ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ХУСУСИГАРДОНИИ ОБЪЕКТҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ ДАР СОЛҲОИ 1995-1996
Бо мақсади таъмиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ба роҳ мондани раванди ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани самараи истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисодиёти бисьёрсоҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ дар солҳои 1995-1996 маъқул дониста шавад.
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) иҷрои барномаи мазкурро таъмин кунанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 16 октябри соли 1995 № 630
ш. Душанбе