Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, № 399 "Дар бораи хусисигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи хусисигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои гузаштан ба иқтисодиёти бозории бисъёр қулай дар деҳот, барҳам задании монополизм ва бӯҳрон дар истеҳсолоти кишоварзӣ, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. кумитаи давлатӣ оид ба идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи "Тоҷикпишепром", Концерни "Мадад" АҶИ "Тоҷиксельхозхимия", ИИҶ "Моҳипарвар", ИИХҶ "Тоҷиклес", ИҶ "Тоҷикбоғбуньёд" якҷоя бо кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқи дахлдор;

ғайридавлатӣ ва хусусигардонии корхонаҳои кишоварзӣ, корхонаҳои саноати коркардабарорӣ, хизматрасонии агросервиси деҳот, боркашонӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзиро бо дарназардошти манфиати мол истеҳсолкунандагони деҳот суръат бахшанд. Дар айни ҳол соҳа ва мустаҳкамии равандҳои истеҳсолотро нигоҳ доштан ва иштироки ихтиёрии афзалиятноки колективи меҳнатиро дар саҳомикунонӣ, харид ё ройгон ба даст овардани амвол зарур аст;

дар мӯҳлати ду моҳ лоиҳаи Барномаи хусусигардонии корхонаҳои комплекси агросаноатиро барои солҳои 1994-1995 таҳия ва ба тасдиқи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд ва дар соли 1995 анҷом додани кори ба шаклҳои дигари моликият табдил додани корхонаҳои давлатии пайваста зараровари кишоварзиро ба назар гиранд;

пешбинӣ намоянд, ки корхонаҳои кишоварзии қарздор, аз ҷумла колхозҳо, бояд бо риояи тартиби муайяннамудаи қонун оид ба муфлисшавии корхонаҳо барҳам дода ё баҳри солимгардонии онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

2. Кумитаи давлатӣ оид ба идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо якҷоя бо бонкҳо /кредидҳо/, мувофиқи тартиби муқарраршуда дар бораи муфлисшавии корхонаҳои кишоварзии қарздор, новобаста шакли моликияташон, бо мақсади ба дигар шаклҳои моликият табдил додани онҳо, парванда кушоянд.

3. Муқарар карда шавад, ки объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, ки дар мувозинаи /баланси/ корхонаҳои давлатии кишоварзӣ мебошанд, чун қойда, хусусӣ гардонида намешаванд, балки ба моликияти Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ дода мешаванд. Нигоҳдории онҳо аз ҳисоби молик ва колективҳои корхонаҳо дар асоси шартнома таъмин карда мешавад.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кумитаи давлатӣ оид ба идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои колхозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ тартиби барҳам додани колхозҳо ва дигар корхонаҳои ғайридавлатии кишоварзии зарароварро, ки механизми дар байни аъзоёни ин хафагиҳо тақсим кардани саҳми амволиро дарбар гирад, муайян намояд.

5. Кумитаи давлатӣ оид ба идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ дастурамали нархи арзиши амволи корхонаҳои кишоварзиро бо дарназардошти хусусиятҳои соҳавии хоҷагии қишлоқ таҳия ва тасдиқ кунанд.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Р. Мирзоев

аз 17 августи соли 1994 № 399

ш. Душанбе