Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 1995, № 675 "Дар бораи баъзе чораҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Аз 1.09.2009 муқаррароти қарор бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.07.2009 № 409 боздошта шавад.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи баъзе чораҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф

Бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳукумати ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) пардохтҳои зерини пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"-ро таъмин кунанд:

ёрдампулии табобатӣ ба андозаи як маош ҳангоми рухсатии навбатии меҳнатии кормандони педагогӣ, кормандони илмӣ, дигар кормандони муассисаҳои таълиму тарбия, муассисаҳои такмили ихтисос ва тайёр кардани кадрҳо, кормандони нашрияҳои педагогии дар ҷадвали штатии кормандон буда;

ҷубронпулии ҳармоҳа барои харидани нашрияҳои даврӣ ва маҳсулоти нашрии китоб ба андозаи 10 фоизи маоши хизматӣ ба кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ ва кормандони нашрияҳои педагогӣ;

б) ба кормандони соҳаи педагогии гирифтори касалии давомдор бо хоҳиши онҳо, баъди ҳар як 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба муддати то як рухсатии пулакӣ диҳанд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: барои талофӣ кардани қарзе, ки баъди 10 маи соли 1995 мутобиқи пардохтҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба вуҷуд омадааст, манбаи маблағҳоро дарьёфт намуда, барои мақсади мазкур маблағи зарурӣ ҷудо кунад;

пешбинӣ карда шавад, ки қарзи дар давраи аз 15 январи соли 1994 то 10 маи соли 1995 аз рӯи музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробарӣ кардашуда ба вуҷуд омада, мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талофӣ карда мешавад;

аз соли 1996 сар карда, дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин қарор маблағ чудо кунад.

3. Рӯйхати кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ ва кормандони нашрияҳои педагогӣ, ки ба онҳо ҷиҳати харидани маҳсулоти чопӣ ва нашрияҳои даврии барои такмил додан ва баланд бардоштани ихтисосашон зарурии дар сархати дуюми қисми 5 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" (замимаи №1) пешбинигардида ба андозаи 10 фоизи маоши хизматӣ (музди меҳнат) ҷубронпулии ҳармоҳа муқаррар мегардад, тасдиқ карда шавад.

4. Муқаррар карда шавад, ки дар давраи рухсатии давомдори пулакӣ собиқаи муттасили кори педагогии корманд нигоҳ дошта мешавад.

Муддати мушаххаси чунин рухсатиро роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо тавсияи муассисаи табобатӣ муайян мекунад.

5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Шӯрои Федерацияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Низомномаи шартҳо ва тартиби ба кормандони педагогии гирифтори касалии давомнок додани рухсатии дарозмуддати то яксоларо таҳия намоянд ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 10 ноябри соли 1995 № 675

ш. Душанбе