "О присоединении Украины к Экономическому Союзу на правах ассоциированного члена" и внести их на рассмотрение Верховного Совета Республики Таджикистан.

4. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить депозитария этих соглашений о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур.

Первый зам. Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Гафуров

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от 19 августа 1994 года № 412

 г. Душанбе