Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 октябр соли 1995 № 630
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ХУСУСИГАРДОНИИ ОБЪЕКТҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ ДАР СОЛҲОИ 1995-1996
Барнома ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи ҷараёни ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар комплекси агросаноатӣ, ташаккули иқтисодиёти бисьёрсоҳа, дар асоси ин тараққи додани фаъолияти бозаргонӣ ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади аз бӯҳронӣ, иҷтимоию иқтисодӣ баровардани иқтисоди ҷумҳурӣ равона гардидааст.
Барнома мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 № 399 "Дар бораи хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ" таҳия шудааст.
Барнома асосҳои усули амалӣ намудан, миқьёс ва мӯҳлатҳои ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият, муносибати ягона ба муайян намудани арзиши моликияти давлатӣ ва интихоби шаклҳои хусусигардонӣ, муқаррар намудани имтиёзот ва маҳдудиятҳо, инчунин афзалиятҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ҳангоми ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатиро муайян менамояд.
I. Хусусиятҳои асосии хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ
Мақсади асосии ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар комплекси агросаноатӣ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, нигоҳ доштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, азнавсозии деҳот ва солим гардонидани вазъи экологӣ мебошад.
Хусусияти ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз он бармеояд, ки дар ин соҳа воситаи асосии истеҳсолот, асоси моддии он замин аст. Замин, ки сарвати умумихалқист, чун моликияти давлатӣ мемонад. Мувофиқи шартномаҳо он ба воҳидҳои иҷоравии соҳаи кишоварзӣ, кооперативҳо, ассоциацияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мусисаҳои коллективӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, дигар сохторҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон, барои барпо намудани истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла барои тараққиёти хоҷагиҳои хусусии ёрирасон, ширкатҳои бору токпарварӣ ба истифодаи бамӯҳлат ё бемӯҳлат бо ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти ҳосилнамуда ва фурӯши он мувофиқи шартномаҳо ҷудо карда мешавад.
Хусусигардонии комплекси агросаноатӣ ба баҳисобгирии ҳамаҷонибаи манфиатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ равона карда шуда, асоси муайян намудани сиёсати истеҳсол, нархгузорӣ ва фурӯши маҳсулот, аз ҷумла корхонаҳои коркарди саноатӣ мегардад. Мувофиқати манфиатҳои воҳидҳои комплекси агросаноатӣ аз ҳисоби фурӯши мутақобили саҳмҳо ё маблағгузории мутақобили корхонаҳои кишоварзӣ ва коркард барои таъмин мешавад.
Барнома дар колхозҳо барқарор намудани моҳияти азалии (ибтидоӣ) кооперацияро пешбинӣ менамояд. Коллективи меҳнатии колхоз бояд чун соҳиби воситаҳои истеҳсолот (ба ғайр аз замин) ва маҳсулоти ҳосилшуда баромад намоянд. Ҳар як аъзои коллектив соҳиби ҳақиқии воситаҳои истеҳсолот мегардад, яъне саҳми ӯ дар амволи коллективӣ муайян гардида, бо ин саҳм дар тақсимоти фоида иштирок менамояд.
Дар совхозҳо воситаҳои истеҳсолот чун моликияти давлатӣ вобаста ба шароити мушаххас бо тариқи аз тараф аъзоёни коллективи меҳнатӣ, харида гирифтан (яку якбора ё давра ба давра), ба иҷора додан, ташкил намудани ҷамъияти саҳомӣ ва ё ба шаклҳои дигар тағьир додани он ғайридавлатӣ гардонида мешавад.
Ҳангоми ғайридавлатӣ гардонидани моликияти корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳолатҳои зарурӣ корхонаҳои калон ба қисмҳо тақсим шуда, ба ҷои онҳо метавонанд якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ташкил ёбанд, ки сохти истеҳсолии умумӣ дошта, аз рӯи шартнома амал намоянд.
Дар корхонаҳои комплекси агросаноатии бо ин роҳ аз нав таъсисдодашаванда барои тараққиёт ва баланд бардоштани самаранокии чи истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ва чи корхонаҳои коркарди саноатӣ шароит муҳайё карда мешавад.
Барои инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки дар заминҳои бекорхобида ташкил ёфта, аз ёрии истеҳсолию иҷтимоии колхозу совхозҳо истифода бурда, тараққи ёфтани соҳа саҳм мегузоранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар комплекси агросаноатӣ баробари сохторҳои ғайридавлатӣ инчунин хоҷагиҳои давлатии миёна ва калон низ фаъолият мекунанд. Корхонаҳое, ки ба хизмати хоҷагиҳои об алоқаманданд, дар таркиби иқтисодиёти давлатӣ мемонанд. Якҷояшавии шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ байни истеҳсолкунандагон муҳити рақобатро ба вуҷуд меорад ва барои тараққии пешрафти илмӣ-техникӣ ва баланд шудани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ саҳм мегузорад.
II. Шаклҳо ва давраҳои хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ
Танзими ҷараёни ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ ба воситаи интихоби шаклҳои он, ки иштироки васеи шахсони воқеӣ ва юридикиро таъмин менамояд, ба амал бароварда мешавад. Дар интихоби шаклҳои ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ самаранокии иқтисодӣ, хоҳиши коллективи меҳнатӣ, тобеияти соҳавии корхона, ҳолати истеҳсолӣ, техникӣ ва иқтисодии он, масоҳат, макони ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳо ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми интихоби шаклҳои ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии объекти мушаххас даромаднокӣ, ҳаҷми истеҳсолот (кор, хизматрасонӣ), талабот, қобилияти рақобатнокии маҳсулот, ҳолат ва арзиши (қимати) сармояи асосӣ, макони ҷойгиршавӣ, тараққии корхона ба назар гирифта мешавад.
Коллективи меҳнатӣ дар ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар навбати аввал ҳуқуқ дорад. Дар ин ҳолат ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ ба тариқи иҷора, иҷораи минбаъда барои харида гирифтани якбора ва давра ба давра, харидан чун моликияти коллективӣ ва хусусӣ саҳомӣ гардонидани моликияти муассисаҳои комплекси агросаноатии давлатӣ ба амал бароварда мешавад.
Хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ давра ба давра мегузарад.
Дар марҳилаи аввал ғайридавлатӣ ва хусусигардонии ҳамон соҳаҳое гузаронида мешавад, ки мавҷудияти сохти ғайридавлатии онҳо ба мақсад мувофиқтар аст. Ба онҳо дар навбати аввал корхонаҳое, ки хизматрасонии комплекси агросаноатиро анҷом медиҳанд: савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, корхонаҳои таъминоти моддӣ-техникӣ, муассисаҳои хурди маҳсулотбарорӣ, корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки зарароваранд дохил мешаванд. Бинобарин ташаккули муҳити рақобатро ба назар гирифта, нисфи корхонаҳои соҳаҳои номбурда ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва шаклҳои дигари хоҷагидорӣ, ки ба аъзоёни коллективҳои меҳнатӣ тааллуқ доранд, ба кооперативҳо, ширкатҳо корхонаҳои оилавӣ ва хусусӣ табдил меёбанд. Дар навбати аввал корхонаҳои камфоида ва зараровари давлатии кишоварзӣ хусусӣ гардонида мешаванд. Корхонаҳои қарздори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла колхозҳо мувофиқи қоидаю қонунҳои муфлисшавӣ барҳам дода мешавад ва ё барои беҳбудии онҳо тадбирҳо андешида мешавад. Дар ҳамин марҳила хусусигардонии мунтазами корхонаҳои кишоварзӣ бо назардошти хусусиятҳои гуногуни хоҷагӣ ва минтақаҳо гузаронида мешавад.
Минбаъд ғайридавлатӣ ва хусусигардонии корхонаҳо ва хоҷагиҳои миёна ва калон гузаронида мешавад. Барои ташкил кардани ҷамъиятҳои саҳомӣ ва рафоқат ва махсусан корхонаҳои коллективию саҳомӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, аз ҷумла барои харидани коғазҳои қимматноки имтиёзнок ба коллективҳои меҳнатӣ шароитҳо фароҳам оварда мешавад.
Дар баробари ин ҷараёни ғайридавлатӣ ва хусусигардонии дар марҳилаҳои гуногун пешбинишуда, мумкин аст, вобаста ба шарту ҳолатҳои муайян, баробар гузаронида шавад.
III. Маҳдудиятҳо дар хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" объектҳои зерини комплекси агросаноатӣ хусусӣ гардонида намешаванд: замин, захираҳои он, об, идораҳои назорати ҳолати муҳити атроф ва ҳифзи табиат, иншоотҳои объёрӣ ва муҳофизаткунанда, обанборҳо, корхонаҳое, ки барои ин сохторҳо лозиманд, корхонаҳои кишт, парвариш ва коркарди зироат, саноати микробиологӣ, хоҷагиҳои зотпарварӣ ва тухмипарварӣ, хоҷагиҳои таҷрибавии илми кишоварзӣ, марказ ва нуқтаҳои байторӣ.
Дар солҳои 1995-1996 иншоотҳои калони кишоварзӣ, комплексҳои чорводорӣ, заводҳои истеҳсоли мошин ва таҷҳизоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди ибтидоии пахта ва абрешими хом, корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти спирт ва машрубот, заводҳои зотпарварии давлатӣ, марказҳои тухмипарварӣ, тухмисанҷӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи гербицидҳо, нуриҳои минералӣ, доруҳои заҳрдори химиявӣ барои мубориза бо зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд.
Қарор дар бораи хусусигардонии корханаҳои коркарди саноатӣ, хизматрасонии савдо, хӯроки умумӣ, сохтмонҳои нотамом, моликияти корхонаҳои барҳамдодашуда, ки соҳиб надоранд, аз тарафи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хулосаи вазорату идораҳо қабул карда мешавад.
IV. Манбаъҳои молиявии хусусигардонии объектҳои комллекси агросаноатӣ
Маблағҳои аз ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ бадастомада моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Маблағҳои хусусигардонии объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоби махсуси Бонки миллӣ ва пас ба буҷети ҷумҳурӣ ворид мегарданд. Маблағҳои хусусигардонии объектҳои моликияти коммуналӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида шуда, танҳо барои ҳифзи ҳуқуқи молик ва манфиати давлат истифода бурданашон мумкин аст:
- барои пӯшонидани қарзҳои корхонаи хусусигардонидашаванда, ки агар ҳангоми нархгузорӣ арзиши он аз андозаи қарзи корхона кам набошад;
- барои қарзи имтиёзнок ба ташкилоту корхонаҳои хусусигардонидашаванда;
- барои чорабиниҳои ҳифзи табиат;
- барои маблағгузорӣ ба ноҳия ва минтақаҳои аз ҷиҳати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ қафомонда;
- барои тараққиёти инженерии инфраструктураи шаҳру ноҳияҳои деҳот;
- барои маблағгузории бозсозии сохтори хоҷагии халқӣ;
Барои харидани корхона, моликият ва саҳми он манбаъҳои молиявие, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян намудааст, истифода бурда мешаванд.
V. Хусусиятҳои арзьёбии моликияти комплекси агросаноатӣ
Ба моликияти корхонаҳои комплекси агросаноатӣ, ки хусусӣ гардонида мешаванд, мувофиқи Дастуруламали Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нархгузории моликияти корхонаҳои кишоварзӣ, ки 17 октябри соли 1994 № 34 тасдиқ гардидааст, нарх гузошта мешавад.