Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 190 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №4, мод. 57; с.2001, №4, мод. 152; с.2003, №4, мод. 143; с. 2004; №12, қ-1, мод. 695; соли 2005, №3, мод. 115, №12, мод. 645) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд;

1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "Ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

2.Дар моддаи 1:

- номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:":

- аз қисми якум калимаҳои "гуфта дар ин Қонун" ва "фаҳмида мешавад" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми ёздаҳум калимаи "ин" хориҷ карда, калимаҳои "халъ (мусодира) ва" ба калимаҳои "халъ ва мусодира" иваз карда шаванд;

- ҳамаи қисмҳои модда ҳамчун сархатҳо ифода гардида, номи мафҳумҳо ба ҳарфи хурд навишта шаванд, ҳамчунин сархатҳо бо аломати "-" оғоз гашта, дар охири он аломати нуқтавергул гузошта шавад.

3. Ба Қонун моддаи 1 (1). бо мазмуни зайд илова карда шавад:

"Моддаи 1 (1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи яроқ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи яроқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистом асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

4. Дар ном ва матни моддаи 2 калимаи "хелҳои" ба калимаи "навъҳои" иваз карда шавад.

5.Дар қисми якуми моддаи 3 ва қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, калимаҳои "Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

6. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаи "тандурустии" ба калимаи "саломатии" ва дар қисми дуюми он калимаи "магазини" ба калимаи "тирдони" иваз карда шаванд.

7.Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 6 калимаи "магазинаш" ба калимаи "тирдонаш" ва дар сархати шашум калимаҳои "ва хашмовар" ба калимаҳои "ё гашовар" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 8:

- дар номи модда ва матни он калимаҳои "сертификацияи", "сертификация" ба калимаҳои "сертификатсияи", "сертификатсия" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаи "ҳарбӣ" ба калимаи "ҷангӣ" иваз карда шавад.

9. Моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, таъмир, фурӯши аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, истифодаи партовҳои аслиҳа, намоишгузории аслиҳа, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон ва лавозимоти аслиҳа, коркард ва истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба истеҳсол, таъмир, фурӯши аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, истифодаи партовҳои аслиҳа, намоишгузории аслиҳа, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон ва лавозимоти аслиҳа, коркард ва истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, тартиби бекор намудан ва боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ гардонида мешавад".

10. Дар моддаи 10 сархатҳо бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, дар банди чорум калимаи "маълумоти" ба калимаи "таҳсилоти" иваз карда шавад.

11. Дар қисми якум ва сеюми моддаи 12 калимаи "лицензияи" ба калимаи "рухсатномаи", дар қисми дуюми он бошад, калимаҳои "иҷозатнома", "иҷозатномаро" ба калимаҳои "рухсатнома", "рухсатномаро" ва калимаҳои "се сол" ба калимаҳои "панҷ сол" иваз карда шаванд.

12. Дар қисми якуми моддаи 12(1) калимаи "иҷозатнома (литсензия)" ба калимаи "рухсатнома", калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

33. Дар моддаи 13:

- дар қисмҳои якум, дуюм, чорум ва панҷум калимаҳои "лицензия", "литцензияро", "лицензияи", "лицензияҳо" ба калимаҳои "рухсатнома", "рухсатномаро", "рухсатномаи", "рухсатномаҳо" иваз карда шаванд;

- аз қисми шашум калимаҳои "тайёр кардан" ва "фурӯхтан" хориҷ карда шаванд;

- қисми нӯҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми қайди яроқи харидаи оташфишони милаш суфтаи дарози худмудофиа ва дигар намуди яроқи шикорӣ ба шаҳрванд барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқ дар асоси хуҷчатҳое, ки қонунӣ будани хариди онро тасдиқ мекунанд, ба муддати панҷ сол рухсатнома медиҳанд.".

14. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 14 калимаи "муқарраршуда" ба калимаи "18- солагӣ" ва дар қисми дуюми он калимаи "лицензияҳо" ба калимаи "рухсатномаҳо" иваз карда шаванд.

15. Дар моддаи 15 калимаи "лицензияҳое" ба калимаи "иҷозатномаҳое" ва калимаҳои "ҳамин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иваз карда шаванд.

16. Дар моддаи 17:

- дар қисми якум калимаи "лицензияҳои" ба калимаи "рухсатномаҳои" иваз карда шавад;

- дар қисми сеюм калимаи "гуселонидани", ба калимаи "интиқоли", калимаҳои "манъ карда мешавад" ба калимаҳои "манъ аст" ва калимаҳои "шартномаҳои (созишномаҳои) байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст" иваз карда шаванд.

17. Дар моддаи 18:

- дар қисми якум калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаи "лицензияи" ба калимаи "рухсатномаи" иваз карда шавад.

18. Аз моддаи 19 калимаҳои "бо назардошти талаботи ҳамин Қонун" хориҷ карда шаванд.

19. Дар қисми сеюми моддаи 20 калимаи "лицензия" ба калимаи "рухсатнома" иваз карда шавад.

20. Дар қисми дуюми моддаи 22:

- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Истифодаи яроқи оташфишон нисбати занҳо, шахсони аломати маъюбиашон аён, ноболиғон, ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки мусофир доранд, шахсоне, ки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ гузаштаанд ё қасди гузаштани онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад, ё ба сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, инчунин ҳангоми ҷамъ шудани одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони бегуноҳ зарар бинанд, манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз ҷониби онҳо содир намудани ҳуҷум, нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, содир намудани ҳуҷуми гурӯҳӣ ва ё мусаллаҳонае, ки ба ҳаёти одамон тахдид мекунанд, мушоҳида гардад.";

- дар ҷумлаи сеюм калимахои "аз як шабонарӯз дер намонда2 ба калимаҳои "дар муддати як шабонарӯз" иваз карда шаванд.

21. Аз қисми сеюми моддаи 23 калимаи "фурӯхтан" хориҷ карда шавад.

22. Моддаи 24 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 24. Бекор кардани рухсатномаҳо

Рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқро мақоме, ки ин рухсатномаро додааст, дар сурати аз тарафи шахси воқеӣ вайрон кардан ва ё иҷро иакардани талаботи муқарраргардидаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши яроқ бекор мекунад.

Пеш аз қабули қарор дар бораи бекор кардани рухсатномаҳо бояд соҳиби рухсатнома пешакӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шавад. Дар огоҳнома нишон дода мешавад, ки маҳз кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳо вайрон карда шудаанд ё иҷро карда нашудаанд, ҳамчунин мӯҳлати бартараф кардани вайронкуниҳо муқаррар карда мешавад.

Дар бораи қарори бекор кардани рухсатнома соҳибони онҳо ба суд шикоят карда метавонанд."

23. Дар сархатҳои "а" ва "б"-и қисми якуми моддаи 25 калимаҳои "лицензия", "лицензияи" ба калимаҳои "иҷозатнома", "иҷозатномаи" ва калимаҳои "иҷозат", "рухсат" ба калимаи "рухсатнома" иваз карда калимаҳои "ё харидани" хориҷ карда шаванд.

24. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаи "лицензия" ба калимаи "иҷозатнома" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 28 июли соли 2006 № 190