Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҷудо намудани захираҳои содиротӣ ба Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани гандуми озуқа
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барои харидани 50 ҳазор тонна гандуми озуқа ба Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи IV соли 1995 ҷиҳати содироти 3,5 Ҳазор тонна нахи пахта ва 2,0 ҳазор тонна алюминии ибтидоӣ квотаҳо муқаррар карда шавад.
Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тақсимоти захираҳои нахи пахта ва алюминии ибтидоӣ дар семоҳаи IV соли 1995 қарори мазкурро ба инобат гирад.
2. Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти ҳаҷми зикргардидаи гандуми озуқаро дар семоҳаи IV соли 1995 ва Ҷумҳурии Қазоқистон мутобиқи қарордоди бо фирмаи "Бока-плант" имзогардида таъмин кунад.
3. Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заводи алюминии Тоҷикистон интиқоли 3,5 ҳазор тонна нахи пахта ва 2,0 ҳазор тонна алюминии ибтидоиро ба суроға ва дар мӯҳлатҳои нишондодаи Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии ҳориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти навъҳои зикргардидаи маҳсулот мувофиқи тартиби муқарраргардида лицензия диҳад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи нахи пахта ва алюминии ибтидоии ба Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудокардашударо бо рубл талофӣ намояд.
5. Назорати иҷроияи қарори мазкур ба зиммаи Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 22 сентябри соли 1995 № 577
ш. Душанбе