ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод.348; соли 2005, №3, мод.120) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "баҳри амалигардонии ин намуди фаъолият ва таъмини" ба калимаҳои "барои таъмини" иваз карда шаванд.
2. Дар номи моддаи 5 калимаҳои "дар мавриди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 6:
- ба қисми 1 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд.";
- дар матни модда калимаҳои "дорад", "диҳад", "дарорад", "боздорад", "созад", "кунад" ва "барорад" дар шакли ҷамъ ифода гардида, мутобиқан ба калимаҳои "доранд", "диҳанд", "дароранд", "боздоранд", "созанд", "кунанд" ва "бароранд" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 7:
- қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"3. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.";
-қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"4. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.".
5. Моддаи 8 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 8. Мӯҳлати амали иҷозатнома
1. Мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 3 сол мебошад.
2. Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анҷом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.
3. Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад.".
6. Дар моддаи 9:
- дар қисми 1:
- дар зербанди "б" сархати якум калимаҳои "ва маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд" ба калимаҳои "шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он" иваз карда шаванд;
- сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум якҷоя карда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро дорад ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад;";
- дар қисми 2 калимаҳои "ки мавҷуд будани онҳо барои ба амалбарории намуди мушаххаси фаъолият зарур аст" ба калимаҳои "ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 баъд аз калимаҳои "Қонуни мазкур" калимаҳои "ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" илова карда шаванд;
- ба модда қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад.".
7. Дар моддаи 10:
- қисми 1 хориҷ карда шавад;
- сархати дуюми қисми 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"- агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ номувофиқ бошанд;";
- ба қисми 9 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфӣ дода шуда бошад.";
-қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 мувофиқан қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ҳисоб карда шаванд.
8. Аз қисми 1 моддаи 12 калимаҳои "ё гум шудани хуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд" хориҷ карда шаванд. Калимаҳои "макони", "(вориси ӯ)" ва "ки тағйирот ё гум шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд" мутобиқан ба калимаҳои "маҳалли", "(вориси ҳуқуқии ӯ)" ва "ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд" иваз карда шаванд.
9. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 13 калимаҳои "иҷозатномадорро огоҳонад" ба калимаҳои "иҷозатномадорро огоҳ намояд" иваз карда шаванд:
10. Дар моддаи 14:
- қисми 1 хориҷ карда шавад;
- ба қисми 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.";
- дар ҷумлаи дуюми қисми 3 калимаҳои "шаш моҳ" ба калимаҳои "се моҳ" иваз карда шаванд;
- қисми 5 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои "се рӯз" ба калимаҳои "понздаҳ рӯз" иваз карда шаванд;
- дар қисми 7 калимаҳои "қисми 3" ба калимаҳои "қисми 22 иваз карда шаванд;
- қисмҳои 2, 3, 4, 6, 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 ҳисоб карда шаванд.
11. Ба Қонун моддаи 14 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 14 (1) . Қатъ гардидани амали иҷозатнома
Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиридӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад.
12. Дар моддаи 15:
- қисми 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"1. Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро мебарад.";
- дар қисми 4 баъд аз калимаҳои "ташкил медиҳад" калимаҳои "ва ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад" илова карда шаванд;
- қисми 5 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
13. Дар моддаи 16:
- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"2. Барои баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор ҳадди ақали музди меҳнат ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида намешаваид.
3. Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад.".
- дар қисми 4 калимаҳои "Маблағи пардохти" ва "ворид мешавад" мутобиқан ба калимаҳои "Маблағҳои пардохтҳои" ва "гузаронида мешаванд" иваз карда шаванд;
- қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз довталаб маблағи ба ҳаққи иҷозатномадиҳӣ баробар ситонида мешавад.
Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иҷозатнома маблағи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ мутаносибан ба мӯҳлати амали иҷозатнома кам карда мешавад.".
14. Моддаҳои 17 ва 18 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаьолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:
- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электронӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электронӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои рақамии электронӣ;
- фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ;
- фаъолият оид ба ҳифзи техникии маълумоти махфӣ;
- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машғулбуда амалӣ гардонида мешаванд;
- фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;
- фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он;
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд;
- фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ;
- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;
- фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо;
- фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;
- фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ;
- фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
- фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ;
- фаъолияти фарматсевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва фурӯши ғизои иловагии табобатию профилактикӣ);
- фаъолияти хусусии тиббӣ;
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
- фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;
- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;
- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);
- фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;
- фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиётн автомобилӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;
- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ;
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;
- фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;
- фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
- фаъолияти туристӣ;
- фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;
- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолияти аудиторӣ;
- фаъолияти ломбардҳо;
- фаъолият дар соҳаи биржа;
- фаъолияти суғуртавӣ;
- фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;
- фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку;
- фаъолияти хусусии байторӣ;
- фаъолияти адвокатҳои ваколатдор;
- фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ);
- фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо);
- фаъолияти кормандони масъули патентӣ;
- фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ;
- фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;
- фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ;
- фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.
Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:
- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;
- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ;
- фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;
- фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
- фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;
- фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом.
2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва амалиёт бо асъори хориҷӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.
3. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур тағйир додан мумкин аст.".
15. Ба Қонун моддаҳои 18 (1) ва 18 (2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 18 (1). Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
1. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷозатномадиҳӣ ё намудҳои дигари фаъолияти иҷозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.
2. Иҷозатномахои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд.
Моддаи 18 (2). Додани иҷозатнома дар асоси озмун
Иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ метавонанд дар асоси озмун дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
28 июли соли 2006 № 195