Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Рӯйхати биною иншоот, таҷҳизот ва дигар воситаҳои (фондҳои) асосии корхонаҳои давлатӣ, ки ба иҷора додани онҳо новобаста аз мӯҳлат дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлати амалӣ мегардад
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)
Мутобиқи моддаи 312 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи идораи самарабахши моликияти давлатӣ, таъмини ҳамохангсозии мутамарказ ва афзун намудани воридоти даромадҳо аз иҷораи амволи давлатӣ ба буҷети давлатӣ, тақвияти назорат ва баҳисобгирии истифодаи амволи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати биною иншоот, таҷҳизот ва дигар воситаҳои (фондҳои) асосии корхонаҳои давлатӣ, ки ба иҷора додани онҳо новобаста аз мӯҳлат дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати истифодаи мақсаднок ва нигоҳдошти амволи ба корхонаҳои давлатӣ вобасташуда, инчунин ба шахсони дигар ба иҷора додашударо тақвият бахшад, ҳодисаҳои гайриқонунӣ ба иҷора додани амволи давлатиро пешгирӣ намуда, ҳангоми зарурат дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъуле, ки дар вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгоранд, тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2006 № 364
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2006 № 364
Рӯйхати биною иншоот, таҷҳизот ва дигар воситаҳои (фондҳои) асосии корхонаҳои давлатӣ, ки ба иҷора додани онҳо новобаста аз мӯҳлат дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад
Биноҳо:
- биноҳои таъиноти истеҳсолӣ ва гайриистеҳсолӣ.
Иншоот:
- иншооти нафт ва газ;
- иншооти гидротехникӣ;
- иншооти хоҷагии нақлиёт, алоқа ва дигар соҳаҳо;
- иншооти варзишӣ.
Воситаҳои интиқолдиҳанда:
- воситаҳои интиқоли барқӣ ва алоқа;
- хатҳои кубур.
Мошину таҷҳизотҳо:
- мошинҳои қувватдиҳанда ва таҷҳизотҳо;
- мошинҳои корӣ ва таҷҳизотҳо;
- таҷҳизотҳои иктишофи геологӣ;
- мошину таҷҳизотҳои саноати кимиё;
- мошину таҷҳизотҳои истихроҷи нафту газ ва пармакунӣ;
- ҳамаи намуди зарфҳо барои ҷараёни технологӣ.
Воситаҳои нақлиёт:
- нақлиёти ҳаракаткунандаи роҳи оҳан;
- ҳавопаймоҳо.