Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи аз нав нархгузории ашъёи камбаҳо ва зуд фарсудашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо сабаби ҷорӣ гардидани нарху тарифҳои озод ва бо мақсади фароҳам овардани замимаи ибтидоии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаи нарх барои нархгузории амвол дар ташкилоту корхонаҳо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадор карда шаванд, ки ашъёи камбаҳо ва зуд фарсундашавандаро (АКЗ) аз рӯи маълумоти ҳисоби бухгалтерӣ азнавнархгузорӣ кунанд.
АКЗ, ки то 31 декабри соли 1992 харида шудааст, бояд азнавнархгузорӣ шавад.
АКЗ -и азнавнархгузоришаванда бояд ба гурӯҳҳои нарм ва сахт ҷудо карда шавад.
2. Барои гурӯҳи нарм коэффициенти 40 ва барои гурӯҳи сахт 50 муқаррар карда шавад.
3. Фарсудашавии АКЗ ба 50 фоизи нархи нави аз ҳисоби маблағҳои ба афзоиши фонди ибтидоӣ равонашавандаи нархгузорӣ расонда шавад.
4. Маблағи аз нархгузории АКЗ ҳосилшуда ба тариқи зайл тақсим карда шавад шавад:
20 фоизи маблағи баъди ба 50 фоизи фарсудашави расонидани АКЗ боқимонда ба буҷети Шӯроҳои маҳаллӣ;
80 фоиз ба афзоиши фонди ибтидоии (дар қисмати маблағҳои гардони) ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ. Мирзоев
аз 18 августи соли 1994 № 406
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О переоценке малоценных и быстро-изнашивающихся предметов в Республике Таджикистан
В связи с либерализацией цен и тарифов и в целях создания экономически обоснованной исходной стоимостной базы для оценки имущества на предприятиях и организациях Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Обязать министерства, ведомства Республики Таджикистан, предприятия и организации, независимо от форм собственности, провести по состоянию на I апреля 1994 года переоценку малоценных и быстроизнашивающихся предметов (МБП) по данным бухгалтерского учёта.
Переоценке подлежат МБП, приобретенные до 31 декабря 1992 года
Подлежащие переоценку МБП должны быть разделены на мягкую и твердую группы.
2. Установить коэффициент дооценки для МБП мягкой группы - 40, твердой- 50.
3. Износ по МБП довести до 50 процентов исходя из новой их стоимости за счет средств, направляемых на увеличение уставного фонда от дооценки.
4. Средства от дооценки МБП направить:
20 процентов бюджетам местных Советов от оставшейся суммы после доведения износа МБП до 50 процентов;
80 процентов на увеличение уставного фонда (в части оборотных средств) предприятий, организаций и учреждений.
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 18 августа 1994 года № 405
г. Душанбе