Бо қарори Ҳукумати
ҶумҳурииТоҷикистон
аз 17 октябри соли 1993 № 633
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТ
1. Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардонии моликият (минбаъд "Комиссия" бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 1995 № 294 "Дар бораи тадбирҳои суръатафзоии хусусигардонии моликияти давлатӣ" бо мақсади ҳамоҳангсозии корӣ суръат бахшидани ҷараёни ғайридавлатикунонии моликият дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст.
2. Ба зиммаи Комиссия иҷрои вазифаҳои зерин гузошта мешавад:
андешидани тадбирҳои ташкилию амалӣ дар бобати татбиқи Барномаи таъмиқи минбаъда ва вусъат додани раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
таҳияи пешниҳодот дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Барномаи таъмиқи минбаъда ва вусъат додани раванди хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият;
баррасии ҷадвалҳои ба шаклҳои дигари моликият табдил додани объектҳои дорои аҳамияти стратегӣ;
муайян намудани принципҳои дастгирии давлатии корхонаҳои хусусигардонидашуда ва таҳияи пешниҳодоти дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
баррасии масъалаҳои марбут ба чекҳои хусусигардонӣ;
муайян намудани зарурати фурӯши саҳмҳо (акцияҳо) ва амволи давлатӣ ба инвесторони хориҷӣ;
роҳбарӣ ба фаъолияти Фонди давлатии хусусигардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Комиссия бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:
лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигари нормативиро, ки бо масъалаҳои ғайридавлатикунонию хусусигардонии моликият ва фаъолияти объектҳои хусусигардонидашуда алоқаманданд, баррасӣ менамояд;
ҳисоботи вазорату идораҳо ва мақомоти дигари идораро оиди масъалаҳои иҷрои Барномаи таъмиқи минбаъда ва вусъат додани раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида, қарорҳои дахлдор қабул менамояд;
ба кори Фонди давлатии хусусигардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, сохтор ва маблағҳоеро, ки барои фаъолияти он заруранд, муайян мекунад;
дар хусуси таъин ва аз вазифа озод намудани Мудири Фонди давлатии хусусигардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
масъалаҳои таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони мудирро баррасӣ намуда, аъзоёни раёсати Фонди давлатии хусусигардонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
барои таҳияи масъалаҳои дар ҷаласаҳои Комиссия муҳокимашаванда бо розигии вазорату идораҳо аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисос гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад.
4. Иҷрои қарорҳое, ки Комиссия оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияташ буда қабул мекунад, барои ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (ҳукуматҳо), ширкатҳо, концерну ассоциацияҳо, корпорацияҳо ва дигар иттиҳодияю корхона ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
5. Маҷлисҳои Комиссия ба қадри зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар семоҳа гузаронида мешаванд.
6. Ба Комиссия Раис ва дар сурати набудани ӯ муовини Раиси Комиссия роҳбарӣ мекунад.
7. Аъзоёни Комиссия дар маҷлисҳои он бе ҳуқуқи иваз гардидан иштирок мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо бо сабабҳои узрнок ҳузур надошта бошанд.
8. Қарорҳои Комиссия бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд, дар ҳолати баробар будани овозҳо бошад, овози Раиси Комиссия ҳалкунанда аст.
9. Қарорҳои Комиссия дар шакли протокол қабул карда мешаванд.