ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани истифодаи мутахассисони ҷавон баъди хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Бо дарназардошти норасоии зиёди мутахассисон дар соҳаҳои ҷудогонаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва бо мақсади истифодаи оқилонаи хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва миёнан махсус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври истисно, то соли 2000 нисбат ба мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлат шӯъбаи рӯзонаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳуриро хатм кардаанд (ба ғайр аз системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) тартиби нави бокортаъминкунӣ ва ба онҳо додани диплом ҷорӣ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки мутахассисони ҷавони аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат шӯъбаи рӯзонаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро хатм намуда вазифадоранд, ки тибқи таъиноти комиссия аз рӯи тақсимоти шахсӣ ва роҳхати вазорату идораҳо на камтар аз се сол кор кунанд (ба ғайр аз он мутахассисоне, ки барои онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мӯҳлат муқаррар мегардад).
Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки мутахассисони ҷавонро бидуни роҳхати дахлдор ба кор қабул кардаанд, вазифадоранд, ки тамоми хароҷоти вобаста ба тайёр кардани онҳоро (бо дарназардошти индексацияи нарх) ба давлат баргардонанд.
3. Зарур дониста шавад, ки вазорату идораҳои дар ихтиёрашон муассисаҳои таълимӣ дошта, ба мутахассисони ҷавон танҳо баъди кор мувофиқи мӯҳлати муқарраршуда ё баргардонидани хароҷоти мазкур, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунҳои ҷорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, диплом диҳанд.
4. Муқаррар карда шавад, ки имтиёзҳои барои мутахассисони ҷавон пешбининамудаи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ба шахсоне, ки шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимиро аз ҳисоби буҷети давлат хатм карда, аз рӯи роҳхат кор намекунанд, паҳн намегарданд.
5 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаҳои санадҳои меъёриро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 июни соли 1995 № 406 ш.
Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани истифодаи мутахассисони ҷавон баъди хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус
Бо дарназардошти норасоии зиёди мутахассисон дар соҳаҳои ҷудогонаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва бо мақсади истифодаи оқилонаи хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва миёнан махсус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври истисно, то соли 2000 нисбат ба мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлат шӯъбаи рӯзонаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳуриро хатм кардаанд (ба ғайр аз системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) тартиби нави бокортаъминкунӣ ва ба онҳо додани диплом ҷорӣ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки мутахассисони ҷавони аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат шӯъбаи рӯзонаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро хатм намуда вазифадоранд, ки тибқи таъиноти комиссия аз рӯи тақсимоти шахсӣ ва роҳхати вазорату идораҳо на камтар аз се сол кор кунанд (ба ғайр аз он мутахассисоне, ки барои онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мӯҳлат муқаррар мегардад).
Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки мутахассисони ҷавонро бидуни роҳхати дахлдор ба кор қабул кардаанд, вазифадоранд, ки тамоми хароҷоти вобаста ба тайёр кардани онҳоро (бо дарназардошти индексацияи нарх) ба давлат баргардонанд.
3. Зарур дониста шавад, ки вазорату идораҳои дар ихтиёрашон муассисаҳои таълимӣ дошта, ба мутахассисони ҷавон танҳо баъди кор мувофиқи мӯҳлати муқарраршуда ё баргардонидани хароҷоти мазкур, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунҳои ҷорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, диплом диҳанд.
4. Муқаррар карда шавад, ки имтиёзҳои барои мутахассисони ҷавон пешбининамудаи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ба шахсоне, ки шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимиро аз ҳисоби буҷети давлат хатм карда, аз рӯи роҳхат кор намекунанд, паҳн намегарданд.
5 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаҳои санадҳои меъёриро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.