Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 14 июли соли 1994, № 346 "Дар бораи ташаббуси ҷамъияти саҳомии "Фурушгоҳи "Парвина" дар бобати хариди ғаллаи озуқа ва сӯсишворию равғанҳои молиданӣ бар ивази нахи пахта ба баланси умумиҷумҳурии соли 1994 дохил нашудаи ҳосили соли 1993"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикстон

ҚАРОР

Дар бораи ташаббуси Ҷамъияти саҳомии "Фурушгоҳи "Парвина" дар бобати хариди ғаллаи озуқа ва сӯсишворию равғанҳои молиданӣ бар ивази нахи пахта ба баланси умумиҷумҳурии соли 1994 дохилнашудаи ҳосили соли 1993

Бо мақсади таъмини хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо ғаллаи озуқа ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ дар даврҳои корҳои саҳроӣ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ташаббуси ҷамъяти саҳомии "Фурӯшгоҳи "Парвина" дар хусуси хариди 10 ҳазор тоннаи ғаллаи озуқа (бо таносуби 1 тонна нахи пахта 12,5 тонна ғалла) ва 80 ҳазор тонна сузишвории дизелӣ (бо таносуби 1 тонна нахи пахта 8 тонна сӯзишвории дизелӣ) аз фирмаҳои "Виенна Ауссенхандел ГМБХ" (Австрия) ва "Инха" (ҶХДХ), ки воридоти онҳо моҳҳои июл/августи соли 1994 аз қаламрави Ҷумҳурии Туркменистон пешбинӣ гардидааст, маъқул дониста шавад.

2. Ба Ҷаъмияти саҳомии "фурушгоҳи "Парвина" иҷозат дода шавад, ки аз сохторҳои таҷоратии ҷумҳурӣ 10 ҳазор тонна нахи пахтаи ба баланс умумиҷумҳурӣ дохил нашударо харад.

3. Пешниҳоди Ҷаъмияти саҳомии "Фурӯшгоҳи "Парвина" дар хусуси харидани нахи пахта аз руи нархҳои шартномавӣ ҳам ба ҳисоби рубл ва ҳам асъори хориҷӣ бо гузаронидани ин маблағҳо бо хоҳиши фурӯшандагон ба суратҳисобҳои онҳо дар Федератсияи Россия қабул карда шавад.

4. Кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи душанбегии роҳи оҳан дар сурати пешкаш гардидани ҳуҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи хариди нахи пахта аз сохторҳои тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи содироти онро таъмин намоянд.

Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикстон ба шарти пеш аз мӯҳлат расонидани ғаллаи озуқа ва сузишворию равғанҳои молиданӣ ба ҷамъияти саҳомии "Фурӯшгоҳи "Парвина" барои содироти 10 ҳазор тонна нахи пахта литсензия диҳад.

5. Назорат ва воридоти пеш аз мӯҳлати ғаллаи озуқа ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимоти онҳо мутобиқан ба зиммаи кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати давлатии "Тоҷикнефтепродукт" гузошта шавад.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Р. Мирзоев

 аз 14 июли соли 1994 №346

ш. Душанбе