ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру тловаҳо ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, моддаи 146; соли 1999, №11, моддаи 278; соли 2003, №8, моддаи 453; соли 2005, №12, моддаи 642; соли 2006, №3, моддаи 147) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё махфӣ аз ҷониби мақомоти давлатии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин фаъолият ваколатдоршуда ба воситаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ иҷро гардида, мақсадаш муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ мебошанд;
- чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - маҷмӯи чорабиниҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ошкоро ё махфӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ба ин кор ваколатдоршуда бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ мегардад;
- пурсиши оперативӣ - ҷамъоварии маълумоти воқеие, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур мебошад ва аз суханони шахси пурсидашавандае, ки воқеан ва ё эҳтимолан дорои маълумот аст, гирифта мешавад;
- ҷамъоварии маълумот - гирифтани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки чунин маълумотро дорад ё метавонад дошта бошад, ҳамчунин гирифтани он бо роҳи бевосита шинос шудан бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз ҷумла аз манбаи маълумотҳои оперативӣ, криминалистӣ, дигар манбаи маълумотҳо (ҳисоботҳо), сохтори иттилоотӣ ва дигар сарчашмаҳо;
- ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣдарёфт намудан, гирифтан ва нигоҳ доштани (консерватсияи) сарчашмаҳои моддии иттилоотие, ки дар худ изи ҷиноят ё изи шахси ҷиноят содирнамударо доранд, ҳамчунин ашёҳое, ки ба сифати объекти таҷовузи ҷиноятӣ хизмат кардаанд ва ё метавонанд ҳамчун воситаи муайян намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ва шахсони ба он дахлдошта бо мақсади муқоиса намудани онҳо бо маводҳо ва ашёҳои монандшавандаи шахсони дар омӯзишбуда барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат кунанд;
- ҷустуҷӯи шахсӣ - шакли ба амал баровардани усул ва маҷмӯи ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки бевосита аз тарафи корманди мақомоти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дарёфти маълумоти зарури оперативӣ ва ҳалли вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом дода мешавад;
- харидории озмоишии оперативӣ - аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳти назорати оперативӣ мол ё ашё бе мақсади истеъмол ва ё ба соҳибияти каси дигар додан аз шахсе, ки асоснок ба содир намудани ҷиноят гумонбар шудааст, бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ музднок ба даст оварда мешавад;
- таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳо - омӯзиши ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳое, ки дар худ аломатҳои ҷиноятиро боқӣ гузоштаанд ё метавонанд боқӣ гузоранд, олоти содир кардани ҷиноят ва ё натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ ба ҳисоб рафтаанд ё метавонистанд ба ҳисоб раванд, бо мақсади ошкор намудани изҳо ва олотҳои содир кардани ҷиноят ва натиҷаҳои фаъолияти ҷиноятӣ;
- назорати оперативӣ - бо назар ё тарзи дигар дарк кардан ва ба қайд гирифтани зуҳуротҳо, ҳодисаҳо, кирдорҳо, воқеаҳо ва равандҳо, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муҳиманд;
- ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва дигар объектҳомуқарраркунӣ ва аниқкунии шахс ва дигар объектҳо аз рӯи нишонаҳои инфиродии тағйирнопазири дар ҳолати сукунат ва серҳаракатӣ қарор доштани онҳо, ҳамчунин бо ёрии дигар тарзҳое, ки бо дараҷаи кофии эҳтимолият шахсият ва дигар объектро муайян мекунанд;
- муоинаи оперативии биноҳо, иморатҳо, иншоот, минтақаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт - ворид шудан ва муоинаи объектҳои номбаршуда бо мақсади дарёфти изҳои ҷиноят, олотҳои содиркунии ҷиноят, дигар ашёҳо, моддаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки эхтимол ба содир шудани ҷиноят муносибат дошта бошанд, ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- назорати оперативии муросилоти почта, телеграф, иттилооти дигар ва сензураи мукотибаи маҳбусон - азназаргузаронии мукотиботи хаттӣ ва дигар мукотиботе, ки дар махзанҳои моддӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо мақсади пайдо намудани маълумот дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи шахси таҳти омӯзиш қарордошта, ошкор намудани алоқаҳои ӯ ва гирифтани дигар маълумоте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат мекунанд;
- гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо - тибқи қонунгузорӣ тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан ва сабт кардани иттилооти акустикӣ, ки ба воситаи хатти алоқаи телефонӣ ё иттилооти яктарафа интиқолшаванда, бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи шахси омӯхташаванда, ошкор намудани алоқаҳои ӯ ва дастрас намудани дигар иттилооте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат менамояд;
- гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа - тибқи қонунгузорӣ тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан, тасҳеҳ ва сабти намудҳои гуногуни сигналҳо, ки бо ҳар гуна каналҳои техникии алоқа барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пахш мегарданд;
- ҷойгиркунонии оперативӣ - ба гурӯҳи ҷиноятӣ ворид шудани корманди мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозад ва ё шахсе, ки барои ҳалли масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ махфӣ бо ӯ ҳамкорӣ менамояд;
- таҳвили назоратшаванда - аз ҷониби мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалй месозад, назорат намудани ҷойивазкунии мол, восита, мавод ё ашё, пеш аз ҳама мол, восита, мавод ва ашёе, ки муомилоти озодашон манъ карда шуданд ё гардиши граждании онҳо махдуд гардонида шудааст, ҳамчунин ашёҳое, ки бо роҳҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд ё дар худ изи ҷиноятро нигоҳ доштаанд ё олот ё воситаи содир намудани ҷиноят ба ҳисоб рафтаанд, бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- озмоиши (экспертиментӣ) оперативӣ - ташкил намудани муҳити сунъии ҳарчи бештар ба воқеият наздик бо мақсади водор намудани бавуқӯъоии воқеаи муайян ё айнан такрор кардани воқеа ё гузаронидани озмоиши муайян дар шароитҳои пурра идорашаванда ва таҳти назорати мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозад, бо ҷалб намудани шахсе, ки нисбати фаъолияти ғайриқонуниаш маълумот мавҷуд аст, бе хабардор намудани ӯ дар эксперименти оперативӣ бо мақсади тасдиқ кардани аз ҷониби ин шахс содир гардидани кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҳамчунин пешгирӣ, ошкорнамоӣ, огоҳкунӣ ва кушодани ҷиноят ба муқобили моликият, тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин ё ҷиноятҳое, ки метавонанд ба амнияти миллӣ зарар оваранд;
- таъсиси шахси ҳуқуқӣ - бунёди корхона ва ё ташкилоте, ки (ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ширкатҳои хусусӣ, намояндагӣ, филиалҳо ва ғайра) асосан бо мақсади мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва ҳалли дигар вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шудааст.".
2. Дар моддаи 5:
- дарноми модда калимаи "Риояи" ба калимаҳои "Кафолати риояи" иваз карда шавад;
- қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Маводи дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-чустуҷӯӣ бадастомада нисбати шахсоне, ки гуноҳи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи конун дар содир кардани чиноят исбот нашудааст, шаш моҳ маҳфуз дошта шуда, сипас нобуд карда мешаванд, агар манфиатҳои хизматӣ ё адолати судй нобуд кардани онҳоро талаб накунанд. Фонограммаҳо ва дигар маводи дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо бадастомадаи шахсоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст, дар тӯли шаш моҳ аз лаҳзаи қатъ гардидани гӯш кардан нобуд карда мешаванд ва дар ин хусус протоколи дахлдор тартиб дода мешавад. Ба прокурор ва ё судяи дахлдор се моҳ пеш аз нобуд кардани маводе, ки натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-чустуҷӯиро инъикос менамояду дар асоси қарори прокурор ё судя гузаронида шудаанд, хабарнома фиристода мешавад.".
3. Дар моддаи 6:
- қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чорабиниҳои зерини оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд:
1) пурсиши оперативӣ;
2) ҷамъоварии маълумот;
3) ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ;
4) ҷустуҷӯи шахсӣ;
5) харидории озмоишии оперативӣ;
6) таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳо;
7) назорати оперативӣ;
8) ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва дигар объектҳо;
9) муоинаи оперативии биноҳо, иморатҳо, иншоот, минтақаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт;
10) назорати оперативии муросилоти почта, телеграф, иттилооти дигар ва сензураи мукотибаи маҳбусон;
11) гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо;
12) гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа;
13) ҷойгиркунонии оперативӣ;
14) таҳвили назоратшаванда;
15) озмоиши (экспертименти) оперативӣ;
16) таъсиси шахси ҳуқуқӣ.";
- дар қисми чорум калимаҳои "Чорабиниҳои оперативй-ҷустуҷӯй вобаста ба назорати муросилоти почта, ахбороти телеграфӣ ва ахбороти дигар, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ" ба калимаҳои "Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба назорати оперативии муросилоти почта, телеграф, иттилооти дигар, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо" иваз карда шаванд.
- дар қисми ҳаштум калимаи "шударо" ба калимаи "шудаанд" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 8:
- дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "иҷозати прокурор ва" калимаҳои "ё қарори суд дар сурати" илова карда шаванд;
-қисмҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо танҳо нисбати он шахсоне раво дида мешавад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор шудаанд, ҳамчунин, нисбати шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои мазкур метавонанд маълумот дошта бошанд. Фонограммаҳое, ки дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва ё дигар гуфтушунидҳо ба даст оварда шудаанд, дар намуди мӯҳрнокшуда, дар шароите, ки имконияти аз ҷониби шахсони бегона гӯш кардан ва нусхабардории онҳоро истисно мекунад, нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳангоми оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳои ӯ мутобиқи қонуни мазкур гӯш карда мешаванд, фонограмма ва навиштаҷоти сабти гуфтугӯҳо ба муфаттиш барои ҳамроҳ кардан ба парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳои шайъӣ дода ё ирсол карда мешаванд. Тартиби минбаъдаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.";
- дар қисми панҷум калимаҳои "Харидории тафтишӣ" ба калимаҳои "Харидории озмоишии оперативӣ" иваз карда шаванд;
- қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум мутаносибан қисмҳои ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум ва даҳум ҳисобида шаванд.
5. Дар моддаи 9:
- дар қисми якум баъд аз калимаҳои "сурат мегирад" калимаҳои "Маводҳои номбурдаро прокурор шахсан ва бетаъхир дида мебарояд." илова карда шаванд;
- қисми ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шахсони мутасаддии мақомоти прокуратура, суд барои ҳифзи маълумотҳои дар ҳуҷҷатҳои оперативии хизматии пешниҳодкардашуда шароит фароҳам меоваранд ва барои гум кардан ва ифшо намудани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
6. Ба моддаи 11 қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ҳангоми дар парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳо истифода намудани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-чустуҷӯӣ оид ба ҳаққонӣ будани онҳо ва ҳолатҳои ба даст овардани ин маълумотҳо шахсони мансабдори мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд, метавонанд пурсиш карда шаванд. Дар ин маврид шахсони мансабдор, ки дар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҷойгир карда шудаанд ва кормандони махфии дар штатбуда, фақат бо розигии хаттии онҳо пурсиш карда мешаванд.
Мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозанд, мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ройгон пешкаш менамоянд.
Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар ҳудуди як давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сар шуда, дар ҳудуди давлати дигар давом ёфтааст ё ба итмом расидааст, қобили қабул ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд. Натиҷаҳои ин фаъолият бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.".
7. Дар қисми чоруми моддаи 12 баъд аз калимаи "судя" калимаи "прокурор" илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 июли соли 2006 № 191