Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2006 № 360
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои тағйири мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Қоидаҳои тағйири мӯҳлати пардохти боҷҳои гумруки ва андоз (минбаъд - қоидаҳо) шартҳо ва талаботи пешниҳоди дастгирии давлатии пардохткунандагони боҷҳои гумрукӣ ва андозҳоро бо тағйири мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар шаклҳои зерин муайян менамояд:
- батаъхиргузории яквақтаи супоридани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (минбаъд - батаъхиргузорӣ);
- тамдиди мӯҳлат оиди давра ба давра супоридани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз (минбаъд - тамдид).
2. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба пардохткунандагони боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба маблағи қарзи боҷҳои гумрукӣ ва андоз пешниҳод карда мешавад.
Қарор дар бораи додани иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
3. Иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба пардохткунандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар сурати вуҷуд доштани ақаллан яке аз асосҳои зерин дода мешавад:
- дар натиҷаи офати табиӣ, садамаи технологӣ ё дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;
- сари вақт аз буҷет маблағгузорӣ нашудани ин шахс ё саривақт напардохтани маблағи фармоиши давлатӣ, ки аз ҷониби ин шахс иҷро шудааст;
- аз ҷониби ин шахс гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ё таҷрибавию конструкторӣ;
- аз ҷониби ин шахс анҷом додани фаъолияти ҷоринамоӣ ё инноватсионӣ, аз ҷумла офаридани технологияҳои нав ё такмили технологияҳои истифодашаванда, коркарди ашё ё маводи нав;
- молрасониро дар асоси созишномҳои байниҳукуматӣ ба ӯҳда доштани шахс;
- дигар ҳолатҳои истисноии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Батаъхиргузории такрории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо бе пурра пӯшонидани маблағҳои боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои қаблан ба таъхир гузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи зербандҳои якум ва дуюми банди 3 ҳамин Қоидаҳо манъ аст.
5. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат метавонад барои тамоми маблағи пардохтшавандаи боҷи гумрукӣ ва андоз дода шавад.
6. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз иҷозат дода намешавад, ба шарте агар нисбати шахси талабгори батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат:
- парвандаи ҷиноятӣ ё парвандаи маъмурӣ ба сабаби вайрон кардани қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда бошад;
- расмиёти муфлисшавӣ оғоз шуда бошад.
Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои дар зербандҳои якум ва дуюми банди 6 Қоидаҳои мазкур зикршуда, қарори батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз наметавонад қабул карда шавад ва қарори қабулшуда бояд бекор карда шавад ва дар ин бора дар давоми се рӯзи корӣ ба маълумоти аризадиҳанда ба таври хаттӣ расонида мешавад.
7. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз метавонад нисбати як ё якчанд намуди боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин барои тамоми маблағи пардохтшаванда ё қисме аз он иҷозат дода шавад.
8. Батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз то шаш моҳ фароҳам оварда мешавад.
9. Қарор дар бораи додани иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё надодани чунин иҷозат ба маълумоти аризадиҳанда ба таври хаттӣ расонида мешавад. Дар қарор мӯҳлати башъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва дар сурати надодани чунин иҷозат сабаби чунин тасмим зикр мегардад.
10. Барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизи маблағи қарзи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
11. Фоизҳо пеш аз пардохти қарз ё ҳамзамон бо пардохти маблағи қарзи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, вале на дертар аз рӯзи дигари гузаштани мӯҳлати ба таъхир гузошташуда ё мӯҳлати тамдиди боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорида мешаванд.
12. Ҳангоми додани иҷозати батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми воридоти молҳо ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти онҳо бо тартиби муайяннамудаи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
13. Маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки ба таъхир гузошта шудаанд ё тамдиди мӯҳлати супориданашон дода шудааст, то гузаштани давраи таъхир ва тамдиди мӯҳлат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 381 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун бақияпулӣ ҳисобида намешаванд ва нисбати он чораҳои маъмурии рӯёнидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо истифода намегардад.
Правила изменения срока уплаты таможенных пошлин и налогов
1. Правила изменения срока уплаты таможенных пошлин и налогов (далее-Правила) определяют условия и требования по предоставлению плательщикам таможенных пошлин или налогов государственной поддержки в виде изменения установленного законодательством срока уплаты таможенных пошлин и налогов в форме:
- отсрочки с единовременной уплатой суммы таможенных пошлин и налогов (далее отсрочка);
- рассрочка с поэтапной уплатой сумм таможенных пошлин и налогов (далее рассрочка).
2. Отсрочка или рассрочка уплаты таможенных пошлин и налогов предоставляется плательщикам таможенных пошлин и налогов на сумму задолженности по таможенным пошлинам и налогам.
Решение об отсрочке или рассрочка уплаты таможенных пошлин и налогов принимается Правительством Республики Таджикистан по предоставлению Министерства финансов Республики Таджикистан, согласованному с уполномоченным органом по вопросам таможенного дела и Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан.
3. Отсрочка или рассрочка срока уплаты таможенных пошлин и налогов может быть предоставлена при наличии хотя бы одного из следующих оснований:
- причинения этому лицу ущерба в результате стихийного бедствия, технологической катастрофы или иных обстоятельств непреодолимой силы;
- задержки этому лицу финансирования из бюджета или оплаты выполненного этим лицам государственного заказа;
- проведение этим лицом научно-исследовательских или опытно конструкторских работ;
- осуществление этим лицом внедренческой или инновационной деятельности, в том числе создание новых или совершенствование применяемых технологий, создание новых видов сырья или материалов;
- осуществление лицом поставок по межправительственным соглашениям;
- иные исключительные случаи, определяемые Правительством Республики Таджикистан.
4. Повторное предоставление отсрочки по уплате таможенных пошлин и налогов, без полного погашения ранее отсроченных сумм таможенных пошлин и налогов запрещается, за исключением случая, когда имеют место основания, предусмотренные в подпунктах первом и втором пункта 3 настоящего Правила.
5. Отсрочка или рассрочка могут быть предоставлены в отношении всех подлежащих уплате сумм таможенных пошлин и налогов.
6. Отсрочка или рассрочка уплаты таможенных пошлин и налогов не предоставляется, если в отношении лица, претендующего на предоставление указанной отсрочки или рассрочки:
- возбуждено уголовное или административное дело, связанного с нарушениями таможенного законодательства Республики Таджикистан;
- возбуждена процедура банкротства.
При наличии обстоятельств, указанных в подпунктах первом и втором пункта 6 настоящего Правила, решение о предоставлении отсрочки или рассрочки уплаты таможенных пошлин и налогов не может быт вынесено, а вынесенное решение подлежит отмене, о чем лицо, подавшее заявление о получении отсрочки или рассрочки, уведомляется в письменной форме в течение трёх рабочих дней.
7. Отсрочка или рассрочка уплаты таможенных пошлин и налогов может предоставляться по одному или нескольким видам таможенных пошлин и налогов, а также в отношении всей суммы, подлежащей уплате, либо ее части.
8. Отсрочка или рассрочка уплаты таможенных пошлин и налогов предоставляется на срок до шести месяцев.
9. Решение о предоставлении отсрочки или рассрочки уплаты таможенных пошлин и налогов или об отказе в ее предоставлении в письменной форме доводиться до лица, обратившегося с заявлением о ее предоставлении. В решении указывается срок на который предоставляется отсрочка или рассрочка уплаты таможенных пошлин и налогов, а в случае отказа в предоставлении отсрочки или рассрочки уплаты таможенных пошлин и налогов причины такого решения.
10. За предоставление отсрочки или рассрочки уплаты таможенных пошлин и налогов взимаются проценты, начисляемые на сумму задолженности по уплате таможенных пошлин и налогов в соответствии с налоговым законодательством Республики Таджикистан.
11. Проценты уплачиваются до уплаты или одновременно с уплатой суммы задолженности по уплате таможенных пошлин и налогов, но не позднее дня, следующего за днем истечения срока предоставленной отсрочки или рассрочки уплаты таможенных пошлин и налогов.
12. При предоставлении отсрочки или рассрочки уплаты таможенных пошлин и налогов, взимаемых при импорте товаров и транспортных средств на таможенную территорию Республики Таджикистан, их уплата обеспечивается в порядке, определяемым главой 46 Таможенного кодекса Республики Таджикистан.
13. Сумма таможенных пошлин и налогов, по которым предоставлена отсрочка или рассрочка, не рассматривается как недоимка до истечения периода отсрочки или рассрочки и в отношении нее не применяются меры принудительного взимания таможенных пошлин и налогов за исключением начисления процентов, предусмотренных статьей 381 Таможенного кодекса Республики Таджикистан.